Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши як намояндаи Тоҷикистон ба изҳороти вакили Русия


Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия
Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти камсобиқа ба ҳарфҳои Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия, дар робита ба таълими фанни "Таърих" дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ вокуниш кард.

Шоҳин Самадӣ
Шоҳин Самадӣ

Шоҳин Самадӣ рӯзи 7-уми октябр дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, аз Маҷлиси Намояндагон хоста шудааст, ки дар нишасти байнипорлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе низ гуфтаҳои Матвеевро дар миён бигузоранд.

Михаил Матвеев рӯзи 26-уми сентябр ҳангоми қабули Созишнома дар бораи таъсиси Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон аз таблиғоти, ба гуфтааш, зиддирусӣ дар китоби таърих дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ ибрози норизоятӣ кард.

Ӯ гуфт: "Барномаи таърихи халқи тоҷикро дидам, ки дар мактабҳои русӣ-тоҷикӣ, бавижа, дар мактаби ба номи Ломоносови шаҳри Бохтар таълим дода мешавад. Дар он ҷо пайвастан ба империяи Русия ҳамчун “ҳуҷум”, “ишғол” ва “истеъмор” тавсиф шудааст. Истифодаи пули Русия барои таблиғоти зиддирусӣ каме аҷиб менамояд."

Шоҳин Самадӣ, намояндаи расмии ВКХ-и Тоҷикистон, рӯзи душанбе гуфт, пеш аз ҳама дар ин гуна мавзуъҳо бояд донишмандону таърихнигорон ва намояндагони Вазорати маориф гап зананд: "Ман аз тарафи худ ба ҷаноби Матвеев маслиҳат медиҳам, ки китоби дарсии "Таърихи Русия" (зери таҳрири Н. М. Арсентев, А. А. Данилов ва А. А. Левандовский), қисми 1, барои синфҳои 9-умро бихонад. Онро ниҳодҳои зидахли Русия барои таълим дар мактабҳои русӣ тавсия додаанд. Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и ин китоб таваҷҷуҳ кунад."

Самадӣ дар идома дар мавриди ба истилоҳ “наслкушӣ”-и солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ки Матвеев дар бораи он низ гап задааст, вокуниш кард. Вай мегӯяд, "ин дар ҳақиқат барангехтани кинаву адовати байни миллатҳост ва бояд ниҳодҳои марбутаи Русия ва Тоҷикистон ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”

Ӯ афзудааст, “шунидани чунин изҳорот аз шахсе, ки бо тоҷику муҳоҷирбадбинӣ шуҳрат ёфтааст, тааҷҷубовар нест. Ҳадаф танҳо якест: бозӣ бо эҳсоси интихобкунандагони зудбовар. Чунин изҳорот ба ҷуз зиён ба ҳампаймонӣ ва шарикии старатегии Тоҷикистону Русия чизи хубе дар пай надорад."

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса чандин Тоҷикистонро дастгир карда, чаҳор нафари онҳоро омилони асосӣ номбар мекунанд.

Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд. Чанд рӯз пеш Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар Душанбе ба мақомоти Русия гуфт, аз бадрафтории Маскав бо муҳоҷирони тоҷик нигарон ҳастанд.

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснулин дар посух гуфтааст, “бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне, мо ба тартиб медарорем. Ба нерӯи корӣ зарур аст, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳанд буд”.

XS
SM
MD
LG