Дар чанд ҷумла
Дар Тоҷикистон 12 нафарро барои никоҳи духтарони ноболиғ ҷавобгар кардаанд

Дар чор соли ахир дар Тоҷикистон тақрибан 90 нафарро барои ба шавҳар додани ноболиғон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли гузашта 12 нафар барои издивоҷи ғайриқонунии духтароне, ки тибқи қонун ба синни оиладорӣ нарасидаанд, муҷозот шудаанд.
Солҳои пештар ин рақам зиёдтар будааст.
Дар гузориши ҳафтуми Тоҷикистон ба Кумита оид ба хатми нақзи ҳуқуқи занон дар СММ, ки моҳи декабр нашр шудааст, омадааст, аз соли 2017 то соли 2022 дар кишвар беш аз 100 ҳолати бастани ақди никоҳ бо духтарони то 18 сола ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон синни расмии издивоҷ 18-солагист.
Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди ба роҳ мондани барномаву чорабиниҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз издивоҷи бармаҳал ин мушкил ҳанӯз ҷой дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, омори издивоҷ бо духтарони ноболиғ эҳтимол бештар аз нишондоди расмист. Зеро дар бархе ҳолатҳо хонаводаҳо танҳо бо бастани ақди никоҳи мусалмонӣ иктифо мекунанд ва расман издивоҷи худро ба қайд намегиранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп гуфт, ИМА ба Украина мушаки дурпарвоз медиҳад

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзи 6-уми сентябр эълом дошт, ки "дар бархе маврид" дар бораи додани мушакҳои болдори "Томаҳавк" ба Украина қарор қабул кардааст.
Ин нуктаро ӯ зимни посух додан ба суолҳои хабарнигорон дар Кохи Сафед баён кард.
Бо ин ҳол, Трамп гуфт, мехоҳад ба суолҳо дар бораи он, ки Украина ин мушакҳоро чӣ гуна истифода мекунад ва ба куҷо зарба хоҳад зад, посух бигирад.
Ӯ афзуд, ки дар фикри бадтар шудани вазъ нест, балки барои поён ёфтани ҷанг талош хоҳад кард.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Владимир Зеленский, президенти Украина, дар мулоқоти ахир бо Трамп дар Ню-Йорк масъалаи додани мушакҳои "Томаҳавк"-ро баррасӣ кардааст. Ин мушак то 2500 километр метавонад парвоз кунад.
Замони ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мустақиман ба Украина силоҳ намедиҳад, балки аслиҳаро ба кишварҳои узви НАТО мефурӯшад ва баъдан онҳо ба Украина дода мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки "Томаҳавк" чӣ гуна ба Украина дода хоҳад шуд.
Владимир Путин, президенти Русия, пештар гуфта буд, ки таҳвили мушакҳои "Томаҳавк" ба Украина ҷараёни ҷангро тағйир намедиҳад, аммо боиси "хароб шудани" равобит миёни ИМА ва Русия хоҳад шуд.
Мухолифони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши САҲА ба Лаҳистон рафтаанд

Гурӯҳу созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, барои ширкат дар ҳамоши солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Лаҳистон (Полша) сафар кардаанд.
Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 6-уми октябр дар Варшава оғоз шуд, масоили ҳуқуқи башар ва демократия дар кишварҳои узви ин созмон баррасӣ мешаванд. Тоҷикистон узви ин созмон аст, вале имсол чун соли пеш ҳеч намояндаи ҳукумат дар ҳамоиш дида намешавад.
Намояндагони созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломӣ, "Гурӯҳи 24" ва созмони "Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" мегӯянд, дар ҳамоиши САҲА нақзи густардаи ҳуқуқи инсон, саркубу зиндонӣ сохтани фаъолон ва азияти онҳо дар зиндонҳои кишварро матраҳ хоҳанд кард. Чун қоидаи маъмул, намояндагони ҳукуматҳо бояд ба танқидҳои фаъолону мухолифон посух гӯянд, вале соли дуюм аст, ки Тоҷикистон ба ин ҳамоиш намоянда намефиристад.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони мақомот ва коршиносони ҳукуматӣ то ҳол наомадаанд ва маълум нест, ки ширкат хоҳанд кард ё на.”
Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд.
Созмони "Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ" дар нахустин рӯзи оғози нишаст чанд маҷаллаеро дар бораи таъқибу боздошт ва ба маҳбас кашида шудани фаъолони маданӣ муаррифӣ кардааст. Дар ин маҷаллаҳо дар бораи фаъолони Бадахшон, мисли Улфатхоним Мамадшоева, Чоршанбе Чоршанбиев ва сиёсатмадорон, Шокирҷон Ҳакимову Саидҷаъфар Усмонзода маълумот ҷой дода шудааст, ки феълан бо ҳукмҳои тӯлонӣ дар зиндон қарор доранд.
Ин ҳолатҳо чун намунаҳои "поймолкунии дағалонаи ҳуқуқ" ва "муҳокимаҳои ноодилона" дар Тоҷикистон тасвир шудаанд.
Ҷаласаи Варшава як ҳамоиши солонаест, ки барои арзёбии мавқеъ ва назари гурӯҳҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ аз саросари ҷаҳон барпо мешавад. Дар баробари ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо, дар кори он мухолифон, хабарнигорон, блогерҳо ва фаъолони ҷудогона ҳақ доранд иштирок ва изҳори назар кунанд.
Чораҳои шадиди амниятӣ дар Душанбе дар остонаи ҳамоиши сарони ИДМ

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон ба хотири баргузории ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тадобири шадиди амниятиро рӯи даст гирифтаанд. Ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 8-12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7 октябр бо нашри як хабарнома аз мардуми кишвар хост, ки рӯзҳои 8-12 октябр бе зарурат ба Душанбе сафар накунанд. Пулиси Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиётҳои ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Мақомот ҳамчунин эълон карданд, ки дар ин рӯзҳо бозорҳои "Корвон", "Кӯшониён", "Меҳргон", инчунин марказҳои савдои "Панҷшер", "Ганҷина" ва "Садбарг", муваққан баста мешаванд. Ба гуфтаи пулис, ҳамзамон аз 7 то 12 октябри соли ҷорӣ дар масҷидҳои "Мавлоно Яъқуби Чархӣ", "Сари Осиё", "Абӯ Ҳанифа", "Ҳоҷӣ Исматулло" ва аз санаи 8-ум то 12-уми октябр масҷиди ба номи "Эмом-ал-Бухорӣ", намозҳои ҷамоат барпо намешаванд.
Сар аз субҳи 7 октябр аллакай рафтуомад дар кӯчаҳои марказии Душанбе маҳдуд ва чанд қисмати роҳ баста буд. Ба гуфтаи шоҳидон ва бар асоси наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар даромадгоҳҳои шаҳр низомиён истодаанд. Гуфта мешавад, ки сохторҳои қудратии кишвар ҳайати шахсиро ба ҳолати казармавӣ ва омодабош сафарбар кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши ИДМ дарс дар мактабу донишгоҳҳо ва таълим дар кӯдакистонҳо қатъ намешавад.
Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабарҳо дар мавриди қатъи дарсҳо дар кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳоро бинобар баргузории нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанбе, рад кард.
Вай гуфт, "тибқи ҷадвали дарсӣ, дарсҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда шудааст. Дар ҳама зинаи таҳсилот - томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дарс аст".
Хуршед Мавлонов афзуд: "Аксари хонандаҳо ба муассисаҳои наздик ба хонаҳои худ ба дарс мераванд. Дар боғчаҳо низ ҳамчунин. Мушкили ба дарс дер омадан шояд барои донишҷӯён ба миён ояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи салоҳияти худ ҳолати мазкурро бояд ба инобат гиранд".
Ихроҷи ронандагони мошинҳои борбар аз Осиёи Миёна дар Русия

Тағйири қоидаву қонунҳои муҳоҷират дар Русия ба кори ронандагони мошинҳои боркаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зарба задааст.
Ҳафтаҳои ахир нерӯҳои амниятии Русия ба боздошт ва ихроҷи дастаҷамъонаи ронандагони мошинҳои борбар аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон оғоз кардаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирони ронанда, ин амали пулис ба қоидаи "будубоши 90 рӯза" ро ба кор мебаранд.
Аз аввали соли равон шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид надоранд, ҳақ надоранд, ки дар як сол аз 90 рӯз бештар бимонанд. Қаблан мӯҳлат 180 рӯз буд.
Вале тибқи қонунҳои ҳатто худи Русия, ронандагони байналмилалӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш ба ин гурӯҳ шомил нестанд. Онҳо бо санадҳои махсуси гумрукӣ барои бор ва мошинҳои худ вориди кишвар мешаванд. Вале бо ин вуҷуд, маъмурини рус онҳоро дар роҳҳои байналмилалӣ нигаҳ медоранд.
Ронандаҳо мегӯянд, онҳоро ба шӯъбаи пулис бурда, ҷарима мекунанд ва 5 рӯз муҳлат медиҳанд, то Русияро тарк кунанд. Бархеро маҷбур мекардаанд, ки билет харида, аз кишвар берун шаванд.
Ронандагони мошинҳои боркаш, ки мегӯянд барои бозорҳои Русияву кишварҳои дигар мева меоранд, бархе барои фирор аз тафтишу бозпурсиҳо, маҷбуранд фақат шабона кор кунанд.
Парванда зидди 107 ҷавон барои саркашӣ аз хидмат дар артиш

Соли 2024 дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмат дар артиш нисбати 107 ҷавони синни даъватӣ парванда боз карда, 30 нафар бо ҳукми додгоҳ ҷазо гирифтаанд.
Бино ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки соли равон нашр шудааст, парванда алайҳи ҷавонони синни даъват аз рӯйи моддаи 343 Кодекси ҷиноятӣ, яъне саркашӣ аз рафтан ба артиш баррасӣ шудааст. Тибқи қонун барои ин иттиҳом то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ду сол зиндон, пешбинӣ шудааст.
Бар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли гузашта 34 ҳолати фирори сарбозон аз артиш ба қайд гирифта шудааст.
Омбудсмени тоҷик дар гузориши ахири худ ҳамчунин аз муҷозот шудани 13 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ хабар додааст.
Айни замон Омбудсмен дар гузоришаш аз он тавсиф кардааст, ки нисбати солҳои пеш донишҳои ҳуқуқии сарбозон беҳтар шудааст. Ваколатдори ҳуқуқи инсон сабаби инро ба зиёд шудани сарбозони таҳсилдида дар қисмҳои ҳарбӣ рабт додааст.
Сабаби асосии сарпечӣ ва фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмиро баъзе аз сокинону ҳомиёни ҳуқуқ ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайванд медиҳанд, ки гоҳҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Полиси Маскав қарори ихроҷи 1400 муҳоҷири кориро содир намуд

Полиси Маскав, ки акнун ҳақи бидуни додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, қарори аз Русия берун кардани 1,4 ҳазор муҳоҷири кориро содир намуд. Сеяки онҳо ё 450 нафарашон аз оғози имсол бо гуноҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишвар ронда шудаанд.
Дар ин бора бо такя ба полиси шаҳри Маскав хабаргузории Интерфакс иттило дода навишт, ки ин шумори хориҷиҳои ғайриқонунӣ дар паи 7632 рейд дар маконҳои ҷамъиятиву тиҷоратӣ ва хобгоҳҳои Маскав ошкор шудаанд.
Полис гуфтааст, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав беш аз 240 нафар ошкор шуд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф дар ҷустуҷӯ буданд. Ба гузориши полис, дар соли ҷорӣ шаҳрвандии Русия дар нисбати 32 нафар қатъ карда шуд. Дар бист ҳолат сабаби бекор шудани шаҳрвандии ин нафарон ба содир кардани ҷиноятҳои махсусан сангини мисли куштор, одамрабоӣ ё таҷовуз ба номус рабт доштааст.
Дар идома полиси Маскав гуфтааст, ки дар соҳаи муҳоҷират соли ҷорӣ 58 ҳазор ҳолати вайрон шудани қонун ошкор шудааст.
Дар Русия баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус сити ҳол» дар моҳи марти соли 2024, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷирони корӣ қабул шуд. Инчунин, салоҳиятҳои полис дар ихроҷи муҳоҷирон бештар гардид.
Бархе ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар асл дурустии ҳамаи иттиҳомҳои зидди муҳоҷирон содиршуда бояд санҷида шавад, чун полис ва дигар мақомоти Русия бо истифода аз мақоми худ метавонанд осон қарорҳои нодуруст содир ва ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол кунанд.
Як мояи интиқод аз полиси Русия ин аст, ки бо шеваи бисёр бераҳмонау дағалона ва таҳқиромез ба макони зисту таҷаммӯи муҳоҷирон юриш карда, бебандубор ба санҷиши санадҳо мепардозад. Чунин шеваи бархӯрд бо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ одат шудааст.
Дар Тоҷикистон сокинони синнашон аз 100-сола болоро ҳисоб кардаанд

Дар Тоҷикистон беш 415 нафари синнашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекардаанд. Дар ин бора рӯзи 6 октябр хабаргузории расмии Ховар бо такя ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Кӯҳансолтарин сокини Тоҷикистон Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола будааст, ки соли 1905 ба дунё омада дар ноҳияи Дарвоз ба сар мебарад. Баъди ӯ Гулракат Назароваи 117-сола, сокини Данғара мебошад, ки соли 1908 ба дунё омадааст. Ин маълумот то моҳи июли соли 2025-ро дар назар мегирад, навиштааст хабаргузорӣ.
Омори расмӣ мегӯяд, то аввали соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон 306 шаҳрванди аз 100-сола боло ба қайд гирифта шудаанд, ки 169 нафари онҳо марду 137 нафарашон зан мебошанд. Тӯли ҳаёти сокинони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 76,6-солагӣ расидааст.
Дар идомаи хабар иддао мешавад, ки синни миёнаи зисти сокинони Тоҷикистон дар қиёс бо даҳсолаҳои гузашта афзудааст ва сабабаш ҳам “беҳбуди шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва хадамоти тиббӣ барои кӯҳансолон” гуфта шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки нафақахӯрҳои Тоҷикистон дар асл аз камии ҳаҷми нафақа интиқод мекунанд ва дар аксар хонаводаҳо даст ёфтани пиронсолон ба зиндагии таъмину шоиста бидуни ёрии фарзанду набераҳо имкон надорад.
Як интиқоди ахир аз бисёр нокофӣ будани нафақа аз забони коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов садо дод, ки рӯзи 25 август дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, баъди 40 соли кор ба ӯ дар Тоҷикистон “Пули нафақа - 551 сомонӣ (тақрибан $59) дар як моҳ» ҳисоб кардаанд. Мақомот ба ин интиқоди ӯ ҳеҷ вокунише накарданд.
Амрико: то панҷ ҳазор зархариди Куба алайҳи Украина меҷанганд

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, то 5 ҳазор шаҳрванди Куба аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷанганд. Дипломатҳои ИМА бо расондани ин омор ба намояндагони кишварҳо дар Созмони милал талош карданд, ки онҳоро мутақоид кунанд то аз қатънома барои лағви таҳримҳо алайҳи Куба пуштибонӣ накунанд. Қарор аст овоздиҳӣ барои бекор кардани таҳримҳои молӣ алайҳи Куба 8-уми октябр дар Созмони Милал баргузор шавад.
Хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико навиштааст, ҳузури шаҳрвандони Куба дар ҷанги Русия алайҳи Украина далели асосии Вашингтон барои рад кардани қатънома аст.
“Баъди Кореяи Шимолӣ, Куба дуюмин кишваре аст, ки зархаридонро ба ҷанги Русия алайҳи Украина фиристодааст”, - омадааст дар санад.
Кореяи Шимолӣ, ки сарбозони худро расман ба тарафдории Русия фиристод ва онҳо дар вилояти Курск алайҳи неруҳои Украина ҷангиданд. Аммо ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Куба пинҳонӣ зархаридонро ба Русия фиристод то муқобили Украина биҷанганд.
Пештар Андрей Юсов, роҳбари бахши истихборотии артиши Украина гуфта буд, эҳтимол то 20 ҳазор кубоӣ аз тарафи Русия меҷанганданд. Кушта шудани 39 шаҳрванди Куба дар ҷанг тасдиқ шудааст.
Раъйдиҳӣ барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Куба аз соли 1992 баргузор мешавад ва иҷро кардани он ҳатмӣ нест. Соли гузашта ба тарафдорӣ аз ин қатънома 187 кишвар овоз доданд ва танҳо Амрико ва Исроил ба он мухолифат карданд.
Аввалин интихобот дар Сурия баъди суқути Башор Асад

Дар Сурия аввалин интихоботи порлумонӣ баъди сарнагун шудани ҳукумати Башор Асад баргузор шуд.
Овоздиҳии кумитаҳои маҳаллӣ барои интихоботи аъзои порлумони интиқолии Сурия рӯзи 5-уми октябр анҷом шуд. Вале мунтақидон аз ин раванд танқид карданд, чун ба гуфтаи онҳо интихобот бидуни риояи усулҳои демократӣ анҷом шудааст.
Аъзои кумитаҳои маҳаллӣ дар китобхонаи миллии Сурия овоз доданд. Комиссияи интихобот гуфт, "овоздиҳӣ тамом шуда, баргаҳои раъйро ҳисоб доранд". Қарор аст натиҷаҳои интихобот 6-уми октябр эълон шавад.
Тибқи эълони комиссияи интихобот, беш аз 1500 номзад дар рақобат ҳузур доранд, ки танҳо 14 дарсади онҳо занон ҳастанд. Давраи кори порлумони нави Сурия 35 моҳ муқаррар шудааст ва ин ин муҳлат метавонад тамдид шавад.
Интизор меравад, ки ташкили порлумони нав қудрати Аҳмад Шаръ, раиси ҷумҳури мувақатро мустаҳкам кунад. Неруҳои ҷиҳодии таҳти роҳбарии ӯ моҳи декабри соли гузашта эътилоферо роҳбарӣ карданд, ки ҳукумати Башор Асадро сарнагун карданд.
Аҳмад Шаръ аз 210 узви порлумон 75 намояндаро шахсан таъйин мекунад. Боқимондаи вакилон аз сӯи кумитаҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд. Узви ин кумитаҳои низ аз сӯи комиссияи интихобот таъйин шудаанд.
Рубио: гаравгонҳои исроилӣ бояд рӯзҳои наздик озод шаванд

Дар Навори Ғазза оташбас ҷорӣ нашудааст, аммо низомиёни Исроил зарбаҳои ҳавоиро муваққатан қатъ карданд. Дар ин бора як намояндаи ҳукумати Исроил рӯзи 5-уми октябр хабар дод. Ба гуфтаи ин нафар, неруҳои исроилӣ бо ҳадафҳои дифоӣ метавонанд ҳамчунон аз силоҳ истифода баранд.
Баъди эълони омодагии гуруҳи "Ҳамос" барои озодии ҳама гаравгонҳои исроилӣ ва баррасии тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико хостори қатъи ҳамла ба Ғазза шуд.
Марко Рубио, котиби давлатии Амрико 5-уми октябр дар суҳбат бо шабакаи CBS гуфт, барои озодии гаравгонҳо зарур аст, ки бомборони Навори Ғазза қатъ шавад. Рубио гуфт, музокирот барои озодии гаравгонҳо идома дорад.
Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки ҳайати ин кишвар 5-уми октябр барои музокирот ба Миср рафтааст.
Миср рӯзи 6-уми октябр мизбони музокирот миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” хоҳад буд. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони баландмақоми амрикоӣ низ ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол даҳҳо ҳазор исроилӣ бо ширкат дар таҷаммуъи ҳомиёни хонаводаҳои гаравгонҳо хостори амалӣ шудани тарҳи сулҳи Доналд Трамп шуданд.
Вазорати хориҷаи Миср дар баёнияе навишт, дар ин музокирот “шарту шароити табодули гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ мутобиқ бо пешниҳоди раиси ҷумҳур Трамп” баррасӣ мешавад.
"Барои Тоҷикистон нигаронкунанда аст". Нигаронии вазир аз тағйирёбии иқлим

Як узви ҳукумати Тоҷикистон пайомадҳои тағйирёбии иқлимро ба иқтисоди кишвар нигаронкунанда хондааст.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об 3-юми октябр зимни ҳамоише дар шаҳри Остона гуфтааст, "хавфи афзояндаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронкунанда аст".
Ба гуфтаи вазир, саҳми Тоҷикистон дар партоби газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст, аммо кишвар "ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад".
Як нигаронии асосии Далер Ҷумъа ин будааст, ки пиряхҳои Тоҷикистон "бо суръати шадид об мешаванд". Тибқи омори вазири энергетика, дар асри 20 тақрибан 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир аз гармшавии ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо нигаронӣ мекунанд.
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Вале бо вуҷуди ин аксари сокинон дар дохили Тоҷикистон бо оби тоза таъмин нестанд.
Ҳамлаи артиши Русия ба чанд минтақаи Украина

Артиши Русия шаби 4 ба 5-уми октябр ба чанд минтақаи Русия ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи волии вилояти Запороже, дар пайи ҳамлаи неруҳои рус ба ин минтақа як нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар захм бардоштанд. Ба гуфтаи манбаъ, чанд бино осеб дида, як мошин сӯхтааст. Ҳамчунин зиёда аз 73 ҳазор кас бе нерӯи барқ мондаанд.
Мақомоти вилояти Лвов гуфтанд, шаби 5-уми октябр дар ҳамлаи неруҳои Русия ба ин минтақа ду нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар захмӣ шуданд.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина аз ҳалокати чор нафар хабар додааст.
Андрей Садовий, волии Лвов гуфтааст, як қисмати маркази вилоят бебарқ мондааст.
Эътирозгарон дар Гурҷистон хостанд қасри президентро тасарруф кунанд

Дар пайи интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Гурҷистон, муътаризон талош карданд қасри президентро дар шаҳри Тифлис ғасб кунанд. Ба гузориши сомонаи "Эхо Кавказ", ба гуруҳе аз эътирозгарон муяссар шуд, ки вориди ҳавлии қасри президент шаванд.
Неруҳои вижаи пулис барои дифоъ аз қасри президент ва пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва мошини обпош истифода карданд. Гузориш шудааст, ки пулис барои юриш ё ҳамлаи аввали эътирозгарон омода набуд ва неруҳои иловагӣ талаб кард. Ба гузориши расонаҳо, 16 афсари пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Саломе Зурабишвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон, ки дар сафи мухолифин аст, талоши тасарруфи қасри президентро иғво номид.
Рӯзи 4-уми октябр дар Гурҷистон интихоботи мақомоти маҳаллӣ баргузор шуд. Аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҳизби президенти собиқ Михаил Саакашвили овоздиҳиро бойкот карданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ аз баргузории тазоҳуроти осоишта дар маркази Тифлис хабар доданд.
Паат Бурчуладзе, овозхони опера ва аз созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ ҳукуматро ғайриқонунӣ хонд ва аз интиқоли ҳокимият "ба дасти мардум" хабар дод.
Раъйпурсӣ барои бозгардонии ҳукми қатл дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон барои баргардондани ҳукми қатл ба Кодекси ҷиноӣ раъйпурсӣ баргузор мешавад. Дар ин бора президент Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо сомонаи давлатии "Кабар" хабар додааст.
Ҳафтаи гузашта Ҷабборов дастур дода буд, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи баргардонидани ҳукми қатл таҳия шавад. Ба гуфтаи сухангӯи президенти Қирғизистон, гап асосан сари онҳое меравад, ки ба ҷинояти озори ҷинсии кӯдакон ва ё куштори занон даст мезананд.
Ин тасмими раисҷумҳури Қирғизистон дар пасманзари қатли як духтари 17-сола гирифта шуд. Ҳодиса дар вилояти Иссикул рух дода, дар ин кишвар сару садои зиёде ба по кардааст.
Айсуулу рӯзи 27-уми сентябр нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро аз дараи Бум пайдо карданд. Бо гумони куштори ӯ як сокини 41-солаи Бишкек боздошт шудааст.
Бархеҳо кормандони милисаро ба иҷро накардани вазифаашон муттаҳам карданд. Содир Ҷабборов гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаро шахсан назорат мекунад.
Қирғизистон соли 2007 ҳукми эъдомро манъ кард. Пешниҳодҳо дар бораи дубора баргардонидани он дар ин кишвар чанд сол боз садо медиҳанд. Бори ахир соли 1998 ҳукми қатл дар Қирғизистон иҷро шуда буд.
Як зан бори аввал дар таърихи Ҷопон дар остонаи нахуствазирӣ қарор гирифт

Ҳизби ҳокими Ҷопон бо интихоби Санаэ Такаити ба унвони раҳбари худ, ӯро дар масир қарор гирифтан дар ҷойгоҳи нахустин сарвазири зан дар ин кишвар қарор дод.
Ҳизби либерал демократи Ҷопон, ки тақрибан пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ Ҷопонро идора кардааст, Санаэ Такаитии 64-соларо бо ҳадафи бозгардондани боварии умумӣ мардум, ки аз боло рафтани нархҳо хашмгинанд, рӯзи 4 октябр раҳбари худ интихоб карданд.
Сарнавишти ниҳоии мақоми сарвазирии Ҷопон дар раъйгирӣ дар порлумон рӯзи 15 октябр, маълум хоҳад шуд.
Раҳбари ҳизби ҳокими кунунии Ҷопон танҳо дар сурате мумкин аст ба нахуствазирӣ нарасад, ки ҳизбҳои мухолиф муттаҳид шаванд ва бар рӯи як номзади дигар ба созиш бирасанд. Иттиҳоде, ки расонаҳои ҷараёни аслӣ шакли гирифтани онро номумкин медонанд.
Санаэ Такаити, ки пештар вазири амнияти иқтисодӣ ва умури дохилӣ будааст ва барномаи молии тавсеаталабонае барои чаҳорумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дорад, раҳбарии ин ҳизбро дар шароити буҳронӣ ба дӯш мегирад.