Пайвандҳои дастрасӣ

"Даъвои курсӣ надорем." Фазои пеш аз интихобот дар Тоҷикистон


Бинои нави порлумони Тоҷикистон
Бинои нави порлумони Тоҷикистон

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии 2-юми март муайян карданд. Ҳарчанд дар байнашон вазири собиқ, раиси пешини Додгоҳи олӣ, дабири Шӯрои амният, устодони донишгоҳ ва намояндагони касбу кори дигар ҳастанд, бахши асосии онҳо барои ҷомеа чандон ошно нестанд.

"Рақибони ҷиддӣ"?

Мирзоанвар Аҳмадов, муовини раиси Ҳизби аграрӣ, бар ин аст, ки номзадҳои ин ҳизб "шахсони шоиста ва рақибони ҷиддӣ" мебошанд. "Раиси ҳизб Рустам Латифзода, мудири Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ Фазлиддин Икромӣ ва як-ду муовини раиси вилояту ноҳия низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо олим ё мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзиянд," -- гуфт ӯ.

Ҳарчанд то баргузории интихобот вақти зиёд намондааст, сабқати интихоботӣ ба мушоҳида намерасад. Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки раёсати наваш дар пайи як ҷанҷоли дохилиҳизбӣ сари кор омад, бо 9 номзад вориди корзор шуданист.

Алишер Идизода, номзади ин ҳизб аз ҳавзаи Сино-4, ки бо вазири собиқи адлия, номзад аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, вориди рақобат шуданист, аз ҳоло мегӯяд, ҳадафаш пирӯзӣ нест. "Пеш аз ҳама, ҳадафҳои барномаҳои ҳизбро роҳандозӣ кунем ва даъвои курсӣ надорем. Агар халқ интихоб кунад, чӣ қадаре овоз диҳад, ҳамонро эҳтиром мекунем," -- иқрор мекунад Идизода.

Маъракаи дилбазан?

Сарфи назар аз иддаои ҳизбҳо ва номзадҳояшон, ки дар натиҷаи рақобат курсии порлумонро ба даст оварданиянд, таҳлилгар Раҷаби Мирзо дар як шарҳи сиёсӣ дар нашрияи "Фараж" навиштааст, ки дар Тоҷикистон "интихоботҳо муҳлат доранд ва ба як маъракаи дилбазан" табдил меёбанд.

"Одамон дар интихоботҳои Тоҷикистон ба фикр фурӯ хоҳанд рафт: ба кӣ ва барои чӣ бояд овоз дод? Ба номзадҳои ношинос, ё на он қадар шинос? Ба онҳое, ки ҳ намедонанд ситоди интихоботӣ доранд, ё не? Чӣ барномаҳои тафовутпазир аз ҳукумат доранд?" – суол гузоштааст ин таҳлилгар.

Хуршеди Атовулло, мудири Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мегӯяд, дар гузашта маркази онҳо ба интихоботҳо таваҷҷуҳ дошт ва таҳлил мегузаронду бо номзадҳо суҳбат анҷом медод. Ӯ гуфт, ин бор ба далели ҷиддӣ набудан инъикоси интихоботро сарфи назар карданд.

"Аз ҳамон рӯйхате, ки пешниҳод шуд, аллакай маълум аст, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ ин навбат ягон ҳарифи ҷиддӣ надорад. Онҳое, ки аз ҳизбҳои дигар пешниҳод шудаанд, рақиб нестанд," -- мегӯяд Хуршеди Атовулло.

То интихобот вақти кам мондааст, сабқате ҳаст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Чеҳраҳо нестанд

То соли 2015 чеҳраҳои маъруфи фарҳангиву адабӣ, варзишӣ ва илмиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба таври худпешбарӣ вориди корзори интихобот мешуданд. Дар интихоботи соли 2020 аз миёни ин чеҳраҳо ҳеч кас худро номзад накард ва имсол низ, ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, то кунун касе довталаб нашудааст.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд. Аз 7 ҳизбӣ расмӣ, танҳо Ҳизби сотсиалист-демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳизби воқеии мухолиф дониста мешуд, на анҷуман баргузор кард ва на номзаде пешбарӣ.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА то кунун ҳашт интихоботро дар Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд. Баръакси созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамеша натиҷаҳои интихоботҳоро дуруст шумурдаанд.

XS
SM
MD
LG