Суханони Путин, ки гуфтааст, агар даркор шавад, Киевро дар зарфи ду ҳафта мегирам, ба вокунишҳои тунде дар Ғарб рӯбарӯ шуда, Кремлро маҷбур кард, то ин сӯҳбатҳоро шарҳ диҳад.
Таҳримоти ҷоришуда алайҳи Русия қимати маҳсулоти ғизоиро дар ин кишвар хеле боло бурдааст. Гаронии нархҳо ба вазъи молии муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ таъсир гузоштааст.
Рафтори Русия дар Украина бисёер аз пойтахтҳои дигари пасошӯравиро нигарон кардааст. Назари чанд коршиноси тоҷик ба мавзӯъро инҷо тамошо кунед.
Владимир Путин ба зарурати оғози музокирот пиромуни мақоми сиёсии ҷанубушарқи Украина даъват кардааст. Сухангӯи ӯ ба дунбол гуфт, манзури президенти Русия таъйиди истиқлоли вилоятҳои ҷудоиталаби Украина набуд.
Сарвазири Украина, Арсений Ятсенюк гуфт, ҳукуматаш аз порлумони кишвар дархост хоҳад кард, ки мақоми “ҳамроҳнашуда”-и Украинро бекор ва роҳи онро барои узвият дар НАТО ҳамвор кунад.
Александр Захарченко, сарвари ҷудоихоҳони Донетск мегӯяд, дархости раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба боз кардани "долони башарӣ" барои сарбозони муҳосирашудаи украинӣ иҷро хоҳад кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Бабитский аз шаҳри Донетск ин наворро фиристод (Ҳушдор: Манзараҳои нохуш дорад)
Президенти Русия Владимир Путин аз ҷудоихоҳони шарқи Украина хост, ба муносибати «комёбиҳои ҷиддӣ»-и ҳарбияшон ба сарбозони асирафтодаи Киев раҳм кунанд.
Раисиҷумҳурони Русияву Украина Владимир Путин ва Петро Порошенко дар Минск пушти дарҳои баста қариб ду соат сӯҳбати рӯбарӯ доштаанд.
Коршиносон мегӯянд, панҷ сабабе мавҷуд аст, ки шояд ду рӯзи оянда вазъро дар Украина комилан тағйир диҳанд.
Вазорати умури хориҷии Олмон аз мувофиқати мақомҳои Украина ва Русия барои баргузории нишасти муштарак миёни вазирони умури хориҷии ду кишвар ва ҳамтоёни фаронсавӣ ва олмонии онҳо хабар дод.
Корвоне иборат аз 280 мошини боркаш, ки гуфта мешавад, кӯмакҳои башарии Русияро ба Украина мерасонад. Он 12 август аз вилояти Маскав ба ҳаракат омада, акнун ба марзи Украина расидааст. Мақомоти Русия мегӯянд, бори ин мошинҳо аз ғизо ва дорувор таркиб ёфтааст.
Ёфтҳои бештар