Даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ба Абдулатиф Шарифов, ронандаи “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи Исфара, унвони давлатӣ бидиҳанд. Абдулатиф Шарифов шаби 26-уми январ ҳангоми кашондани захмиён дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз мушаки миномёт кушта шуд.