Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостааст, ки барои озодии фаврӣ ва бе қайду шарти рӯзноманигорони маҳбус ва зиндониёни сиёсӣ ба раҳбарони Осиёи Марказӣ фишор биорад. Танҳо дар Тоҷикистон аз соли 2022 то 2025 даҳ рӯзноманигор ва блогерро аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд.
Изҳороти Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) рӯзи 5-уми ноябр, як рӯз пеш аз мулоқоти Трамп бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нашр шуд. Мулоқоти онҳо дар Вашингтон мегузарад.
Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) гуфтааст, ҳарчанд нишаст “имкони муҳим барои беҳтар кардани робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа аст”, вале набояд поймол шудани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ нодида гирифта шавад.
“Ҳукумати Амрико... ба ин васила барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи одамон ва демократия дар минтақа талош кунад,” – ишора шудааст дар изҳорот.
Аз байн бурдани қонунҳое, ки кори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳоро “сензура” мекунад ва ислоҳоти ҳақиқӣ барои мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ дар Осиёи Марказӣ аз хостҳои дигари Кумитаи Ҳелсинки будааст.
Ин созмон мегӯяд, дар чанд соли охир дар Тоҷикистон дастикам 700 созмони иҷтимоӣ баста шуда, шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистону Туркманистон мушкили умда мемонад.
Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) аз саркӯби сиёсӣ, боздоштҳои худсарона, саркӯби озодии баёну расонаҳо дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ изҳори нигаронӣ кардааст. Риоя накардани таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав, истифодаи тоҷикону узбекҳо ва қирғизҳо дар ҷанги зидди Украина ва табъизу хушунат алайҳи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Русия аз ишораҳои дигари созмон аст.
Ин созмон мегӯяд, “раҳбарони Осиёи Марказӣ бояд ҳуқуқи башарро дар ҷойи аввал бигузоранд”, чун вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои зери раҳбарии онҳо бисёр бад аст. “Амрико бояд ин нишастро барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи башар истифода барад,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Аз ин пеш созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International низ аз раисҷумҳури Амрико ва аъзои Конгресс хост, ки ҳангоми суҳбат бо роҳбарони Осиёи Марказӣ риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази гуфтугӯ қарор диҳанд.
Баёниҳои ба ин монандро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва чанд созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо низ нашр карданд. Дар муроҷиати ҳамаи онҳо аз Доналд Трамп дархост шудааст, ки дар вохӯрӣ бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ таваҷҷуҳ кунад.