Корвоне иборат аз 280 мошини боркаш, ки гуфта мешавад, кӯмакҳои башарии Русияро ба Украина мерасонад. Он 12 август аз вилояти Маскав ба ҳаракат омада, акнун ба марзи Украина расидааст. Мақомоти Русия мегӯянд, бори ин мошинҳо аз ғизо ва дорувор таркиб ёфтааст.