Хешовандони се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, ки дар вилояти Бодканд зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ҳукми додгоҳ "бисёр сахту бераҳмона" аст ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, далелҳои кофӣ дар даст доранд ва тафтишот тибқи қонун ҷараён гирифтааст.