Дар ҳоле ки Толибон назорат бар аксар қаламравҳои шимолии Афғонистон, ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст овардаанд, Русия 10-уми август машқҳои муштараки низомиро бо Тоҷикистону Узбекистон ба анҷом расонд.
Бар асоси гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толибон дар як ҳафтаи охир маркази шаш вилоятро дар Афғонистон зери назорати худ даровардаанд. Айни замон даргириҳои сахт байни онҳо ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои дигар идома дорад.
Пандемияи коронавирус ба кори Фурудгоҳи байналмилалии Истанбул, ки макони муҳими транзитӣ ба шумор меравад, таъсири худро расондааст.
Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, 1,5 миллион воя (доза) ваксинаи Модерна дарёфт кард. Ваксинаҳои мазкурро Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон дод ва мақомот субҳи 26-уми июл ваксинаҳоро қабул карданд.
Субҳи 20-уми июл дар ҳама масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон намози Иди Қурбон хонда шуд. Ин бори аввал аст, ки намози Иди Қурбон дар шароити пандемия баргузор мешавад.
Як қисмати бузурги Олмони Ғарбӣ аз боронҳои шадиди шаби 15-уми июл осеб дид, ки боиси обхезиҳои ногаҳонӣ шуд, биноҳо варон шуд, мошинҳоро об бурд. Субҳи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону сел дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид.
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи ишғол шудани чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави кишвар паноҳанда шудаанд.
Паноҳандагони мулкии афғон ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар ин бора Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфӣ гузориш медиҳанд.
Тайи як ҳафтаи охир аксар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон зери тасарруфи Толибон афтода, беш аз 1500 нерӯи амниятии он кишвар ба тарафи Тоҷикистон фирор кардаанд.
Ёфтҳои бештар