Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украинаву Русия дигарбора дар бораи поёни ҷанг гуфтугӯ мекунанд?


Вилояти Донетск
Вилояти Донетск

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, даври нави музокироти сулҳ бо Русия ба рӯзи 23-уми июл дар Туркия таъйин шудааст ва дар замоне кишварҳои ғарбӣ фишорҳоро ба Маскав афзоиш додаанд, то ба созиши оташбас ризоият диҳад.

Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 21-уми июл гуфт: «Имрӯз ман бо Рустам Умаров масъалаи омодагӣ ба табодули асирон ва вохӯрии дигар бо ҷониби Русия дар Туркияро баррасӣ кардам. Рустам Умаров дабири нави Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина аст. Зеленский афзуд, ки мулоқот ба рӯзи чаҳоршанбе ба нақша гирифта шудааст. Рустам Умаров қаблан вазири дифои Украина буд ва ду даври аввали музокирот бо Русияро роҳбарӣ кардааст.

Ду рӯз пештар, аз ин Зеленский гуфт, ки пешниҳоди баргузории музокироти нав дар ҳафтаи ояндаро ба Маскав фиристодааст, агарчӣ гуфтугӯҳои моҳи гузашта барои поён додан ба ҷанг дар Украина ба ҳеч пешрафте ноил нашуданд. Зеленский дар муроҷиати шомгоҳии рӯзи 19-уми июл гуфт: «Барои расидан ба оташбас бояд ҳама кор анҷом дода шавад.»

Агар музокирот дар Туркия баргузор шавад, пас ин нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи ду тараф дар бештар аз якуним моҳи гузашта хоҳад буд. Ҳукумати Туркия гуфт, ки музокирот дар Истанбул баргузор мешавад.

Ҳукумати Русия сана ё макони даври нави музокиротро тасдиқ накарда ва танҳо гуфтааст, ки мунтазири иттилои бештар аст ва изҳор дошт, ки ҷонибҳо ҳанӯз дар масъалаи поён додан ба ҷанг мавқеъҳои комилан мухталиф доранд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт: «Мо як тарҳи ёддошти ҳусни тафоҳум дорем, ва Украина як тарҳи ёддошти ҳусни тафоҳум пешниҳод кардааст. Дар бораи ин ду тарҳ табодули назар ва музокирот сурат мегирад, ки ба ҳам комилан мухолифанд.»

Ҳукумати Русия гуфтааст, ки аз музокироти нав истиқбол мекунад, аммо «муҳимтарин чиз барои мо расидан ба ҳадафҳоямон аст. Ҳадафҳои мо равшан ва возеҳанд. Онҳо тағйир наёфтаанд.”

Русия исрор меварзад, ки бар асоси ҳар гуна созиши сулҳ, Украина бояд аз баҳри чаҳор вилояте бигзарад, ки Русия моҳи сентябри соли 2022 ишғол кардааст ва онҳоро дар ихтиёри Русия бигзорад.

Киев бояд ҳамчунин аз азми худ барои узвият дар НАТО даст кашад ва нерӯҳои мусаллаҳи хурд дошта бошад. Талаботе, ки Украина ва муттаҳидони Ғарбии он комилан рад кардаанд.

Хабаргузории давлатии ТАСС бо такя ба як манбаи беном навиштааст, ки эҳтимол даври ояндаи музокирот дар Туркия рӯзҳои 24 ё 25-уми июл баргузор шавад.

Зеленский пештар дар мулоқот бо дипломатҳои украинӣ гуфта буд, ки «мавзӯъҳо аз ҷониби мо равшан аст, яъне баргардонидани асирони ҷангӣ, бозгардонидани кӯдакони рабудашуда аз ҷониби Русия ва омодагӣ ба гуфтугӯи раҳбарон.»

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар ҳафтаҳои охир аз набуди пешрафт дар масъалаи созиши оташбас изҳори нигаронӣ мекард ва ҳафтаи гузашта ба Маскав 50 рӯз муҳлат дод, то ба созиш розӣ шавад, вагарна Русия зери таҳримоти саххтар қарор мегирад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, даъвати Зеленскийро барои мулоқот рад карда, гуфтааст, ки ӯ раиси ҷумҳури қонунии Украина нест. Музокироти пешина байни Русияву Украина рӯзҳои 16-уми май ва 2-уми июн дар Истанбул баргузор шуд ва ҳосили онҳо табодули асирон ва ҷасадҳои сарбозон буд, аммо дар масъалаи созиши оташбас ҳеч пешрафте ба даст наомад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Ҳейли, вазири дифои Бритониё, Борис Писториус аз Олмон, Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико ва Марк Рютте, дабири кулли НАТО дар як нишасти онлайни Гуруҳи тамоси дифоии Украина ширкат карданд.

Денис Шмиҳал, вазири дифои Украина дар ин нишаст аз муттаҳидони кишвараш хост, ки дар доираи барномаи пешниҳоди Трамп, ҳарчӣ зудтар ба Украина системаи зиддимушакии Патриотро бидиҳанд.

Трамп рӯзи 14-уми июл гуфт, кишварҳои НАТО аслиҳаи мавҷуда, аз ҷумла системаи Patriot-ро ба Украина хоҳанд фиристод ва Амрико пули тамоми ин муҳимоти ҷангиро хоҳад гирифт.

Дар ҷабҳа, нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки Русия бо 426 паҳподҳои навъи Шаҳид, 5 мушаки фаросавтии Кинжал ва 19 мушаки ҳидоятшаванда ба Киев ва дигар минтақаҳо зарба задааст. Ба гуфтаи онҳо, қариб нисфи паҳподҳо ва ҳамаи мушакҳо ба истинои яке аз онҳо дар осмон маҳв карда шудаанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев тасдиқ кард, ки як нафар дар пойтахти Украина кушта шудааст ва ду каси дигар дар ин ҳамлаҳои шабона ҷароҳат бардоштанд. Руслан Марсинкев, шаҳдори Ивано-Франковск, ҳамлаҳо ба ин шаҳрро бузургтарин аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 номид. Мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо, Русияро ба ҳамла ба зербунёдҳои ғайринизомӣ ва аҳолии осоишта муттаҳам ва онро ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мекунанд. Русия ин иддаоҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG