Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистонро таҳрим кард


Иттиҳоди Аврупо муомила бо ин се бонкро манъ кардааст.
Иттиҳоди Аврупо муомила бо ин се бонкро манъ кардааст.

Иттиҳоди Аврупо дар доираи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия се бонки Тоҷикистонро ҳам ба рӯйхате ворид кардааст, ки ҳаргуна муомила бо онҳо манъ аст.

Дар қарори нави Шӯрои Аврупо аз рӯзи 23-юми октябр дар бораи таҳримоти иловагӣ номи “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” шомил шудааст.

Бар асоси қарор, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо се бонки шомилшуда дар феҳраст аз Тоҷикистон муомилот ба роҳ монанд.

Дар қарор доир ба эъмоли таҳримоти нав гуфта шудааст, ки “дар феҳраст, муассисаҳои мушаххаси кишварҳои саввум шомил карда шудаанд, ки аз роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молҳо ва технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегиранд.”

Пойгоҳи хабарии "Pamir Inside" навиштааст, ки се бонки таҳримшуда ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таалуқ доранд.

Ба қавли Иттиҳоди Аврупо, таъсисоту ширкат ва афроди алоҳида, ки дар ин феҳраст ҳастанд, дар ҷанги Русия ба зидди Украина кӯмак мекунанд.

Вокуниши намояндагони ин се бонки Тоҷикистон ва ҳам Бонки миллӣ ҳанӯз ба ин хабар маълум нест.

Бастаи нави таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия имрӯз 23-юми октябр эълон шуд.

Ин нуздаҳумин бастаи таҳримҳо алайҳи Русия аз замони ҳамлаи ин кишвар ба Украина мебошад. Дар бастаи нави таҳримҳо номи 45 ширкату афрод ва муассисаҳо аз ҷумла аз Чин ва аз Қирғизистон ҳам шомил шудаанд ва таҳримот ба зидди қисме аз онҳо аз ҷумла бонкҳои тоҷикистонӣ аз рӯзи 12-уми ноябр ба иҷро медароянд. Бар асоси ин қарор, ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо се бонки шомилшуда дар феҳраст аз Тоҷикистон муомилоти ба роҳ монанд, ҳарчанд истисноҳое барои муомилот нигаҳ дошта шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки намояндагони се бонки таҳримшуда ба ин қарори Иттиҳоди Аврупо чӣ назар доранд.

Бонкҳои мазкур аз ҷумлаи бонкҳои сермуштарӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ҳоло маълум нест, ки манъи муомила бо онҳо то чӣ ҳад ба фаъолияти "Душанбе Сити", "Спитаменбонк" ва "Коммерсбонки Тоҷикистон" таъсир мегузорад ва ё фаъолияти онҳоро то чӣ ҳад маҳдуд мекунад.

Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина ин бори аввал нест, ки ширкатҳои воқеъ дар Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ таҳрим мешаванд. Аз ҷумла ахиран ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” таҳрим шуд. Ин ширкат яке аз таъминкунандагони асосии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст, ҳарчанд Душанбе ошкоро аз ҳамлаи Русия ба Украина пуштибонӣ накарда, баръакс гуфтааст, хоҳони ҳалли мушкил аз роҳи музокирот аст.

Дар се соли ахир хабари марги садҳо тоҷикистонӣ расонаӣ шуд, ки аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷангиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG