Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба мақомоти расмии ширкатҳои аслии энержии кишвари худ гуфтааст, ки Русия аз таҳдидҳои “тундравҳои украинӣ” нигарон аст ва имкон дорад онҳо интиқоли газ ба Аврупоро қатъ кунанд.
24 май Путин зимни суханони худ дар ҳамоиши байналмиллалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург дар бораи таҳдидҳо ба лулаи интиқоли гази Русия ба Аврупо сӯҳбат кард, ки аз қаламрави Украина мегузарад. Вай афзуд: “ман намехоҳам инкор кунам, ки мо ба таври ҷиддӣ нигарон нестем”.
Путин ҳамчунин хост, ки Аврупо пойбандии худ ба энержии Русияро камтар кунад. Вай гуфт, Русия ҳамеша ба қарордодҳои худ бо Аврупо дар бораи таъмини газ эҳтиром қоил будааст.
Путин гуфт, Русия аз нақшаҳои Аврупо огоҳ аст, ки
мехоҳад аз Амрико газ бигриад, вале он нисбат ба харидории гази Русия гаронтар тамом хоҳад шуд.