Муллоаббос Раҷабзода (Раҷабов Аббос Ниёзович) раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, дар як навори видео эълон кард, ки аз ин масъулияти худ даст кашидааст. Ӯ ҳамагӣ як сол пеш, баъди аз мақомаш рафтани Илҳом Ёқубов раиси ҲНИТ дар Суғд таъин шуда буд.
Оқои Раҷабзода дар наворе, ки 20 июн дар Ютуб нашр шуд, пеш аз хондани намози таровеҳ ин тасмимашро эълон мекунад. Аммо макони сабт ва муаллифи навор маълум нест ва тамосҳои мо низ бо худи Раҷабзода барои дақиқ кардани қазия бенатиҷа буд. Бо ин ҳол, ӯ дар навор мегӯяд, "ҳамаатон медонед, ки то имрӯз дар як ҳизби сиёсӣ масъулият доштам. Ҳамакнун ҳамааш қатъ шуд. Парвардигор оқибати кори ҳамаи мову Шуморо ба хайр гардонад."
Бар иловаи ин навор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳуҷҷат бо имзои Муллоаббос Раҷабзода низ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, ӯ дар посух ба суоли нашрияи расмии "Ҳақиқати Суғд" гуфтааст: "Шӯъбаи ҲНИТ фаъолияташро дар вилояти Суғд аз 20.06.2015 қатъ кардааст."
Аммо ин танҳо Раҷабзода нест, ки дар мавриди хориҷ шудани худ ва қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳад. Аъзо ва роҳбарони шӯъбаҳои ин ҳизб дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Айнӣ ва Хуҷанди вилояти Суғд низ тариқи наворҳои видеоӣ аз хориҷ шудани хеш ва барҳам хурдани шӯъбаҳои ин ҳизби динии сиёсӣ дар маҳалли истиқоматашон хабар додаанд. Танҳо тайи ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ҳудуди 20 навор нашр шудааст.
Аз наворҳо дида мешавад, ҷаласаи аз ҳама бузурги “барҳамхӯрии” ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо ҳузури Зафар Мамадҷонов, як масъули мақомоти иҷроияи ин ноҳия сурат гирифтааст. Оқои Мамадҷонов дар ин ҷаласа мегӯяд, баъди интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ шумори зиёди аъзои ҲНИТ ихтиёрӣ аз он даст кашидаанд.
"Пеш аз интихобот як омор буд, ки ҲНИТ дар ноҳия 1567 узв дорад. Аммо маълум шуд, зиёда аз 600 нафари инҳо зиёданависӣ аст ва онҳо аслан аз аъзои ҳизб будани худашон хабар надоранд. Ҳоло 30-32 нафар узви ҳизб боқӣ мондаанду тамом," -- афзуд ӯ. Ин маҷлис, ки бо иштироки намояндагони мақомот ва раҳбарони собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Ашт баргузор шудааст, бо саҳнаи ихтиёрӣ даст кашидани аъзои он ба поён мерасад.
Дар баъзе аз ин наворҳо аъзои ҲНИТ пас аз эълони даст кашидан аз аъзогии ҳизб ҷумлаҳои "Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад", "Мо тарафдори сиёсати Ҷаноби Олӣ", "Аз Ҳизби наҳзат фоидае надидем" ва ё "Маро бидуни огоҳӣ аъзои ҳизб карданд"-ро ба забон меоранд. Дар бархе аз наворҳо талаби "манъи фаъолияти ҲНИТ" низ матраҳ шудааст.
Аз ҷумла, Илҳом Ёқубов, раҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Суғд дар як навор мегӯяд, "вақтҳои охир ҳузури ҳизби наҳзат дар ҷомеа боиси ихтилофҳо шудааст. Бинобар ин, агар ҲНИТ сулҳу ваҳдатро халадор карда истода бошад, пешниҳод мекунем, фъаолияташ гардад. Ҳамин пешниҳоди ман ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба раҳбарияти ҳизб низ гуфта шудааст."
Тайи ду рӯзи охир айни чунин наворҳо бо саҳнаҳои мушобеҳ аз ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол, Рашт ва Восеъ низ дар Youtube пайдо шудаанд. Дар ин наворҳо низ аъзои, инак, собиқи ҲНИТ бо зикри ному насаб ва собиқаи ҳизбиашон ихтиёрӣ даст кашидан аз ҳизбро эълон дошта, ҷонибдорияшон аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро баён медоранд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, рӯзи 21 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бастани шӯъбаҳои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳоро ғайриқонунӣ донист ва тасмими аз ин ҳизб хориҷ шудани аъзояшро “ҳосил”-и фишор мақомот номид. Ӯ гуфт, "мувофиқи қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли равон ҳар аризае, ки таҳти фишор дар мавриди аз ҳизб хориҷ шудан гирифта шудааст, ғайриқонунӣ буда асосӣ ҳуқуқӣ надорад. Ҳамчунин, мувофиқи банди 4 ва 7-и Оинномаи ҲНИТ танҳо раёсати олии ҳизб ҳақ дорад, ниҳодеро ташкил кунад ва ё ниҳодеро барҳам диҳад."
Бори аввал пешниҳоди бастани ҲНИТ ва ё ҳадди ақалл ҳазфи калимаи “Ислом” аз номи ин ҲНИТ соли 2013 дар пайи мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар садо дод. Тарафдорони қатъи фаъолияти ҲНИТ ин далелро пеш меоранд, ки дини Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва гузашта аз ин беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд ва зарурате барои будани як чунин ҳизб вуҷуд надорад.
Аммо ин бори аввал аст, ки ба шакли густурда пешниҳоди қатъи фаъолияти ҲНИТ ва даст кашидани аъзояш аз ин ҳизб мушоҳида мешавад.