Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон матлаби "Аргументы и Факты" дар бораи ҷорӣ кардани низоми виза миёни Тоҷикистону Русияро таҳқиромез дониста, ба сафорати он кишвар дар Душанбе нота супурд.
Мақолаи баҳсбарангези "Страна гастербайтеров"-и Аргументы и Факты, ки дар тӯли як рӯзи буданаш дар Интернет бо вокуниши корбарон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯбарӯ гардид, "ғайб" задааст.
Дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон, вақте хусумати байни маҳалҳоои гуногуни кишвар ба авҷи худ расида буд, арӯсу домоде ба ҳам расиданд, ки гӯё аз ду тарафи даргир намояндагӣ мекарданд
Фирӯза Савушкина, келини мушовири президенти Русия Сергей Глазев, ки соли гузашта чнад моҳро дар боздошт ба сар бурд, духтар таваллуд кардааст.
Шоҳидони асосии парвандае, ки зимни он рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, мегӯянд, иттиҳомоти зидди ӯ натиҷаи як саҳнасозии мақомот буд.
Тайи ду рӯзи гузашта ҳудуди 20 навор бо ҳузури аъзои Ҳизби наҳзат дар интернет нашр шуд, ки онҳо аз хориҷ шуданашон аз ин ҳизб хабар дода, қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро низ пешниҳод кардаанд.
Вазорати маориф ва илм қатъи фаъолияти Гимназияи исломиро рад кард, аммо гуфт, биноеро, ки ин муассисаи таълимӣ дар он ҷо воқеъ буда, ба корхонаи "Садр" тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат гирифтаанд.
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ аз бозпас овардани чор зани тоҷик дар соли ҷорӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, ки, ба гуфтаи онҳо, дар он ҷо барои корҳои шаҳвонӣ истифода мешудаанд.
Ҷумъахол, зани 30-сола дар Сарипул, ба сабаби он ки арӯсӣ бо бародари шавҳарашро қабул накард, аввал латту кӯб ва сипас тирборон шудааст. Хонаводааш иддао доранд, дар ин қазия пулис даст дорад.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, дар як ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки бар асоси таҳқиқи ӯ зуҳури гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро Ҳазрати Алӣ пешгӯӣ карда будааст.
Парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур" баъд аз хулосаи додситони кулл ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст ва нахустин мурофиаи ӯ ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт.
Ҳукумати ноҳияи Қумсангир, ки бо ваъдаи порчаи замин омӯзгорони ҷавонро ба ин ноҳия ҷалб карда буд, акнун шарти наве пеш мегузорад: аввал онҳо бояд аз духтарони маҳаллӣ ҳамсар гиранд.
Ёфтҳои бештар