Дар шаҳри Душанбе ба таҳқиқи марги як сарбози рус оғоз кардаанд. Ҷасади ӯ рӯзи 26-уми май дар пеши як бинои баландоёшна дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт пайдо шудааст. Ҷое, ки қароргоҳи бузурги сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон воқеъ аст.
Дар чанд рӯзи ахир шикоятҳо аз кори бонки "Душанбе Сити" дигарбора зиёд шуд ва бархе муштариён мегӯянд, сари вақт пулашонро фиристода наметавонанд ё маблағашон намегузарад.
Рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои мусалмонӣ Иди Қурбонро ҷашн гирифтанд. Дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6:00 намози ид хонда шуд.
Нархи семент, яке аз маҳсулоти асосӣ барои сохтмонҳо дар Тоҷикистон якбора боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, шуруъ аз моҳи май нархи як халта семент вобаста ба навъу сифаташ аз 55 сомонӣ ба 70 сомонӣ боло рафтааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё идораи Омбудсмен дар як гузориш роҷеъ ба вазъи муроҷиати сокинон дар идораҳои давлатӣ гуфтааст, санҷишҳои онҳо нишон дод, ки дар баробари пешравиҳо, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.
Идомаи афзоши нахри сӯзишворӣ дар моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ронандагонро бештар нигарон кардааст. Мегӯянд, аз ин ҳисоб рӯз то рӯз харҷашон бештар, даромадашон кам мешавад.
Ду футболбози маъруфи амрикоӣ ба Тоҷикистон омаданд ва бо футболбозони навраси тоҷик бозӣ карданд. Тони Санне ва Лорри Фэйр, ду ситораи футболи Амрико рӯзи 16-уми май меҳмони наврасони Академияи футболи Алмосӣ дар Ҳисор буданд.
Пардохти баҳра ё фоизи баланди қарз дар бонкҳои Тоҷикистон муштариёнро ба мушкил гирифтор кардааст.
Дар Тоҷикистон корҳо барои рафъи паёмадҳои селу обхезӣ идома дорад, ки ба шаҳру ноҳияҳои зиёде осеб расонд ва сабаби марги чаҳор нафар ҳам шуд. Аммо айни замон ин суол матраҳ мешавад, ки оё мақомот омодаи ҳадди аққал кам кардани зиёни ин фалокатҳо буданд?
Афзоиши истеъмоли навъҳои нави маводи мухаддир, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо номи лирика ва ё кристалл маъруфанд, мояи нигаронии амиқи ҷомеашиносон шудааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз ҷавонон баъди истифодаи онҳо касеро бераҳмона мекушанд. Ё масалан гӯши касеро газида мекананд.
Мақомоти корҳои дохилӣ қариб ҳар ҳафта дар бораи боздошти ин ё он ҷавону ноболиғ барои истифода аз маводи мухаддиру маводи психотропие чун “лирика” гузориш медиҳанд.
Мақомот дар Тоҷикистон аз чаҳор фарзанди соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов талаб кардаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд, чун онҳо ба фоидаи давлат мусодира хоҳанд шуд.
Як дархости мақомоти тоҷик дар бораи худдории сокинон аз истифодаи таксиҳои ғайрирасмии маъруф ба "10 сомонӣ" ва рӯй овардан ба таксиҳои расмии "Jura" баъзе аз ронандаҳоро дар Душанбе бештар эҳтиёткор кардааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, сокинон то 10-уми апрел метавонанд бепул аз муоинаи пизишкон гузаранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки ҳар сари чанд вақт ба назди табибон мераванд ва оё аз ташхис гузаштан осон аст? Посухҳоро дар видео бинед.
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон арзёбии як созмони хориҷиро дар бораи олудагии ҳаво дар кишвар дур аз воқеият номид. Чанде пеш як созмони ғайриҳукуматии муқими Швейтсария бо нашри гузорише Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор дод, ки ҳавояшон олуда ва барои сиҳатии инсон зиёновар аст.
Мақомот дар Русия дастрасиро ба аксар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram масдуд ва истифода аз онҳоро ҷурм эълон карданд. Наздикони муҳоҷирон мегӯянд, ин тасмим тамоси онҳоро бо пайвандони роҳдурашон душвор кардааст.
Хабаргузории "Азия Плюс", ки сӣ соли пеш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, аз камтарин расона дар Тоҷикистон аст, ки талош дорад, то барои хабаррасонӣ аз шеваҳои наву пешрафта истифода кунад.
Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз мизбони гурӯҳе аз хориҷиён буд. Шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст, вале баъзеяшон эрониҳое ҳастанд, ки пеш аз шурӯи ҷанг аз Ҷумҳурии Исломӣ омадаанд ва ё эрониҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Шаҳринав, дар тақрибан 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, сегоник (се писар) таваллуд шудааст. Волидон мегӯянд, ҳарчанд аз муноисбати пизишкон розиянд, ба таваҷҷуҳ ва пуштибонии бештар ниёз доранд.
Орзуву омоли сокинони Душанбе дар арафаи Иди Фитр ва Наврӯз
Ёфтҳои бештар