Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашт"-и Путин баъди тамошои "Бозгашти Қрим"


Отамбоев ва Путин
Отамбоев ва Путин

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 март билохира дар мазҳари ом зоҳир шуд. Аммо ин суол то ҳол беҷавоб мондааст, ки Путин дар тӯли ин беш аз як ҳафта куҷо буд?

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 март, баъди беш аз як ҳафтаи "ғайб" задан дигарбора дар мазҳари ом зоҳир шуд.

Путин рӯзи 16 март дар Санкт-Петербург бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев мулоқот кард. Ин дидор дар қасри Константини "пойтахти шимолӣ"-и Русия, ки зимнан зодгоҳи Путин аст, доир шуд.

Отамбоев ҳанӯз рӯзи 15 март ба Петербург омад. Ин мулоқоти хеле сарнавиштсозе нест, балки дар он, тавре расман гуфта мешавад, масоили маъмулие, чун равобити ду кишвар ва дурнамои мушорикати Бишкеку Маскав дар пйи ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо ин мулоқот барои нозирони умур ва хусусан барои аҳли матбуот аз он нигоҳ қобили таваҷҷӯҳ буд, ки дар он бори аввал баъди тақрибан 10 рӯзи "ғайб" задан Владимир Путин метавонист дар мазҳари ом зоҳир шавад. Рӯзи 13 март шабакаи давлатии телевизионии "Россия 24" дар пахши мустақимаш хабар дод, ки Путин ва Отамбоев аллакай мулоқот кардаанд, вале баъдан нашри ин хабарро "хато" маънидод карданд.

Мавзӯи рақами 1: Путин куҷо шуд?

Шикояти Путин ба табиб аз дарди пушт. Смоленск, 25 августи соли 2011
Шикояти Путин ба табиб аз дарди пушт. Смоленск, 25 августи соли 2011

Путин рӯзи 16 март дар ҳоле бо ҳамтои қирғизаш мулоқот кард, ки беш аз як ҳафта аз мазҳари ом ба таври бесобиқа ғайб задани ӯ як мавзӯи рақами яки ҳам сӯҳбатҳои мардум, ҳам овозаҳо ва ҳам гузоришҳои матбуоти чӣ расмиву чӣ мустақил дар ин кишвар табдил ёфта буд.

"Ғайб" задани Путин аз мазҳари ом оташи шоеъаву гумонҳо дар атрофи ӯро гарм нигоҳ медошт ва фарзияҳо низ хеле мухталиф буд - аз марг ё маризии Путин то барканории ӯ, аз фарзанддор шуданаш аз Алина Кабаева то ... мусалмон шудани раисиҷумҳури Русия ва ҳатто хатна шудани ӯ баъди ин...

Сухангӯи Путин – Дмитрий Песков – рӯзи якшанбе бори дигар ҳамаро таскини хотир дод, ки раисиҷумҳур ҷое “ғайб” назадааст, балки ҳаминҷост ва барои мисол, қасд дорад шоми 15 март аз шабакаи “Россия 1” филми мустанаде бо номи “Қрим. Роҳи бозгашт ба ватан”-ро тамошо кунад. Ин филм мисли даҳҳо филму барномаи дигаре, ки дар ин шабурӯз дар матбуоти Русия намоиш дода мешаванд, ба солгарди аввали тасарруфи вилояти Қрими Украина аз сӯи Русия ихтисос дода шудааст.

Аммо ин “таскини хотир” аз тарафи сухангӯяш ҳам наметавонист шубҳаву гумонҳо дар бораи куҷо шудани Путинро бартараф кунад. Чунки ягон расона, албатта, дар бораи филмеро тамошо кардани Путин гузориши видеоӣ намекунад ва ба ин далел дақиқ кардани ин ки Путин дар хона ё ҷои кораш асту филм тамошо мекунад, зоҳиран як кори ношуниданист.

Шаби 15 март ин филм намоиш дода шуд. Он асосан аз мусоҳибаи муфассале бо Путин иборат буд, вале ин сӯҳбат зоҳиран хеле пеш сабт шуда, наметавонист овозаҳои мавҷуда дар бораи Путинро рафъ кунад.

Охирин видеои нашркардаи Кремл дар бораи Путин аз мулоқоти ӯ бо як гурӯҳи занон дар арафаи иди 8 март аст. Баъди он чанд хабаре ки дар сомонаи расмии Кремл ва дар телевизионҳои Русия дар бораи мулоқотҳои раисиҷумҳур нашр шудаанд, ҳамагӣ бидуни видеост.

Ин дар ҳолест ки қаблан барномаҳои ахбори қариб ҳамаи телевизионҳои расмии Русия қариб ҳатман бо 2-3 гузориш аз Украина ва ба дунболи он 2-3 гузориши дигар дар бораи корҳои дар як рӯзи охир анҷомдодаи Путин оғоз меёфт ва танҳо баъди ин дигар ахбори муҳими Русия ва ҷаҳон гуфта мешуд.

Овозаҳо дар бораи ғайб задани Путин маҳз замоне вусъат гирифт ва аз сатҳи сӯҳбати мардум ба мавзӯи расонаҳо табдил ёфт, ки сафари аз қабл барномарезишудаи ӯ ба Қазоқистон ба манзури мулоқот бо ҳамтоёни қазоқу беларусаш Нурсултон Назарбоев ва Аляксандр Лукашенка дар охирин лаҳзаҳо лағв шуд.

6 фарзияи куҷо шудани Путин

Бо ин ҳол, дар ин шаб рӯз дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам 6 фарзияи асосӣ дар бораи куҷо шудани Владимир Путин доман зада мешуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ҳатто гуфтааст, дар Кремл ҷиддан мехоҳанд “ягон одами пулдореро пайдо карда, барои беҳтарин дурӯғ ё овоза дар бораи Путин озмун эълон кунанд.”

Хабаргузории нимарасмии “Спутник” ҳатто рейтинг (раддабандӣ)-и овозаҳои боварнокардании пайдошуда дар бораи куҷо “ғайб” задани Путинро сохтааст.

Путин ва Шойгу. Июли 2014
Путин ва Шойгу. Июли 2014

Тибқи ин рейтинг, ки рӯзи 14 март нашр шуд, ҷои аввалро овозаҳо дар бораи дар сериали амрикоии “Хонаи варақӣ” (“House of cards”, “Карточный домик”) нақш бозӣ кардани Путин мегирад. Дар ҳақиқат як мавзӯи мавсими сеюми ин сериал бад шудани равобити Амрикову Русия аст ва яке аз қаҳрамонҳояш “президенти Русия В.В. Петров” мебошад, ки зоҳиран ба раисиҷумҳури аслии ин кишвар Владимир Путин хеле монанд ҳам ҳаст.

Дар ҷои дуюм овозаҳо дар бораи гӯё аллакай анҷом шудани табаддулоти давлатӣ дар Русия аст, ки хабарашро то ҳол танҳо ба далели ҳанӯз маълум набудани исми раҳбари нави кишвар нашр накардаанд. Ҳарчанд бархе расонаҳое, ки ба воқеъияти маълумоташон эътимод кардан амри маҳол аст, вазири дифои Русия Сергей Шойгуро дар саргаҳи ин “табаддулот” ном мебаранд.

Путин дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав
Путин дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав

Дар ҷои сеюм овозаҳо дар бораи соҳиби фарзанд шудани Владимир Путин аз варзишгари маъруф Алина Кабаева, дар ҷои чорум гирифтори маризӣ (грипп, дарди сутунмӯҳра, хунрезии мағзӣ, сактаи қалб ва ҳатто гӯё саратон) шудани Путин истодаанд. Дар зинаи охирини ин панҷгона овозаҳо дар бораи марги Путин аст, ки ба ақидаи овозапароканҳо, ин хабар ҳам ба далели то ҳанӯз маълум набудани исми вориси Путин ва набардҳои шадиди атрофиёни ӯ барои тахту тоҷи Кремл то ҳол расман нашр нашудааст.

Radio RSI, як шабакаи маҳаллӣ дар шаҳри Тичинои Швейтсария ҳатто хабар додааст, ки Алина Кабаева дар ҳамин шаҳр дар шифохонаи хусусии Аннаи Муқаддас кӯдакашро ба дунё овардааст. Хабарнигорони ин радио гуфтаанд, ки Кабаева дар ин шифохона барои худ ду ҳуҷраи алоҳидаро фармоиш дода буд ва “ҳанӯз то таваллуди фарзандаш ҳам пайваста ба назди табибони шифохонаи Аннаи Муқаддас меомад.”

Ин шифохона дар байни афроди сарватманд ва сиёсатмадорон маъруф аст ва барои мисол, духтари Силвио Берлускони, сарвазири собиқи Итолиё ва аз дӯстони наздики Владимир Путин, низ маҳз дар ҳаминҷо таваллуд карда буд. Чанд нашрияи “зард”-и чопи Аврупо низ дар бораи дар ин бемористон таваллуд кардану ҳатто гӯё духтар зодани Алина Кабаева хабар додаанд.

Путин ва Кабаева. Акс аз соли 2005
Путин ва Кабаева. Акс аз соли 2005

Дар баробари Путин аз мазҳари ом “ғайб” задани худи Алина Кабаева, ки аз замони аз ҳамсари якумаш Людмила Путина ҷудо шудани раисиҷумҳури Русия дар тобистони соли 2013 як номзади асосӣ барои тасхири қалби Владимир Путин ном бурда мешавад, низ оташи ин овозаҳоро гарму пурҳезум нигоҳ медорад.

Аммо мудири шифохона Микаэла Пфюффер фон Алтисхофен дар посухи хаттӣ ба нашрияи “Neue Zuercher Zeitung“ навиштааст, “посух додан ба чунин дархостҳо ҷавобгӯи таҷрибаи қабулшуда дар шифохонаи Аннаи Муқаддас нест.” Хонум Пфюффер вале боз ҳам фарзанд ба дунё овардани Кабаева дар ин шифохонаро қотеъона рад накардааст.

Путин кист?

Владимир Путин, ки 7 октябри соли 1952, ҳамагӣ ду рӯз баъд аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст, аз соли 2000, инак 15 сол боз (бо 4 сол фосилае, ки ӯ сарвазир ва нафари вафодораш Дмитрий Медведев раисиҷумҳур буд) бар Русия ҳукумат меронад.

Дар яке аз эътирозҳои мухолифони Путин
Дар яке аз эътирозҳои мухолифони Путин

Тарафдоронаш аз ӯ тавсиф мекунанд, ки Путин тавонист Русияи дар солҳои 90 дар пеши Ғарб зону задаро дигарбора ба пои худ рост ва нақши абарқудратии кишварашро дар арсаи ҷаҳонӣ эҳё кунад. Рейтинги Путин бахусус баъди тасарруфи Қрим ва ҷанг дар шарқи Украина ба таври бесобиқа боло рафт ва бино ба охирин назарсанҷии ВЦИОМ, ки натиҷаҳояш рӯзи 13 март эълон шуд, ҳоло 87 дарсади мардуми Русия аз Путин ва сиёсати ҳукумати вай тарафдорӣ мекунанд.

Аммо мухолифон Путинро ба сохтани як фазои тарс ва низоми худкомае дар Русия айбдор мекунанд ва мегӯянд, ӯ бо иштибоҳҳои ҷиддие, чун дахолат дар масоили Украина, кишварро дар ҳоли душмании сахт бо Ғарб қарор додааст. Душмание, ки ба бовари мунтақидони Путин, дар ниҳоят миёни Русияро мешиканад.

XS
SM
MD
LG