Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ба номус баъд аз шикоят аз таҷовузгарон


Калия Арабекова иддао дорад, ки бори дувум аз сӯи корманди додгоҳи вилояти Талас мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.

Калия Арабекова, сокини вилояти Таласи Қирғизистон, иддао дорад, бори дувум мавриди таҷовузи Илгиз Каримбоев, корманди додгоҳ ва ҳамроҳони ӯ қарор гирифта ва бисёр мехоҳад, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад. Аммо наздикони афроди гумонбар ба таҷовузи Арабекова мегӯянд, ин зан талош дорад, онҳоро "сиёҳ" кунад.

Ба қавли ин сокини вилояти Талас, таҷовузи дувуми ӯ шаби 22 июли соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Калия нақл мекунад, ки ҳамон шаб ба хонааш ду марди ниқобпӯш ворид шуда, ӯро мавриди латту кӯб қарор дода ва сипас ба номусаш дастдарозӣ кардаанд. Онҳо тақозо кардаанд, ки Арабекова аризаи худро дар бораи қазияи аввали таҷовуз ба номус аз додгоҳ бигирад.

"Аз зарбаи сахт ба замин афтодам ва онҳо ба шикамам заданд. Қувват надоштам, ки ҳарфе бигӯям. Фақат дод задам, то фарзандонам зинда бимонанд," -- ба хотир меорад Калия.

Ӯ мегӯяд, дар торикӣ чеҳраи афроди ҳамлаварро надид, аммо аз садои яке аз онҳо кӣ буданашонро фаҳмид. "Ин Илгиз Каримбоев буд. Чӣ хел ман ӯро нашиносам, ки ду сол боз ӯ баҳс дорам? Онҳо либосҳоямро кашида, ба таҷовуз кардан сар намуданд. Даҳшат буд. Ҳоло дар бораи он ҳолат чизе гуфтан барои ман мушкил аст. Ба ҳеч кас чунин ҳолатро намехоҳам," -- гуфт ӯ.

Калия Арабекова афзуд, рӯзи 22 июл каме дуртар аз хонааш Илгиз Каримбоевро низ дида будааст. Ҳамсари Каримбоев – Айгерим Аҳмадова рад намекунад, ки ҳамон рӯз ҳамсараш дар Талас буд. “Рӯзи 21 июл мо ҳамроҳи хонавода ва журналистон барои фаҳмондани ҳодисаи аввали таҷовуз аб номуси Калия Арабекова ба Талас рафта будем. Аммо ҳамон шаб ҳамсарам дар хона буд, на дар берун,” -- нақл кард ӯ.

Аҳмадова гуфт, ҳодиса он тавре нест, ки Калия тасвир мекунад: "Ҳамон рӯз шавҳарам дар атрофи деҳа футболбозӣ кард ва шаб ба хона баргашт. Ман намедонам, Калияро кӣ задааст, вале ҳамсари ман ба ин қазия ҳеч иртибот надорад. Фикр мекунам, тамоми ин кор махсус роҳандозӣ шудааст. Шавҳари ман ба қазияи таҷовузи аввал ҳам дахл надошт."

Дар ҳамин ҳол, Арабекова бо аризаи худ ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Талас муроҷиат кардааст. Аз дафтари матбуоти корҳои дохилии Талас гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ дар ин замина дар тӯли даҳ рӯз боз хоҳад шуд. Он ҳам баъд аз он ки ташхис таҷовуз шудани Калияро таъйид бикунад.

Калия Арабековаи 31-сола бори дувум аст, ки аз таҷовуз ба номусаш хабар медиҳад. Ду сол пеш ӯ ба маъмурони пулис муроҷиат карда буд, ки судиҷрочиёни вилояти Талас - Илгиз Каримбоев, Олтинбек Алибоев ва Мукаш Кененсариев ӯро бо баҳонаи додани алименти шавҳараш даъват карда, мавриди озори ҷинсӣ қарор додаанд. Ҳамин тавр, Арабекова нисбат ба додгоҳи вилояти Талас беэътимодӣ кард ва баъдан парванда ба додгоҳи ноҳияи Соқулуқ ирсол гардид.

21 майи соли ҷорӣ додгоҳ ҳукми таҷовуз ба номуси Арабековаро содир кард. Бар асоси он, гумонбарон барои таҷовузи дастҷамъӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум, аммо ба ҳабс гирифта нашуданд. Пас аз он Арабекова изҳор дошт, ки ба ҳар роҳ ӯро тарсонданиянд.

Намояндаи додгоҳи ноҳияи Соқулуқ Кумушбек Ҷоомартов гуфт, ки яке аз тарафҳо аризаи шикоятӣ навиштааст ва ҳукм дар ҳоли бозбинист. "Ин парвандаро додгоҳи ноҳияи мо баррасӣ кард. Вале яке аз муттаҳамон нисбат ба ҳукм эътироз карда, барои бозбинии парванда ба зинаи болотари додгоҳ муроҷиат кардааст. Ҳоло парванда ба додгоҳи вилояти Чуй супурда шудааст. Аммо бозбинии парванда дар кадом сатҳ аст, чизе гуфта наметавонам," -- афзуд ӯ.

Дар додгоҳи вилояти Чуй аз шарҳи қазия худдорӣ карданд. Вале Ҷунбиши ҳимоят аз ҳуқуқи инсони "Бир дуйно - Кыргызстан" ба парлумон, додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон муроҷиат карда, тақозо намудааст, ки муттаҳамони таҷовуз ба номуси Калия Арабековаро ҷазои сахттар бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG