Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна фирориён аз артиши Украинаро дар марз бо Руминия "шикор мекунанд"?


Марзи Украина ва Руминия
Марзи Украина ва Руминия

Ҷавонону мардони украинӣ, ки намехоҳанд дар сафи артиш хидмат кунанд, ба гурӯҳҳои қочоқбар то 15 ҳазор долларӣ мепардозанд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба Руминия баранд. Фирор аз хидмат мушкилоти артиши Украинаро, ки ба таҷовузи Русия муқовимат мекунад, сахттар кардааст.

Мақомоти Украина барои пешгирӣ аз фирори ҷавонону мардон ба Аврупо низ тамоми васоилро ба кор мебаранд, сар аз паҳподҳои назоратӣ то ба дигар технологияҳои наву кӯмаки мардуми деҳоти назди марз бо Руминия.

Телевизиони “Настояшее Время“ чанд пеш бо марзбонони украинӣ як нафаре сӯҳбат кард, ки ғайриқонунӣ ба Руминия рафтааст ва инро рӯшан сохт, ки чӣ гуна сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина ба тиҷорати гурӯҳҳои ҷиноятии қочоқбар дар марзҳои ғарбии кишвар мусоидат кардааст.

Марзбонон мегӯянд, онҳое, ки намехоҳанд, дар артиш хидмат кунанд, ба гурӯҳҳои ҷиноии қочоқбар муодили 15 ҳазор доллар пул медиҳанд, то онҳоро ба Руминия бирасонанд. Ин гурӯҳҳо ҳам кӯдакони деҳоти марзиро ба ҳайси раҳбалад киро мекарданд. Ба қавли марзбонон рӯзе нест, ки як нафар ҳангоми саъйи убури ғайриқонунии сарҳад дастгир нашавад.

Виталий, марзбони украинӣ мегӯяд, мардони фирорӣ бо ҳар баҳонае ба деҳа меоянд ва масалан мегӯянд, ки “Ман ба дидани ин деҳаи зебоманзар омадам.” Виталий нагуфт, ки чанд нафарро дастгир кардааст. Аз замони оғози ҷанг дар моҳи феврали соли 2022, Украина хуруҷи мардони то 60-сола аз кишварро манъ кард, ҳарчанд чанде пеш ба ҷавонони аз 18 то 22-сола ин иҷозаро дод.

Сарпечӣ аз артиш, мушкили афзояндаи Украина

Вакилони мардумии Украина моҳи май гуфтанд, ки аз рӯзи манъи хуруҷ 45 ҳазор нафар ҷавон ва мардони украинӣ кишварро ғайриқонунӣ тарк кардаанд. Аксарият ҳам аз хидмат дар артиш сарпечӣ кардаанд, ки ҳоло ба як мушкили афзоянда табдил ёфтааст ва барои ҳамин ҳам Украина барои пур кардани сафи нерӯҳои мусаллаҳ даступо мезанад.

Аммо як ҷавоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ӯ онлайн сӯҳбат карданд ва номашро ҳам пинҳон дошт, достони дигаре дорад. Ӯ 5 сол пеш ба сафи нерӯҳои чатрбози Украина пайваст ва бо ин умед, ки Владимир Зеленский бо музокирот бо Русия ва нерӯҳои таҳти ҳимояти он дар минтақаи шарқии Донбас ба ҷанг дар инҷо хотима медиҳад. Ҷанге, ки соли 2014 Русия дар ин минтақа афрӯхт, ҷони 13 ҳазор нафарро гирифт.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “ Он вақт ман эҳсос мекардам, ки ҳамаи ин тамом мешавад. Зеленский соли 2019 ба қудрат расид ва ваъда дод, ки барои расидан ба сулҳ ҳатто бо шайтон ҳам созиш мебандад. Аммо вақте ҷанги тамомаёр оғоз шуд, ман фаҳмидам, ки се интихоб дорам, маъюбӣ, мушкилоти равонӣ ва ё марг. Аммо як интихоби дигар буд ва он ҳам фирор,”

Баъди тарки воҳиди низомӣ ӯ ба марзи Руминия омад ва чанд вақт хонаеро иҷора гирифт ва то омадани қочоқбарон сокиту ором зиндагӣ кард.

“Онҳо шабона маро бо мошин гирифтанд. То марз бурданд. То рӯдхонаи Тиса, ки қисме аз марзи ғарбии Украина аст. Марз 15 метр дуртар аз ман буд. Онҷо озодӣ аст. Ман андаке давидам ва сипас шино кардам. Сӣ метр шино кардам ва ба тарафи Руминия расидам.“

Кӯдаконро раҳбалад мекунанд

Виталий, ки қаблан ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ будааст, мегӯяд, фирориёнро дарк мекунад, аммо вазифаи ӯ монеъ шудан ба гурехтани онҳост. Марзбонони украинӣ бо истифода аз паҳподҳо ва гузоштани дурбинҳои назоратӣ дар киштзору ҷангалзорҳои назди марз, минтақаро назорат мекунанд. Талош барои гузар ба он тараф аксаран шабона сурат мегирад. Як қисми марзро рӯдхона тақсим мекунад, қисмеро симхор, аммо ҳарду ҳам монеи убури мардони фирорӣ намешаванд.

Юрий, яке аз марзбонони дигар гуфт: “Онҳо ба рӯи симхор рахти ғафс меандозанд ва аз болояш мегузаранд. Ҳатто зина ҳам оварда буданд.”

Онҳоеро, ки дар марз медоранд, ё ҷарима мебанданд ва ё ба марказҳои сафарбарӣ ба артиш мефиристанд. Қочоқбаронро агар доранд, то ба 9 соли зиндон маҳкум мекунанд, вале азбаски ҷазо додани кӯдак мумкин нест, қочоқбарон онҳоро ба ҳайси раҳбалад истифода мебаранд.

Костянтин Лесник, афсари марзбонии Чернвитси мегӯяд: “Вазифаи кӯдакон расонидан ба марз аст, ки аз 3, 5 то 8 километрро ташкил медиҳад. Гурӯҳҳои аз 3 то 8 нафарӣ ҳастанд. Азбаски маҳалро хуб медонанд, онҳоро аз пайраҳаҳои хурд мебаранд.”

Бозии гурбаву муши сарбозон бо фирориён аз артиш дар марзҳои ғарбии Украина, аломати норасоии сарбозон дар муқовимат ба Русия аст. Дар ин ҷанг то кунун даҳҳо ҳазор сарбози украинӣ куштаву садҳо ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Фирор аз артиш ва тарки худсаронаи воҳидҳои низомӣ таъсири худро ба ҷанг ҳам гузоштааст.

Аз ночорӣ "облава"?

Додситонии кулли Украина гуфт, ки дар моҳҳои аввали соли 2025 барои тарки худсаронаи воҳидҳои низомӣ бештар аз 110 ҳазор парванда боз кардааст. Аз моҳи феврали соли 2022 то ҳол 50 ҳазор парвандаи ҷиноӣ барои фирор аз артиш боз шудааст.

Сарпечӣ аз хидмат ҳам, сабаби иҷро нашудани нақшаи даъват ба артиш шудааст ва аз ин рӯ мақомот, мардумро аз сари роҳ дастгир карда мебурдаанд. Ҳамин моҳ намояндагони комиссариати низомӣ ва маъмурони пулисро барои ҷалби маҷбурӣ ва ё ҳамон облава ва бадрафторӣ бо ҷавонону мардони синни хидмат муттаҳам кардаанд.

Рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Тернопил дар ғарби Украина чанд сарбозро дастгир карданд, ки ба одамрабоӣ ва ғоратгарӣ муттаҳам мешаванд. Онҳоро ба тамаъҷӯӣ ва пулситонӣ аз ғайринизомиён ва сарбозони маҷруҳ гумонбар медонанд. Ду рӯз баъд ду маъмури пулис як мардро дар назди маркази сафарбарӣ ба артиш латукӯб кардаанд.

Сарпечӣ аз рафтан ба артиш бино ба гузоришҳо ба сабаби олуда шудани ҷалби ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба ришвахорӣ ва истифода аз халоҳои қонунӣ зиёд шудааст. Соли 2024 дар Украина қонуни нави баҳсбарангези сафарбарӣ ба артишро қабул карданд, то теъдоди кофии сарбозонро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ биёранд.

Соли гузашта як таҳқиқ ошкор кардааст, ки мақомоти ҳукуматӣ, бо маъюб нишон додани худ, аз ӯҳдадории хидмати ҳатмӣ озод шудаанд. Олег Симороз, собиқадори ҷанг ва ҳуқуқдон ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки мо бо ин кор, “мардумро аз хидмат дар сафи артиш дилсард мекунем.”

XS
SM
MD
LG