Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз муфтии Тоҷикистон барои ширкаташ дар маъракаҳои афроди сарватманд ба маънии сард шудани бозори рақобати рӯҳониён дар маросимҳои мардумӣ арзёбӣ мешавад.
Хоҷагии деҳқонии “Ғайрат”-и ноҳияи Данғара ба соҳибони 18 сар гови аҳли деҳаи Сангтӯда, ки аз беназорати подабонҳои наврас ва бетаваҷҷуҳии деҳқонони иҷоракор талаф шуданд, 32 ҳазору 600 сомонӣ ҷуброн пардохт кардааст.
Ду хирси нохунсафеди 6 ва 16-сола бомуваффақият аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чех расиданд.
Агар дар гузашта арӯс ба хонаи домод бо сандуқи молу матоъ ва кӯрпаву болин ё мизу курсию ҷевон меомад, акнун дар чанд деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ тақдими қуттиҳои пур аз занбӯри асал ба навхонадорон расм шудааст.
Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ҳеч гоҳ ба ин андоза мавриди таваҷҷӯҳи матбуот набуд, ки се рӯзи охир дидан мумкин аст.
Додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, як мансабдори кумитаи замини ин ноҳияро барои қаллобӣ ба 9 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кард.
Калия Арабекова иддао дорад, ки бори дувум аз сӯи корманди додгоҳи вилояти Талас мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.
Бепарвоии подабонҳои навраси деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара боиси талафоти 18 сар гови маҳаллӣ шудааст.
Дар рустои Қалачӣ ва шаҳраки Красногорски вилояти Оқмуллои Қазоқистон кӯдакон ҳамеша дар ҳоли хоб буданд, ва ба ҳеҷ таконе бедор намешуданд.
Як кишоварзи 29-сола баъд аз он ки барои буд карда натавонистани нақшаи ҷамъоварии ғалла танқид ва аз сӯи ҳокиму додситон таҳдиди ба зиндон рафтанашро шунид, худкушӣ кардааст.
Дар пайи даъвои муҳофизи пешини раисиҷумҳури Қирғизистон моликияти нашриёти "Вечерний Бишкек" ҳабс ва ҳисоби бонкияш баста шудааст.
Идораи бойтории Тоҷикистон мегӯяд, дархости тоҷирон аз Русияву Чин барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишварро рад намудааст.
Ёфтҳои бештар