Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моро заданд." Шикояти наздикони наврасе, ки ҷасадашро аз дарё ёфтанд

Пайвандони Ёсинҷон Бобоҷонов дар шаҳри Исфара
Пайвандони Ёсинҷон Бобоҷонов дар шаҳри Исфара

"Ҳафт шабонарӯз маро ва баъд ҳафт шабонарӯз бародарамро бурда заданд." Аҳатилло Бобоҷонов, сокини шаҳри Исфара, иддао дорад, ки маъмурони милиса пас аз ёфтани ҷасади бародарзодааш Ёсинҷон ӯро ҳафт рӯз боздошт ва гуё барои иқрори гуноҳ шиканҷа кардаанд. Ҷасади навраси понздаҳсола моҳи феврали имсол аз дохили дарёи Исфара ёфт шуд.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар аввал пайвандонро ҳамчун омилони ҳодиса дастгиру бозпурсӣ кардаанд. Падараш Асатилло Бобоҷонов ҳам чанд муддатро паси панҷара гузаронд. “Адвокат (вакили мудофеъ) омада гап зад ва сипас моро бароварданд. Дар умум 10-15 рӯз шиштем,” – гуфт Асатилло Бобоҷонов, падари Ёсинҷон Бобоҷонов.

Дар Идораи корҳои дохилии Исфара гуфтанд, ки парвандаи марги Ёсинҷон ҳоло дар ихтиёри додситонӣ аст ва биноан ҳеч шарҳ надоданд. Аз додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз касе дар курсии айбдорӣ нанишастааст.

"Кадом падару модар мехоҳад, фарзандашро бикушад?"

Ҷасади Ёсинҷон Бобоҷоновро моҳи феврал аз даруни об ёфтанд
Ҷасади Ёсинҷон Бобоҷоновро моҳи феврал аз даруни об ёфтанд

Хешовандони Ёсинҷон Бобоҷонов аз он норозиянд, ки мақомот ба ҷойи маълум кардани ҳодиса ва сабабгорони марги ӯ бештар наздиконашро зери фишор қарор додаанд.

“Кадом падару модар ё амак мехоҳад, фарзандашро ба ин ҳол гирифтор кунад? Бача шал ё бемор бошад ҳам, падару модар мегӯяд, инро ба беморхона бараму дуруст кунам. Барои ба ин ҳол гирифтор кардан дили кӣ мешавад?!” – гуфт Тӯтиннисо Ашӯрбоева, модаркалони Ёсинҷон Бобоҷонов.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шахсони наздик ба тафтишот, чанд сокини маҳал ва ҳамдарсу муаллимони Ёсинҷон низ дар бораи ҳодиса дидаву шунидаи худро гуфтаанд.

Дар моҳи феврали имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки Ёсинҷон Бобоҷонови 15-сола нопадид шудааст ва пайвандонаш ӯро ҷустуҷӯ доранд. Сипас хабари маргаш нашр шуд.

Тӯтиннисо Ашӯрбоева мегӯяд, “ҷасадро аз дохили дарё ёфтанд. Аввал хеле ҷустуҷӯ карданд. То деҳаи Ким рафта кофтанд. Ба амакашон Лутфуллоҳхон гуфтаанд, ки мурдаашро ёфтем. Модараш якбора бехуд шуд. Баъд ёрии таъҷилиро ҷеғ зада, ба сардхона бурданд”.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ҳам писарамро аз даст додам ва ҳам боздошт шудам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Ёсинҷон Бобоҷонов рӯзи севуми феврали имсол аз дарс ба хона омада, бегоҳӣ барои тамрин рафтаву дигар барнагаштааст. Пагоҳии он рӯз дучархаашро аз канори маҳалла ёфтаанд ва рӯзи 5-уми феврал ҷасадашро дар рӯд дидаанд. Замоне ки ҳаво сард буд ва дар ин фасл наврасон одатан дар ҷӯю рӯдҳо оббозӣ намекунанд. Маҳз ҳамин ҳолат дар зеҳни одамон суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки чӣ боис ба ин ҳол афтидану ба марг дучор шудани Ёсинҷон гардид.

Пайвандонаш мегӯянд, Ёсинҷони наврас барои ҳар кор аввал аз волидон иҷозат мегирифт ва бачаи гапдаро буд. Барои ҳамин худ ба дарё рафтанаш шубҳаовар аст. Падару модар ва амакҳояш мегӯянд, бо наврас муомилаи хуб доштанд ва озору азиятро нисбаташ раво намедиданд.

Падари 63-солаи Ёсинҷон мегӯяд, дер фарзанддор шуд ва фарзандонашро хуб нигоҳубин мекард.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, соли 2025 дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба куштор кам шудааст. Аммо мавридҳои марги мармуз бахусус дар вилояти Суғд дар ду соли охир сарусадои зиёд барпо кардаанд. Ҳоло пайвандони навраси фавтида дар Исфра мунтазири ошкор шудани ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани сабабгоронаш ҳастанд.

XS
SM
MD
LG