Шахсоне, ки ваъдаи мубориза бо "Толибон"-ро додаанд, худро барои набард дар минтақаи охирини берун аз назорати гурӯҳи исломгароён дар Афғонистон омода мекунанд.
Аҳмад Масъуд ҳазорон нерӯи артишро дар дараи Панҷшер, дар шимол-ғарби Кобул, ҷамъ кардааст ва гуфта мешавад, ки ҳамакнун 9 ҳазор нерӯи муқовимат бо "Толибон" ба раҳбарии вай дар Панҷшер ҳузур доранд.
Дар деҳаи Донйе Любинйеи Косово аксар сокинони босниягӣ расме доранд, ки арӯсро пурнақшу нигор мекунанд.
Мақомоти тоҷик ба унвони як кишвари ҳамсояи Афғонистон ва як кишвари транзитӣ ба низомиёни Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, ҷануби Тоҷикистон иҷозаи мустақар шудан доданд.
Баъди ба Кобул ворид шудани гурӯҳи "Толибон", ҳазорҳо нафар дар Афғонистон талош доранд, ки ба хориҷ бираванд. Иддае дар фикри зиндагии хуб дар берун ҳастанд, гурӯҳе дигар аз тарзи ҳукмронии "Толибон" дар ҳаросанд.
Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуд ва пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст овард. Ин ҷунбиш аз соли 1996 то 2001 қудратро ба даст дошт, вале дар пайи амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико вожгун шуд.
Дар ҳоле ки Толибон назорат бар аксар қаламравҳои шимолии Афғонистон, ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст овардаанд, Русия 10-уми август машқҳои муштараки низомиро бо Тоҷикистону Узбекистон ба анҷом расонд.
Бар асоси гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толибон дар як ҳафтаи охир маркази шаш вилоятро дар Афғонистон зери назорати худ даровардаанд. Айни замон даргириҳои сахт байни онҳо ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои дигар идома дорад.
Пандемияи коронавирус ба кори Фурудгоҳи байналмилалии Истанбул, ки макони муҳими транзитӣ ба шумор меравад, таъсири худро расондааст.
Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, 1,5 миллион воя (доза) ваксинаи Модерна дарёфт кард. Ваксинаҳои мазкурро Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон дод ва мақомот субҳи 26-уми июл ваксинаҳоро қабул карданд.
Ёфтҳои бештар