Қарор аст рӯзи 5 июн дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо гардад. Тоҷикистон раҳбарии давраии ин созмонро ба ӯҳда дорад ва ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳо рӯзи панҷшанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон барпо хоҳад шуд.
Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, рӯзи 4 июн ба Душанбе бо мақсади ширкат дар ин ҷаласа раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, сарвазири Русия Михаил Мишустин сафар мекунанд.
Кишварҳои узви ИДМ - Озарбойҷон, Беларус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мебошанд. Баррасии масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ ҳадафи ин нишаст гуфта шудааст.
ИДМ, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 таъсис шудааст, ташаккули сиёсии зери назари Русия ба ҳисоб меравад.