Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои Гимназияи исломиро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ доданд


Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илм қатъи фаъолияти Гимназияи исломиро рад кард, аммо гуфт, биноеро, ки ин муассисаи таълимӣ дар он ҷо воқеъ буда, ба корхонаи "Садр" тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат гирифтаанд.

Ҳуқуқдони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баста шудани Гимназияи исломӣ дар Душанберо рад карда ва гуфтааст, онҳо фақат биноеро, ки ин муассисаи таълимӣ дар онҷо воқеъ буд, ба ҳисоби Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ гирифтаанду бас.

Саидвалӣ Қодиров рӯзи 16 июн дар шарҳи қазия ба Оҷонси давлатии "Ховар" гуфтааст, ин бино дар гузашта хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи омӯзгорӣ буд, ки баъдан, ба иддаои ӯ, ғайриқонунӣ ба корхонаи "Sadr Inc"-и Иёлоти Муттаҳида фурӯхта шудааст.

Ӯ афзудааст, "бино бар ин, хабарҳо дар бораи баста шудани Гимназияи исломӣ на танҳо дурусту воқеӣ нестанд, балки чунин овозаҳои беасос ҷомеаро ба гумроҳӣ мекашанд." Оқои Қодиров аз хабарнигорони тоҷик гила кардааст, ба ҷойи онки бипурсанд, чигуна як шаҳрванди хориҷӣ хобгоҳи донишҷӯёнро хусусӣ кардааст, ба Гимназияи исломӣ часпидаанд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, ин баҳси онҳо барои бозпас гирифтани бинои хобгоҳи донишҷӯён аз корхонаи "Садр" буда, ба Гимназияи исломӣ ҳеч рабт надоштааст.

"Биное, ки дар дохили он Гимназияи исломӣ фаъолият менамуд, моҳи июни соли 1998 ба Корхонаи фаръии Корпоратсияи “SADR Inс”-и Амрико дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст. Бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 5 июни соли ҷорӣ дар асоси баррасии парвандаи №2-151/15 бинои хобгоҳи №8-и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба давлат баргардонда шуд. Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин хобгоҳ баъди таъмир, зиёда аз 800 донишҷӯи ба манзил эҳтиёҷмандро ҷой кунем," -- афзудааст ӯ.

Ба қавли Саидвалӣ Қодиров, "қазияи мазкур ягон ҷанбаи сиёсӣ ё фармоишӣ нисбат ба фаъолияти Гимназияи исломӣ надорад. Баҳс танҳо ба далели харидуфурӯши ғайриқонунии амвол-собиқ хобгоҳи №8-и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ марбут аст, ки ниҳоят мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон роҳи ҳалли қонунии худро пайдо кард."

Ҳафтаи гузашта масъулони Гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимиро то пайдо кардани бинои нав ҷавоб додаанд. Гимназияи исломӣ дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд.

Яке аз устодони Гимназияи исломӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, машғули ҷамъ кардани ҷиҳози таълимии худ ҳастанд ва намедонанд аз оғози соли нави хониш корашонро дар куҷо идома хоҳанд дод. Аз ин пештар Раҷабалӣ Аҳмадов, мудири Гимназияи исломӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд, "дар масъалаи бино баҳси додгоҳӣ ҷараён дорад. Агар ба мо диҳанд ё иҷора диҳанд, мешинем. Агар не, дар назди Донишкадаи исломӣ ҷой дорем ва ба он ҷо мекӯчем. Ин эҳтимол аст. Вақте дар назди бинои Донишкадаи исломӣ будем, 1100 нафар таҳсил мекард. Хонандаҳое, ки суст мехонанд ва ба талаботи гимназия ҷавобгӯ нестанд, ҷавоб медиҳем. Дар масҷиди марказӣ низ синфхонаҳо ҳастанд. Агар зарур шавад, донишкада онро мегирад ва мо синфхонаҳои донишкадаро хоҳем гирифт."

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ аз ихроҷи ҳудуди 400 толибилми Гимназиия исломӣ хабар дода буданд.

Бо онки беш аз 98 дарсади аҳолии 8 миллионнафарии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир дар кишвар танҳо 6 мадрасаи мутавассита, як гимназия ва як мактаби олии исломӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам – амал мекунанд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз мадрасаҳои мавҷуда, ки таҳсилашон пулакӣ буд, ба далели “надоштани шароити дурусти таълимӣ” ваё ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёру талаботи вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон баста шуданд.

XS
SM
MD
LG