Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол 150 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам кардааст. Ин нукта дар гузориши Вазорати молия омадааст, ки Радиои Озодӣ 20-уми декабр бо муҳтавои он шинос шуд.
Бар асоси ин санад, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба каме бештар аз 3 миллиард доллар расидааст, ки ба 17,2 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар аввали имсол қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,1 миллиард долларро ташкил медод.
Бар асоси ин гузориши Вазорати молия, имсол Тоҷикистон қарзашро дар назди Эксимбонки Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст. Аз ҷумла қарзи Душанбе аз Эксимбонки Чин аз 820 миллион доллар ба 744 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён оварда буд.
Дар нуҳ моҳи соли 2025, Тоҷикистон ҳамчунин аз 500 миллион доллар маблағи евробондҳо 166 миллион доллари онро баргардондааст. Тоҷикистон дар соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ. Тоҷикистон бояд ин маблағро то соли 2027 баргардонад.
Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон як комёбии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вақти раиси Бонки миллӣ ва домоди президенти Тоҷикистон тавсиф мешуд. Ҳарчанд Бонки Осиёии Рушд дар соли 2018 гуфт, пардохти фоиз ё баҳраи “евробондҳо” ба иқтисоди Тоҷикистон гаронӣ мекунад.
Аммо дар соли равон қарзи Тоҷикистон дар назди созмонҳои молие чун Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки исломии рушд каме зиёд шудааст.
Тибқи омори Вазорати молия, Тоҷикистон то 1 октябри соли 2025 аз кишвар ва созмони молии ҷаҳонӣ ба ин миқдор қарздор аст:
| Қарздиҳандагон | Қарз ба ҳолати 1 январи 2025 | Боқимондаи қарз ба ҳолати 1 октябри 2025 |
| Бонки ҷаҳонӣ | 364,8 млн. доллар | 379,95 млн. доллар |
| Бонки Осиёии Рушд | 249,48 млн. доллар | 250,21 млн. доллар |
| Бонки Исломии Рушд | 219,46 млн. доллар | 250,31 млн. доллар |
| Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд | 208,61 млн. доллар | 225,17 млн. доллар |
| Фонди ОПЕК | 65,59 млн. доллар | 76,60 млн. доллар |
| Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд | 100,51 млн. доллар | 102,42 млн. доллар |
| Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ | 76,93 млн. доллар | 84,58 млн. доллар |
| Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) | 21,14 млн. доллар | 21,55 млн. доллар |
| Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ | 58,76 млн. доллар | 63,23 млн. доллар |
| Хазинаи Байналмилалии Асъор | 189,53 млн. доллар | 190,84 млн. доллар |
| Фонди Кувайтии Рушд | 41,08 млн. доллар | 38,67 млн. доллар |
| Ҷумҳурии халқии Чин-Эксимбонк | 820,96 млн. доллар | 744,81 млн. доллар |
| KfW (Олмон) | 14,97 млн. доллар | 16,20 млн. доллар |
| Фаронса (Natixis Bank) | 20,79 млн. доллар | 23,48 млн. доллар |
| Фонди Абу-Дабии Рушд | 4,71 млн. доллар | 4,21 млн. доллар |
| Евробондҳо | 500 млн. доллар | 333,33 млн. доллар |
| Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд | 132,39 млн. доллар | 138,45 млн. доллар |
| Ҷамъи қарзи хориҷии Тоҷикистон: | 3 187,64 млрд доллар | 3 037,29 млрд. доллар |
Охири моҳи ноябри имсол хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон гузориш дод, ки Душанбе ният дорад, ки соли 2026 аз кишвар ва созмонҳои хориҷӣ 6,3 миллиард сомонӣ ё қариб 680 миллион доллар қарз гирад.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад соли оянда ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ ё 548 миллион доллар қарзи хориҷиро баргардонад. Аз ин маблағ 3,3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳисоби ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла "Барқи тоҷик" бояд пардохта шаванд.
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ва чанд барномаи дигар ба гирифтани қарз аз хориҷ ниёз дорад.