Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасҳои Тоҷикистон “сангдил” шудаанд?


Ин занон соли 2011 кӯдаконашон дар даст аз зиндони Норак озод шуданд
Ин занон соли 2011 кӯдаконашон дар даст аз зиндони Норак озод шуданд

Дар Тоҷикистон татбиқи як банди “инсондӯстона”-и Кодекси ҷиноӣ кам шудааст. Банди аввали моддаи 78-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иҷоза медиҳад, занони ҳомила ва ё модароне, ки ҷиноят кардаанд, то 8-сола шудани фарзандашон дар озодӣ бимонанд.

Бар асоси банди аввали моддаи 78-уми Кодекси ҷиноӣ, додрасҳо дар Тоҷикистон ҳақ доранд, ба занони бордору модарони қонуншикан “раҳм” карда ва барои тарбияи дуруст гирифтани фарзанд, мӯҳлати адои ҷазои онҳоро 8 сол ба таъхир андозанд. Ин банди қонун ба заноне, ки одам куштаанд ва ё ҷинояти сангине содир кардаанд, раво дида намешавад. Аммо ё додрасҳои тоҷик “сангдил” шудаанд, ё омили дигар, аст, ки ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, истифодаи ин модда солҳои ахир “ниҳоят кам” шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисони вазорати адлияи Тоҷикистон, додрасҳо “сангдил” нашудаанд, балки хонумҳои обистану кӯдакдорро аз ноилоҷӣ ба зиндон мефиристанд. Зеро мегӯянд онҳо, додгоҳ ба шарте ҳукми занони ҷинояткардаро ба таъхир меандозад, ки “оила ва хешовандони маҳкумшуда барои зиндагии якҷоя бо ӯ розигӣ додаанд ва ё барои таъмину тарбияи мустақилонаи кӯдак шароит доранд.”

Мақомоти Тоҷикистон омор дар бораи модарони зиндониро нашр намекунанд, вале дар миёни тақрибан 300 зане, ки дар зиндони Норак - бузургтарини маҳбаси занонаи ин кишвар - нигаҳдорӣ мешаванд, кӯдакони ширхора ва то 3-сола кам нестанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта, ки худаш ду бор ва охирин дафъа соли 2011 бо вазъи занони зиндонӣ ошно шудааст, мегӯяд, хонумҳоеро дидааст, ки кӯдаконашон ба қавле “зиндонӣ” ба дунё омадаанд: “Онҷо кӯдаконе буданд, ки дар зиндон таваллуд шудаанд. Занҳои ҳомила дар ҳамонҷо таваллуд карда буданд, барои ҳамин мо утоқҳоеро, ки шароити хуб надоштанд, мо таъмир кардем, то кӯдакон дар шароити хуб ба мисли яслӣ ба воя расанд.”
Дарвозаи зиндони занонаи Норак
Дарвозаи зиндони занонаи Норак
Ойниҳол Бобоназарова афзуд, далели мутахассисони вазорати адлия, ки хешовандон аз кӯмак ба занҳои қонуншикан ҳазар мекунанд, беасос аст, зеро мардуми тоҷик дар ҳар ҳолат, “дасти хешовандони фитодаашон”-ро мегиранд. Ба қавли ӯ сабаб дар дигар чиз аст: “Системаи судии мо системае ҳаст, ки фақат як роҳро медонад, яъне роҳи ҷазоро. Адолати судӣ на ҳама вақт истифода бурда мешавад. Чанд нафаре, ки дар ҳамон маҳбас буданд, ҳомила буданд. Масалан дуздӣ кардааст ва мегӯяд, ки зиндагиам нохуб буд, маҷбур будам, дуздӣ кунам. Ё занҳое буданд, ки мегуфтанд, зиндагии бисёр сахт доштем ва аз онҳо дар фурудгоҳ ду ва ё се грамм маводи мухаддир ёфта, ҳабс кардаанд.”

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъи тоҷик, ки худ аз ҳаққи чандин зани соҳиби кӯдаки наврас дар додгоҳ ҳимоят кардааст, мегӯяд, дар аксар мавридҳо хешовандон ба занони ҳомилаву кӯдакдоре, ки “гумроҳ шудаанд”, кӯмак мекунанд. Айни замон, ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов ӯ худаш шоҳид буд, ки додгоҳ тамоми ваҷҳу далелҳоро ба инобат гирифт ва бо риояти адлу инсоф, ҳукми модарро ба таъхир андохт: “Зане буд, ки бо ҳукми суд гунаҳкор дониста шуд ва ба мӯҳлати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Бо сабаби онки кӯдакаш хурдсол буд ва то ба синни 8-солагӣ расидани кӯдакаш 5 ё 6 сол мӯҳлат монда буд, нисбати ӯ ҷазоро татбиқ накарданд. “ Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, бар асоси қонун, дар сурати такрор накардани ҷиноят ва танҳо нагузоштани фарзанду пеш гирифтани роҳи дуруст, метавонанд ин гуна занонро умуман аз иҷрои ҳукм озод кунанд.

Гулчеҳра Раҳмонова, ҳуқуқшинос ва намояндаи созмони ғайриҳукуматии “Маркази ҳуқуқи кӯдак” низ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон маҳз бо ҳадафи башарӣ кардани Кодекси ҷиноӣ, мӯҳлати таъхири ҷазои модарони ҳомила ва ё фарзандони ноболиғро аз се ба ҳашт сол тамдид кард, то кӯдакони бегуноҳ, ранҷи хатои бузургсолонро накашанд: “Ба андешаи ман, таъхир дар адои ҷазо таъсири мусбат дорад, зеро ба модару кӯдак имкон медиҳад, аз ҳамдигар дур намонанд ва ҳамингуна ба беҳтар шудани некӯаҳволии кӯдак мусоидат мекунад.”

Таҷрибае дар соли 1991 дар Шӯравии собиқ нишон додааст, аз 85 зани кӯдакдоре, ки мӯҳлати адои ҷазояшонро ба таъхир андохтаанд, танҳо як нафар ба сабаби риоят накардани шартҳои ҷазо, ба зиндон баргардонда шудааст. Ба гуфтаи ҳуқуқдонон, татбиқи банди аввали моддаи 78-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз як сӯ агар барои ояндаи кӯдакон муҳим бошаду “инсондӯстона” будани онро нишон бидиҳад, аз сӯи дигар, хароҷоти давлат барои нигаҳдории зиндонҳоро кам мекунад. Хароҷоте, ки дар баъзе маворид аз зиёни расонидаи зани қонуншикан ба ҷабрдида ва ё давлат садҳо маротиба зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG