Арӯсии Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, бо варзишгари маъруф – раққосаи рӯи ях Татяна Навка агар худ ба худ як ҳодисаи мавриди таваҷҷӯҳ бошад, баъд аз арӯсӣ бисёриҳоро нархи соати домод ба баҳс кашид.
Раиси "Бунёди мубориза бо коррупсия" ва блогнависи маъруф Алексей Навалний баъди тамошои аксҳои арӯсии ин ду нафар, ки ба Интернет роҳ ёфт, мушаххас кардааст, ки соати тамғаи Richard Millee RM 52-01 - 620 ҳазор доллар (тахминан 37 миллион рубл) арзиш дорад, на камтар аз ин. Навалний иддао кардааст, ки ин соат дар ҷаҳон камчин буда, бо шумори умумии 30 дона тавлид шудааст.
Навалний суолгузорӣ кардааст, ки чӣ тавр сухангӯи президент, ки соли 2014 даромади умумиаш чизе беш аз 9 миллион рубл (9 184 358 рубл) будааст, метавонад соате дошта бошад, ки чор баробар қиматтар назар ба даромади солонаи ӯ мебошад? Навалний гуфт, пеш аз арӯсии Песков ҳамин соатро дар дасти духтари Песков дар як акси дигар дидааст.
Кор то ҷое расид, ки аввал Татяна Навка ва баъдан худи сухунгӯи президент Дмитрий Песков бо пахши изҳороте гуфтанд, ки ин соатро арӯс ба домодаш ҳамчун тӯҳфаи тӯёна тақдим кардааст. Навка гуфтааст, ҳамчун варзишгари олимпӣ, ки зиёд кор мекунад ва даромади хуб дорад, аз ҳисоби шахсии худ барои шавҳараш чунин як тӯҳфаи гаронбаҳо тақдим кардааст.
Дар пай Песков гуфт, ин тӯҳфаи арӯсашро махсус дар рӯзи тӯй ба дасташ кард ва ҳеч кас ҳақ надорад, ки ба ин мавзӯъ дахл кунад. "Шубҳа дорам, ки тӯҳфаҳои зан ё шавҳар метавонад ба мавзӯи мубориза бо коррупсия рабт дошта бошад," -- гуфт ӯ.
Арӯсии пурдабдабаи Песков ва Навка рӯзи 1 август дар меҳмонхонаи Rodina Grand Hotel & SPА дар шаҳри Сочӣ бо ширкати тахминан 100 меҳмон баргузор шуд. Дар миёни иштирокдорони ин меҳмонӣ маъруфтарин чеҳраҳои варзишу ҳунар, сиёсатмадорону аъзои ҳукумат ҳузур доштанд.
Соатро нишонаи мақому манзалати мард мегӯянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар қаламрави Шӯравии собиқ раҳбарони сиёсӣ соатҳои аз ин ҳам гаронтар ба даст мекунанд: