Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, баъди онки мақомоти ду кишвар дар баёнияҳои алоҳида аз роҳбандӣ дар сарҳад хабар доданд, шоми 27-уми январ шуруъ шуд.
Падар, ҳамсар ва се фарзанди Аскар Юнусов дар ҳоли ҳозир дар манзили наздикон дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Қаблан онҳо дар ҳудуди деҳаи Борбоддуки Қирғизистон мезистанд.
Баъди он ки, ба иддаои сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, як омӯзгори 59-сола аз тарафи баъзе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон латукӯб шудааст, хонандагону муаллимон ба мактаб нарафтаанд.
Сокинони Исфара гуфтанд, ки як омӯзгори 59-сола аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии марз бо Қирғизистон рабуда ва латукӯб шудааст ва ҳоло дар бемористон бистарист.
Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури зиёди низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар қаламрави кишвар дастгир шудаанд, ба Бишкек супурдааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр навишт, ки Қирғизистон дар навбати худ ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе медиҳад.
Мақомоти Русия бо дархости такрории Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бишкек Диловар Ҷӯраев, сокини 52-солаи шаҳри Исфараро ба "авбошӣ ва барангехтани низои миллӣ" гумонбар медонад. Пайвандонаш ва мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро сохта мешуморанд ва ба озодии ӯ талош доранд.
Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба харидани силоҳу муҳиммот иқдом кардааст. Ин амалкарди Бишкек ба раванди музокирот чӣ таъсире мерасонад ва дар Душанбе дар ин бора чӣ фикр доранд?
Масъулони Додситонии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Додгоҳи вилояти Бодканд тақозо кардаанд, ки сабаби ҷазои, ба қавли онҳо, "сабук" ба се шаҳрванди тоҷиктабори ин кишварро шарҳ диҳад.
Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон даъвои раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бепоя донист.
Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба идораҳои зери итоаташ дар вилояти Бодканд дастур додааст, ки чораҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон тақвият дода, шумораи посбонҳо ё патрулҳоро афзоиш диҳанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин хабар вокуниш накардааст.
Ёфтҳои бештар