Сӯҳбати видеоии як зани танфурӯши тоҷик дар сомонаи Озодӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сели баҳсҳои хонандагонро барангехт. Бисёриҳо ин занро маҳкум мекунанд, вале бархе мегӯянд, мушкил дар ҷомиа аст, на дар ин зан.
Мақомоти амниятии Қирғизистон ахиран ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Аммо садҳо ҷангӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳамчунон дар ин кишвари арабӣ боқӣ мемонанд.
Вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, дар китоби тозанашри худ масъалаи баҳсбарангези заминеро, ки ба Чин дода шуд, ба риштаи таҳлил кашидааст.
27-уми март Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал гузориши худро дар бораи эъдомҳои соли 2013 чоп кард. Дар ин гузориш номи Тоҷикистон низ оварда шудааст.
Дар Тоҷикистон татбиқи як банди “инсондӯстона”-и Кодекси ҷиноӣ кам шудааст. Банди аввали моддаи 78-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иҷоза медиҳад, занони ҳомила ва ё модароне, ки ҷиноят кардаанд, то 8-сола шудани фарзандашон дар озодӣ бимонанд.
Радиои Озодӣ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмати он хонандагонаш, ки дар баҳсҳои сомонаи Озодӣ ширкати фаъол доранд, аз ин ба баъд беҳтарин назарҳои ин хонандагонро дар як матлаби алоҳида бознашр хоҳад кард.
Мураббии маъруф Алекс Фергюсон мегӯяд, зарби тасмаҳои муаллимааш буд, ки ба чунин қуллаҳо расид. Вале ба бовари дигарон, омӯзгор набояд ҳайсияти инсониии шогирдонашро бо "адабчӯб" паст бизанад.
Бисёриҳо дар Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки забони тоҷикӣ дар солҳои охир хеле тағйир ёфтааст ва онҳо бисёре аз калимаҳоеро, ки дар матбуот истифода мешавад, аслан намефаҳманд.
Сафҳаи махсуси Радиои Озодӣ барои истифода дар телефонҳои ҳамроҳ навсозӣ ва такмил шуд. Акнун метавонед дар назарсанҷиҳо низ ширкат кунед.