Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Путин ба Душанбе ҳам озору ихроҷи муҳоҷиронро кам накард


Сафари Владимир Путин ба Душанбе 5 рӯз идома кард.
Сафари Владимир Путин ба Душанбе 5 рӯз идома кард.

Умеди муҳоҷирон ба беҳбуди вазъашон пас аз сафари панҷрӯзаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон барбод рафт. Онҳо мегӯянд, баръакс пас аз ин сафар муносибати мақомоти Русия ба онҳо хеле бадтар шудааст.

Комрон, сокини 38-солаи шаҳри Душанберо пас аз 20 рӯзи боздошт дар шӯъбаи милиса, ба маркази махсуси нигаҳдории муҳоҷирон ва боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Твери Русия сипас завлона дар даст то ҳавопаймо оварда ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

“Маро дар шаҳри Твери Русия 3 октябр кормандони ГАИ боздошт кардаанд. Ҳуҷҷатҳои ронандаро тафтиш карданд ва гуфтанд, камбуд дорад, бояд ба шуъбаи милиса биравем. Вақте асноди маро тафтиш карданд, ман қайди ҷойи зист доштам, вале мӯҳлати патентам ба охир расида буд. Ҳаминро асос карданду маро боздошт карданд”,-мегӯяд ин муҳоҷир.

Умеди муҳоҷирон ба беҳбуди вазъашон пас аз сафари панҷрӯзаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон низ барбод рафт. Онҳо мегӯянд, баръакс пас аз ин сафар муносибати мақомоти Русия ба онҳо хеле бадтар шудааст ва раванди ихроҷ шиддат гирифтааст.

Комрон мегӯяд, ки ӯро 16 рӯз дар маркази махсуси нигаҳдории муҳоҷирон нигаҳ доштанд ва баъдан гуфтанд ин ҷо ҷой пур шудааст ба боздоштгоҳи муваққат бурданд ва 7 рӯз бо муттаҳамон ба ҷиноят якҷо нигаҳ доштанд.

“Режим режими зиндон буд. Дар як ҳафта ду бор 15 дақиқаӣ берун мебароварданд, чи хеле ки дар таҳхона зиндагӣ мекунед, бӯй ва тафу наму ҳамин хел буд. Бачаҳо дар он ҷо касал шуданд. Ҳангоми хӯрок ҳамагӣ ним истакон об медоданд. Аз ташнагӣ бисёр азоби сахт мекашидем. Дар як хонаи танг 6 нафар будем. Танҳо ман муҳоҷир будам, дигарон парвандаи ҷиноӣ доштанд ”, - гуфт ин муҳоҷир.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди сафари Путин ихроҷи тоҷикон аз Русия шиддат гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Ба гуфтаи ӯ, дар маркази махсуси нигаҳдорӣ муҳоҷиронро мезаданд ва батакрор пешниҳод мекарданд, ки даъвати рафтан ба ҷанги Украинаро бипазиранд. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, замоне озору азияти муҳоҷирон аз байн меравад, ки агар як ҳукумати одил ва орӣ аз нажодпарастӣ дар Русия сари кор бошад:

“Мо медонем, ки ҳуқуқи муҳоҷирон риоят намешавад. То он замоне, ки ҳукумати мойил ба миллатгароӣ сари қудрат аст, ҳаққи онҳо риоя намешавад. Ин ҳукумат на барои он ба миллатгароӣ моил аст, ки ҳамаашон миллатгаро ҳаст, балки ба хотири гуноҳи худро сари каси дигаре бор кардан аст. То замоне, ки як ҳукумати масъул ба сари қудрат меояд, ки бар ӯҳда мегирад, ки муҳоҷирон гунаҳкор нестанд, балки каси дигар гунаҳкор аст, он замон поймолкунии ҳуқуқи тоҷикон, узбекон, қирғизҳо, қазоқҳо, қалмиқҳо, аварҳо, чеченҳо, ёқутиҳо ба поён мерасад”, - ҳадс мезанад Чупик.

Дар сафари ахири Путин ба Тоҷикистон, ки аз 8 то 12-уми октябр давом кард ва дарозтарин сафари хориҷии Путин дониста мешавад, миёни Тоҷикистону Русия се созишномаи марбут ба муҳоҷират баста шуд. Аммо дар ду ҳафтаи ахир озору азият ва ихроҷи муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик шиддат гирифт. Ба нақли яке аз муҳоҷирон, рӯзи 23-юми октябр беш аз 200 муҳоҷири ихроҷшуда аз Маскав ба Кӯлоб омадаанд. 25-уми октябр муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи як амалиёти мақомоти Русия дар яке аз бозорҳои Екатеринбург муҳоҷирон сахт латукӯб шуданд.

Шумораи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар ду моҳи ахир маълум нест, аммо раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ронда шудаанд.

XS
SM
MD
LG