Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодӣ" дар мобилҳои Шумо навсозӣ шуд


Сафҳаи махсуси Радиои Озодӣ барои истифода дар телефонҳои ҳамроҳ навсозӣ ва такмил шуд. Акнун метавонед дар назарсанҷиҳо низ ширкат кунед.

Хонандаи арҷманд! Бо мақсади он ки матолиб сари вақт дастрас гардад ва бахшҳои бештари маҳсулоти Радиои Озодӣ дастрас гардад, сар аз рӯзи 23-юми январ сафҳаи Радиои Озодӣ дар шабакаҳои мобилӣ навсозӣ шуд.

Акнун дар навбати аввал баъд аз тугмаи "Садо", ки ба шунидани барномаҳои Радиои Озодӣ имкон фароҳам меорад, 7 матлаби охирин ва асосии бахшида ба Тоҷикистон дастраси Шумо мешаванд. Бо "ангушт задан"-и калимаи "БЕШТАР" метавонед, 15 матлаби охиринро мутолиа намоед. Ҳамчунин агар бозтоби аксҳо дар телефони Шумо вақти зиёд мегирад ё мушкил дорад, бо пахш кардани ибораи кабуди "Гузоришҳои бештар" метавонед, танҳо сарлавҳаҳоро бинед ва интихоб кунед.

Бахшҳои "Ҷаҳон", "Ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистон" низ такмил дида, бахшҳои наве монанди "Садои ҳамватан" (сафҳае аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик) ва "Сафҳаи хонандагон" илова шуданд. Дар "Сафҳаи хонандагон" матолибе нашр мешавад, ки хонандагони торнамои Радиои Озодӣ фиристодаанд.

Илова ба ин акнун онҳое, ки торнамои моро дар телефонҳои ҳамроҳи худ мехонанд, метавонанд, дар назарсанҷиҳои Радиои Озодӣ ширкат кунанд ва бо посух додан ба саволҳо дар бахши "Шумо чӣ андеша доред?" назари худро баён намоянд.

Ва дар бахши нави дигаре, ки акнун фаъол гашт, Шумо хоҳед дид, ки кадоме аз гузоришу мақола, видео ва нигористон, гузоришҳои садоӣ ва барномаҳои радиоӣ дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардаанд. Бо "ангушт задан" ба сарлавҳаи ин мавод метавонед, онҳоро хонед, тамошо кунед ё шунавед.

Инак, аз ҳамаи Шумо бо лутфу муҳаббат даъват мекунем, сафҳаи нави моро бинед ва назари худро дар ҳошияи ин матлаб бинависед. Ҳамчунин агар дархосту интиқоде доред, аз он моро хабардор кунед. Сафҳаи нав зери ин ҷумла аст:

САФҲАИ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛ
XS
SM
MD
LG