Тасвирҳои моҳвораии Maxar Technologies нишон медиҳанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, наздик мешаванд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин иқдоми Русияро талоше барои муҳосира ва назорати калонтарин шаҳри он кишвар медонанд.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина чаҳор рӯз гузашт. Мардуми зиёде аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Иддае дигар дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд. Гуруҳе дар канори низомиён ё меҷанганд ё ба захмиён мадад мерасонанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро дод. Русия фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро дар минтақаҳои гуногуни Украина ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла, Киев, Харков, Одесса, Мариупол ва шаҳрҳои дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Дар вилояти Панҷшери Афғонистон афсарони собиқи пулис ва сарбозон, ки пас аз омадани Толибон корашонро аз даст доданд, дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қалби кӯҳро мешикофанд ва зумуррад ҷустуҷӯ мекунанд, то фурӯшанду зиндагӣ кунанд.
Ҷасади Дамирбек Олимов, овозхони ҷавон, аммо машҳури тоҷикро дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) дафн карданд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ, ки пас аз зуҳри 5-уми феврал баргузор шуд, даҳҳо нафар аз ҳаводорон ва ҳамкорону дӯстонаш иштирок доштанд.
Субҳи 29-уми январ дар як гузаргоҳи сарҳадии вилояти Ботканти Қирғизистон рӯзи дуюми мулоқот ва баррасии ҳодисаҳои ду рӯз пеш дар хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ шуд.
Дар натиҷаи ҷанг байни марзбонони тоҷику қирғиз дар деҳаи марзии Хоҷаи Аълои Исфара дасти кам 10 хона осеб дидааст.
Сокинони норозӣ дар Қазоқистон 5 январ ба шаҳрдории Алмаато, ҳукумати Оқтеппа ва қароргоҳи раиси ҷумҳурӣ ҳамла карданд. Маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода намуданд. Дар бораи захмиён ва қурбонён гузориш мерасад, вале шумораи онҳо маълум нест.
Беҳтарин аксҳои соли 2021-и Радиои Озодӣ
Фотохроника: от драматурга и заключенного до главы государства
Ёфтҳои бештар