Як зархариди сербистонӣ, ки дар ҷанги Украина аз тарафи Русия меҷангид, гуфтааст, ба ин хулоса омад, ки дӯстӣ ё "бародарӣ"-и русу сербҳо афсона аст.
Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх), тоҷики муқими Украина, ки дувуним сол боз рӯзгори осоишта ва бе бонги хатарро фаромӯш кардааст, қаҳрамони навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" аст.
Бештар шудани чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, агар пеши роҳи чангу ғубор ва таъсири онҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо гирифта нашавад, минтақа ба буҳронҳои экологӣ дучор мегардад.
Мақомоти Русия дар ним соли охир шеваи нави озору азияти муҳоҷиронро пеш гирифтаанд, ки солҳои пеш кам мушоҳида мешуд. Ҳоло муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои марзӣ ба Русия роҳ намедиҳанд ва ба ватан пас мегардонанд.
Як муҳоҷири тоҷик аз пизишкони бемористоне дар Екатеринбург шикоят дорад, ки дар чашми модараш ҷарроҳии номуваффақ гузаронда, боиси нобино шудани ӯ гардиданд. Умед барои тасдиқи гуфтаҳояш ҳуҷҷатҳоро дар ихтиёри "Мигрант Медиа" гузошт. Пизишкон ва намояндаи расмии Тоҷикистон дар Русия чӣ гуфтанд?
Қонуну қоидаҳои нав дар Русия кору зиндагии муҳоҷиронро сахт кардааст. Аз ҷумла, дар тақрибан бист минтақаи Русия таксиронӣ барои муҳоҷирон манъ шуд. Ширкатҳои таксиронӣ гуфтаанд, эҳтимол то охири сол ба камбуди ронандагон рӯ ба рӯ шаванд.
Дар занозанӣ бо муҳоҷирон дар Русия, як собиқадори ҷанг дар Украина кушта ва дигаре захмӣ шудааст. Ҳодиса дар моҳи июни имсол рӯй дод. Дар робита ба ин қазия се қирғизистониро дастгир карданд. Наздиконашон мегӯянд, ба онҳо бо корд ҳамла шуд ва муҳоҷирон танҳо аз худ муҳофизат намуданд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли охир ба танзими либоси занону риши мардон дасту остин барзадаанд. Тоҷикистон либоси ба истилоҳ "бегона"-ро манъ кард. Қирғизистон дар фикри манъи либосҳоест, ки чеҳраи шахсро пинҳон медоранд. Аз он пеш Узбекистону Қазоқистон ҳам иқдом карда буданд. Ҳадаф чист?
Пулиси Душанбе як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратро бо иттиҳоми авбошӣ ва латукӯби омӯзгор боздошт кардааст.
Барномаи занони Созмони Милал дар Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз блогерон ва фаъолон даъват кард, ки барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбати занон фаъол бошанд.
Таҳқиқоти тозаи донишмандон нишон додааст, ки зиндагӣ дар минтақаву маҳаллаҳои сергулу гиёҳ ва сарсабз ва дорои дарахт, зоҳиран ба андозаи варзиш барои дил ва саломатии инсон муфид аст.
Ёфтҳои бештар