Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши матбуоти Украина дар пӯшиши интихобот


25 май дар Украина интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ин интихобот ба ҳукумати кунунии Украина ҷанбаи қонунӣ медиҳад ва заминаҳои суботи вазъро фароҳам меорад.

25 май дар Украина интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ин интихобот ба ҳукумати кунунии Украина ҷанбаи қонунӣ медиҳад ва заминаҳои суботи вазъро фароҳам меорад. Пӯшиши рӯйдодҳои Украина дар матбуот беҳбуд ёфтааст, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳанӯз холигоҳҳо вуҷуд дорад.

Бисёриҳо дар Украина ва дар саросари ҷаҳон умед ба беҳбудии вазъро ба натиҷаҳои ин интихобот иртибот медиҳанд ва матбуотро яке аз калидҳои интихоботи озоду одилона медонанд. Академияи матбуоти Украина бо номи "Телекритика" як созмони ғайридавлатист ва ба матбуоти Украина баҳои яксон надодааст.

Ин созмон маводи марбут ба интихоботро аз 1 март то 18 май таҳлил кардааст. Дар натиҷаи таҳлил ошкор шудааст, ки баъзе мақолаҳои “фармоишӣ” аз як номзад ҳимоят кардаанд ва ё баръакс. Бо вуҷуди ин хулосаи умумӣ ин аст, ки пӯшиши интихобот дар матбуоти Украина нисбат ба интихоботи гузашта хеле бетарафона будааст. Нуктаи дигар ин аст, ки рӯйдодҳои шарқи Украина ва даргириҳо дар ин қисмати кишвар дар сархати хабарҳои матбуотӣ қарор гирифтааст ва маводи интихобтиро дар матбуот ба мақоми дуввум бурдааст.

Бо вуҷуди ин, дар гузориши Академияи матбуоти Украина ёдоварӣ шудааст, ки нашрияҳо дидгоҳҳои сисёсии моликони худро мунъакис кардаанд. Масалан, нашрияҳои давлатии Украина ба Ҳизби Минтақаҳо, ба вижа ба номзади он Михайло Добкин таваҷҷуҳи бештар нишон додааст. Ё телевизиони "Интер", ки моли Дмитрий Фирташ-сарватманди Украина аст, бештар ба ташвиқи барномаҳои номзад Петро Порошенко пардохтааст. Гурӯҳи "Старлитемедиа" ба Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин бартарӣ қоил шудааст.

Матбуоти маҳаллии шимоли Украина муддатҳои тӯлонӣ аз Юлия Тимошенко дифоъ мекарданд, вале рӯзҳои охир бартариро ба Петро Порошенко медиҳанд. Олександр Чекмишев, аз созмони ғайридавлатии “Имкони баробар” мегӯяд:

"Мо дар минтақаҳои ғарбӣ мебинем, ки бештар ба Петро Порошенко хушбинӣ нишон додаанд. Вале дар ҷануб то замоне, ки Петро Симоненко номзадии худро фаро хонд, ба вай хушбин буданд. Дар шимоли кишвар аз муддатҳо пеш ба Юлия Тимошенко бартарӣ медиҳанд, вале вақтҳои охир Порошенко бартарӣ пайдо кардааст. Ва саранҷом шабакаҳои телевизионӣ дар манотиқи марказии Украина аз Порошенко ҳимоят мекунанд”.

Мушкили аслии расонаҳои хабарии Украина ин аст, ки онҳо таҳлил надоранд. Ба ақидаи коршиносон, ин кори бетарафона нисбат ба номзадҳо нест ва матбуот воқеъбинона бартарии номзадҳо ва барномаҳои онҳоро нишон надодааст.

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина 24-уми май гуфт, ҳукумат талош хоҳад кард, то шароити райдиҳиро барои ҳама фароҳам орад. Вай гуфт: “Мо имкон надодем, ки бандитҳо бо ҳимоят аз хориҷ ва бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон интихоботро ба ҳам зананд”.

Дар остонаи интихоботи 25-уми май назархоҳиҳо анҷом гирифт ва тибқи ин назархоҳиҳо Порошенко аз ҳимояти 44 дарсади назардиҳандгон бархурдор шудааст. Баъд аз вай Тимошенко бо 8,4 дарсад дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Агар ҳеҷ як аз номзадҳо дар даври аввал бештар аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро соҳиб нашавад, даври дуввум 15 июн баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG