Ин сокини Сурхондарё шикоят дорад, ки фарзанди ноболиғашро моҳи августи соли равон ба як марди 28-сола ба шавҳар додаанд. Талошҳои кормандони хадамоти иҷтимоӣ барои ҷилавгирӣ аз ин арӯсӣ, ки ғайриқонунӣ дониста мешавад, ноком анҷомидаанд.
Падар аз он ба хашм омадааст, ки танҳо баъди арӯсӣ дар ин бора хабар ёфтааст.
Ба қавли падар, духтарашро барои саркашӣ аз ин издивоҷ модару бародараш таҳдид карда, ҳатто ҳамчун ҷазо мӯи сарашро тарошидаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, духтар мегӯяд, ки модараш амр дод ва бародараш сарашро тарошид. Никоҳи духтар дар ҳеч ҷое расман сабт нашудааст ва танҳо маросим бар пояи шариати исломӣ сурат гирифтааст.
Дар Узбекистон синни издивоҷ аз 18-солагӣ муқаррар шудааст ва издивоҷи афроди аз ин син поёнтар ҷиноят дониста мешавад. Ҳарчанд, қонун иҷозат намедиҳад, вале ҳанӯз ҳам дар ин кишвар чунин издивоҷҳо ба назар мерасанд.
Абдумалик Ҳасанов, падари духтар, аз ин кор хашмгин шуда, ин амалро ҷиноят донистааст. "Кори онҳо ҷиноят аст. Онҳо духтари ноболиғро ба шавҳар доданд. Ман падари ӯ ҳастам. Ӯ духтари ман аст. Чаро онҳо ӯро бе иҷозати ман шавҳар доданд?”—гуфт ӯ.
Тибқи ахбори расида, издивоҷи ин духтар аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш мешавад.
Синни расмии издивоҷ дар Ӯзбекистон барои духтару писар аз 18-солагӣ муқаррар шудааст.
Гуфтугӯ