Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайи бутокс дар зери чашм ё чанд саратони президент Путин?


Президенти Русия Владимир Путин эҳтимол сахт бемор аст ва аз ин ҳам бадтар, баъзеҳо аз фавти ӯ низ сӯҳбат мекунанд.

Беш аз як ҳафта мешавад, ки президенти Русия Владимир Путин дар мазҳари ом дида нашудааст. Вай сафарашро ба Қазоқистон мавқуф гузошт ва аз чанд мулоқот дар Маскав даст кашид. Расонаҳои Русия менависанд, вай сакта шудааст ва хабари маргаш дар Твиттер мечархад.

Ҳарчанд сухангӯи ӯ Дмитрий Песков мегӯяд, “вазъи ӯ хуб аст”, дар сатҳи олии ҳукумат нишонаҳои афсурдагии амиқ ба мушоҳида расидаанд.

Ду ҳафта ба ин сӯ, пас аз сӯиқасд ба ҷони раҳбари мухолифон Борис Немтсов, як бӯҳроне дар сатҳи олии қудрат дар Русия сар шудааст, ки нопадид шудани Путин ба он ҳолати мармуз медиҳад. Эҳтимол ҳоли вай хуб аст, аммо сахт гирифтори ором кардани сулолаи худ баъд аз қатли Немтсов? Ё воқеан ӯ бемору нотавон аст, ки қатли Немтсов ба низои ошкори байни Хадамоти Федероли Амният (ФСБ) ва раҳбари чечен Рамзан Қодиров табдил меёбад?

Дар бораи вазъи саломатии Путин ва бемориҳои эҳтимолии ӯ, чӣ ҷисмонӣ ва чӣ равонӣ пештар чунин тахминҳо вуҷуд доштанд:

СИНДРОМИ АСПЕРГЕР

4 феврали соли 2015 рӯзномаи «USA Today” ба нақл аз пажӯҳишҳои Пентагон дар соли 2008 навишт, ки коршиносон дар симои Путин бемории синдроми Аспергер, "ихтилофоти аутиеро дидаанд, ки ба ҳамаи тасмимҳояш таъсир доранд".

Ин ташхиси Раёсати арзишёбии ҳамаҷонибаи назди вазорати дифои ИМА буда, ба маводи видеоӣ бо ширкати Путин асос ёфтааст.

6 феврал сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ин хулосаро «ҳамоқат»-е номид, ки ба «шарҳ намеарзад».

САРАТОНИ ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

Моҳи октябр нашрияи кӯчабоғии «New York Post” ба нақл аз манобеи номбарнашуда хабар дод, ки Путин гирифтори бемории марговари саратони ғадуди зери меъда аст. Ба гуфтаи нашрия, ин маълумот барояш аз як пизишки олмоние расидааст, ки бо муолиҷаи Путин машғул буд.

Маскав ин маълумотро рад кард. Песков ба хабарнигорон гуфт: «Интизор набошанд. Забонашонро ғунда газад. Ҳоли Путин хуб аст».

ХУДБУЗУРГИИ ХУДШЕФТАГӢ

Мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати президенти ИМА Картер дар солҳои 1977-1981 Збигнев Бжезинский моҳи апрели соли 2014 ба маҷаллаи «The National Interest” гуфт, ки Путин айни он рафтори худбузургии худшефтагӣ ("нарциссически-мегаломаньячные") нишон медиҳад, ки хоси Адолф Ҳитлер ва Бенито Муссолинӣ буданд.

Маҷаллаи «The Atlantic” низ чунин хулосаро нашр кард. Ба ақидаи он, худнамоиҳои Путин ба мисли ғаввосӣ, рондани ҳавопаймо, рондани мошинҳои пойгаӣ, намоиши нерӯ дар гӯштӣ, нишон додани пайкари худ андешаеро ба миён меоранд, ки ӯ гирифтори “ихтилофоти ҷиддии ҳувият” ё худшефтагист. Муаллиф меафзояд: “Путин мумкин аст, шадидан бемор набошад, вале дар ҳама ҳолат ӯро бояд гирифтор шумурд”.

САРАТОНИ ҲАРОММАҒЗ

Моҳи январи соли 2014 маҷаллаи дигари амрикоӣ “The Week” аз овозаҳое хабар дод, ки Путин ба саратони ҳароммағз мубтало шудааст. Маҷалла “мутахассисони ботаҷриба”-ро манбаи ин хабар номидааст. Онҳо ҳадс задаанд, ки баъзе аз корҳои олиҳимматонаи Путин, ба монанди бо як ҳарф авф ва аз ҳабс озод кардани олигархи пешин Михаил Ходорковский ба “ором кардани виҷдон” шабоҳат доранд. Ин қарор, менависад маҷалла, “ба Путин, ки ҳамеша душманони худро беинтиқом намегузорад, хос нест”.

ТАНҲОИИ АМИҚ

Моҳи сентябри соли 2013 Путин ҳамаро бо як расмаш дар тахтаи мактабӣ дар ҳайрат гузошт. Расм акнун бо номи “Гурба. Аз ақиб” ном гирифтааст. Бисёре аз сокинони Русия бар инанд, ки Путин бо ин расм ҷанбаи эҷодии худро нишон дод, вале ба сабки кӯдакона.

Аммо равонпизишке дар намоиши телевизиони "Дожд" гуфт, ин расм нишон медиҳад, ки Путин омодаи муошират бо одамон нест. Вай инчунин тахмин зад, ки Путин шахси «даруннигар» ва «танҳо»-ст, ки бо «олами эҳсосоти худ робитаи хуб надорад».

ДАРДИ ТАХТАПУШТ

Моҳи ноябри соли 2012 пайти ғайриодие пеш омада буд, ки Путин сустии худро нишон дод. Эҳтимолан ба иллати зарб дидани тахтапушташ вай ҷадвали корияшро тағйир дод ва чанд сафари хориҷияшро бекор кард.

Кремл эълон кард, ки захм чандон ҷиддӣ нест ва ба гуфтаи Песков, овозаҳо «хеле муболиғаомезанд».

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко он вақт ба хабаргузории Reuters гуфт, ки сутунмӯҳраи ҳамтои руси ӯ ҳангоми машқи дзюдо осеб дидааст: “Вай дзюдоро нағз мебинад. Вай ҷавонеро бардошт ва ба замин зад ва дар ин пайт сутунмӯҳрааш тоб хӯрд».

ПАЙИ БУТОКС

Моҳи октябри соли 2010 Путин ба нишасти хабарие бахшида ба рӯйдодҳои Украина дар ҳоле омад, ки зери чашмаш аз таҳи косметика чизе монанди доғи зарба намудор буд. Журналисти наздик ба президент Андрей Колесников тахмин зад, ки Путин аз нав дар машқи дзюдо зарб хӯрдааст. Аммо расонаҳои ахбори оми Украина навиштанд, пӯсти сиёҳгашта асари сӯзанзании бутокс аст, ки Путин барои ҷавон ва солим нишон додани худ истифода мекунад.

Том Балмфорт

XS
SM
MD
LG