Дар таҳхонаи лагер ё урдугоҳи кӯдакона дар Украина ҷасадҳое ошкор шудааст, ки дастонашон дар пушт баста ва аз сарашон тир хурдаанд
Моҳи дуввум аст, ки ҷанг дар Украина идома дорад ва телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар бораи ин муноқиша хабар медиҳанду наворҳои ваҳшатноку ташвишоварро намоиш медиҳанд.
Матбуоти Русия ба сафари мақомоти баландпояи Қазоқистон ба Аврупо ва мавзеъгирии онҳо нисбат ба ҷанг дар Украина бо ҳассосият бархӯрд кард.
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 4-уми апрел дар шаҳраки Буча гуфт, ки Русия ба "қатли ом" даст задааст ва бояд барои ин аъмол ҷавоб диҳад.
Созмони Салиби Сурх имрӯз дигарбора саъй мекунад, шаҳрвандони дармонда дар шаҳри бандарӣ ва вайроншудаи Мариуполи Украинаро аз онҷо берун орад.
Русия мушакборону ҳамла аз тӯпхонаро дар шаҳри Чернигов дар шимоли Украина идома дод, агарчӣ пеш аз ин гуфта буд, ки ҳамлаву амалиётҳои низомиро кам мекунад. Неруҳои Украина гуфтанд, ки ба ваъдаҳои Русия бовар намекунанд ва барои ҷангҳои сахттар дар шарқи кишвар омода мешаванд.
Дар Идлиб вилояти дурафтодаи Сурия ва яке аз минтақаҳое, ки бо гузашти 11 сол аз оғози даргириҳо, ҳанӯз аз гирдоби ҷанг берун нашудааст, бо мушоҳидаи рӯйдодҳои Украина, сокинон мегӯянд, Маскав аз ҳамон шеваҳое истифода мекунад, ки дар Сурия мекард.
Дар остонаи гуфтугуи намояндагони Украина ва Русия дар Туркия дар ҳамин ҳафта, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дигарбора ба ҳифзи тамомияти арзии кишвараш таъкид кард.
Ҳабиб Давлатов, варзишгари тоҷик, ки баъди ду ҳафтаи ҳамлаи Русия ба Украина аз шаҳри Харков фирор кард, аз даҳшатҳои дидааш ба Радиои Озодӣ нақл кард. Давлатов мегӯяд, шоҳиди он шуд, ки неруҳои Русия ба боғчаву мактаб ва беморхонаҳо ҳамла карданд. Ҳабиб Давлатов 3 соли ахир дар Харков мезистааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, ки бе гуфтугӯи рӯбарӯ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба ҷанг хотима додан имконнопазир аст. Муроҷиатҳои батакрори ӯ дар бораи мулоқотро Путин рад кардааст.
Ёфтҳои бештар