Дар Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз як ҳафта таътил эълон шудааст. Ин рӯзҳо дар гӯшаҳои кишвар маърака ва маҳфилҳои наврӯзӣ ҷараён дорад. Рӯзи 21-уми март дар шаҳри Душанбе Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд, дар аксҳо бинед.
Аз таҷовузи Русия ба хоки Украина як сол гузашт. Баъзе аз шаҳру минтақаҳои Украина аз тарафи Русия ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Маскав ишғол шуда, дертар дубора ба дасти Киев гузаштанд. Даргирӣ дар чанд гӯшаи дигар идома дорад. Дар аксҳо бинед, ки аз сари Украина ва мардуми он чӣ гузаштааст.
Дар заминларзаи рӯзи 6-уми феврали имсол дар Туркия ва Сурия зиёда аз 24 ҳазор кас ҷон бохтанд. Эҳтимол теъдоди қурбониён бештар шавад. Дар аксҳои зер зилзилаҳои пурқурбонии дунё дар 25 соли ахир тасвир шудаанд.
Заминларзаи сахте, ки рӯзи 6-уми феврали имсол Туркия ва Сурияро такон дод, ҷони ҳазорҳо нафарро рабуд. Ҳазорҳо каси дигар дар зери харобаҳо мондаанд. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон дар ду кишвар идома дорад. Аксҳо баёнгари ҳоланд.
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба рамзи дигари ҳукмронии Толибон дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.
Барфи зиёду ҳавои сард ташвиши Гулрухсор Боева ва ҳамкоронашро дар пойтахти Тоҷикистон бештар кардааст. Онҳо роҳу ҷӯйбор ва дарахтонро аз барф тоза мекунанд.
Рӯзҳои 10 ва 11-уми январ дар аксар гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, ғайриинтизор ва бархилофи зимистонҳои гузашта ҳаво сард шуд ва барфи зиёд борид. Баъзе аз сокинон онро хуш пазируфтанд. Гуруҳе аз зуд тоза нашудани роҳҳо шикоят доштанд. Як рӯзи Душанбеи барфиро дар инҷо бинед.
Дар як моҳи ахир шикоятҳо аз гирифтор шудан ба бемории зуком ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас дар Тоҷикистон якбора зиёд шудааст. Бархе сокинон мегӯянд, дар қиёс ба солҳои гузашта, бемории зукомро вазнин гузаронданд. Чаро ин ҳолат пеш омад ва чигуна худро бояд ҳифз кард?
Соли 2022 ба поён расид. Радиои Озодӣ аксҳоро аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти мардум дар гӯшаҳои ҷаҳон гирд овард. Бинед, кӣ ва чӣ гуна солро ба поён расонд.
Ёфтҳои бештар