Пас аз он ки раисҷумҳури Украина гуфт, ҳамлаи густурдаи Русия дар ҷануб ва шарқи ин кишвар оғоз мешавад, хабарнигорон рӯзҳои 19 ва 20-уми апрел ин саҳнаҳоро диданд.
Аксҳои нав даргирӣ ва вайрониҳоро дар минтақаҳои аҳолинишин дар атрофи Донбас нишон медиҳанд. Ҷое, ки эҳтимоли ҳамлаи бузурги Русия ба шарқи Украина дар ҳоли рух додан аст.
Чернигов яке аз қадимтарин шаҳрҳои Украина аст, ки тахминан якуним моҳи гузашта мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳонаи артиши Русия қарор дошт. Хабарнигори Бахши украинии Радиои Озодӣ Сергей Нужненко вазъи имрӯзаи шаҳри Черниговро бо аксҳо намоиш медиҳад.
Дар Кӯлоб маросими издивоҷи расмии 35 ҷуфтро дар базмгоҳи наврӯзӣ баргузор карданд.
Дар бисёре аз кишварҳо, аз Осиёи Марказӣ гирифта то Қафқозу Ховари Миёна ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон, рӯзи 21-уми март Наврӯз – соли нави форсиро таҷлил карданд. Чӣ гуна? Дар аксҳои зер бинед.
Наврӯз, яке аз ҷашнҳои қадимиро рӯзи 21-уми март дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо гунаҳои мухталиф таҷлил карданд.
Тасвирҳои нави моҳвораии Maxar аз 14-уми март бозгӯйи харобиҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳастанд. Бисёре аз биноҳои истиқоматии баландошёна зарари ҷиддӣ дида ё вайрон шудаанд.
Субҳи 11 март ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 186 шаҳрванди Тоҷикистон расиданд, ки аз Украинаи оғушта дар ҷанг берун шуда ба Полша паноҳ бурда бурданд.
Рӯзи 11-уми март 110-солагии драматурги шинохтаи тоҷик, Ғанӣ Абдулло, ҷашн гирифта мешавад. Ӯ барои ба саҳна гузоштани даҳҳо намоишномаи театриву фимлномаҳо, ба мисли “Шӯриши Восеъ”, “Мо аз боми ҷаҳон”, “Тӯфон”, "Ҳуррият" ва дигарон заҳмат кашидааст.
Тасвирҳои моҳвораии Maxar Technologies нишон медиҳанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, наздик мешаванд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин иқдоми Русияро талоше барои муҳосира ва назорати калонтарин шаҳри он кишвар медонанд.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина чаҳор рӯз гузашт. Мардуми зиёде аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Иддае дигар дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд. Гуруҳе дар канори низомиён ё меҷанганд ё ба захмиён мадад мерасонанд.
Ёфтҳои бештар