Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷбур шудам, маскун шудам". Рӯзгори талхи Таманнову ду фарзандаш дар хонаи шавҳари собиқ


Таманно Холмуродова
Таманно Холмуродова

Таманно Холмуродова 5 моҳ мешавад бо ду кӯдакаш дар манзили шавҳари собиқаш дар ноҳияи Ёвон маскун шудааст. Мегӯяд, соли 2022 хонадор шуда, баъди ду сол оила фурӯ пошидааст. Холмуродова мегӯяд, агар шароити зиндагӣ дар хонаи модараш мусоид буд, ҳеҷ гоҳ маскун намешуд. Ӯ мегӯяд, бародарона маъюбанд ва модараш бемори рӯи ҷогаҳ.

Ӯ мегӯяд, бо қарори додгоҳ ӯро дар хонаи шавҳар маскун кардаанд. “Ман фарзандонро аз ақибам бурдагӣ нестам, фарзандон аз хуни ӯянд, - мегӯяд Таманно дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. - Вайҳо моро раҳ намедиҳанд дар он хона. Ба ҳамин қадар пулдоришону обрумандиашон, моро раҳ дода наметонанд. Дар ошхона маро намемонанд, ки хӯрок таҳия кунам. Вақте дар ҳавлӣ мегрдам, падараш гапҳои бисёр мезанад, ман хотири калон буданаш хап мекунам, лекин бисёр маро ғам медиҳанд дар он хона. Ба тамоми мақомотҳо навиштагӣ ҳастам”.

Таманно мегӯяд, бародари шавҳари собиқаш ӯро таҳдид кардааст, ки аз даъвои сокин шудан дар хонаи шавҳари пешина даст бикашад. Ӯ мегӯяд, барояш машварат доданд, ки дар хонаи шавҳари собиқ маскун нашавад, чун зиндагиаш пурмушкил мешавад, вале мегӯяд, азбаски ҷои дигаре барои рафтан надорад, қабул кард.

Бахтовар Абдуллоев, шавҳари собиқи Таманно гуфт, пули алименти фарзандонро ҳар моҳ пардохт намуда ва омода буданд ба Таманно манзил харанд, вале худи ӯ инро нахост. Чизе, ки ин зан рад карда, мегӯяд, борҳо чунин ваъда додаанд, вале иҷро накарданд.

Зани маскуншуда талаб дорад, ки тавассути деворе аз наздикони шавҳари собиқаш ҷудо бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Меҳровар Абдуллоев, бародари Бахтовар Абдуллоев, шавҳари собиқи Таманно, ки худро блогер номид ва дар Интернет баъзе наворҳояш дида мешавад, нахост дар ин бора суҳбат кунад. Вай фақат гуфтаҳои Таманноро беасос номид, вале омодаи суҳбат дар рӯбарӯи дурбини Радиои Озодӣ нашуд.

Таманно дар як маркази саломатӣ бо маоши 1500 сомонӣ кор мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ кофӣ набудааст. Дар ин ҳавлӣ танҳо як ҳуҷраро ба ӯ додаанд. Мехоҳад ҳуҷраи ӯро комилан ҷудо карда, дар байн деворе кунанд ё ҷои дигаре ба ӯ сарпаноҳ диҳанд, то аз таҳдиду таҳқир халос шавад.

Тибқи омори расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор оила барҳам хӯрдааст ва маскун шудани занҳо дар манзили шавҳари собиқ аз мушкилиҳои печидаест, ки солҳост ҳалли худро намеёбад.

Равоншинос Наргис Тоймастова дар робита бо қазия ба Радиои Озодӣ гуфт,

“Одам аз фазое, ки дар он ҷо зӯроварӣ буд, камбудӣ буд, мисол, онҳо худашонро он қадар хушбахт хушҳол ҳис намекарданд, боз ба ҳамон фазо бармегардад. Ба он фазо, ки баргаштанд, албатта, ягон ҷои хубаш нест, чунки он фазо боз таъсири худашро мерасонад. Боз мумкин, ки бадтар мешаваду беҳтар не”.

Ин равоншинос мегӯяд, беҳтар аст дар масъалаи чӣ гуна будани аҳволи занони маскуншуда дар манзили шавҳари пешина таҳқиқоте анҷом шавад ва аз нигоҳи қонунгузорӣ низ масъала ниёз ба баррасӣ дорад.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад. Тибқи қонунҳои ҷорӣ, талаби онҳо барои сукунат дар хонаи собиқ шавҳар қонеъ мешавад, аммо аксаран рӯзгори талхе доранд ва мисли Таманно ғарқи андешаанд, ки чӣ кор кунанд.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG