Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Ҷебов дар Чин медали нуқра гирифт


Обид Ҷебов, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Обид Ҷебов, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо Qingdao Grand Prix 2025, ки 26-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин оғоз ёфт, медали нуқра ба даст овард.

Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Нурмуҳаммад Ботабой аз Қазоқистон пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ Чаннйонг Кимро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромад. Аммо паҳлавони 27-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири 31-солаи муғул Басхуу Йондонперенлеи мағлуб шуд.

Дарвоқеъ, бори сеюм аст, ки Ҷебов аз ин рақиби пуртаҷрибаи худ шикаст мехӯрад. Медали нуқраи Обид Ҷебов аввалин ҷоизаи Тоҷикистон дар Qingdao Grand Prix 2025 аст.

Дар рӯзи аввали мусобиқот дар Тсиндаои Чин боз се нафар аз Тоҷикистон рақобат карданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Ҳйесунг Ҳванг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд. Аммо Қувватов дар ҳаштякфинал аз Ҳайато Кондои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар даври тасаллобахш аз рақиби ҳамсолаш Таики Накамураи ҷопонӣ мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.

Меҳрзод Суфиеви 25-сола дар вазни то 60 кило аз даври дуюм вориди сабқат шуда, қувваозмоиро ба Туменҷаргал Тувшинтури 21-сола аз Муғулистон бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Александра Кани 19-сола дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Яқи Гонги 20-сола аз Чин ноком шуда, аз идомаи мубориза бенасиб монд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тсиндао 200 варзишгар (117 мард ва 83 зан) аз 26 кишвари 5 қора иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт гуштигир дар рақобатҳо байни мардон ва ду нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Дар ду рӯзи дигари мусобиқот панҷ нафар аз Тоҷикистон - Абубакр Шеров ва Масъуди Аҳмадзод, ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар сабқати мардон, инчунин Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар сабқати занон - рақобат хоҳанд кард.

Абубакр Шеров, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Энхдул Лхамаа аз Муғулистон ва Эҷдер Токтай аз Туркия нерӯ месанҷад. Масъуди Аҳмадзод низ сабқатро аз даври дуюм шуруъ намуда, бо ғолиби ҷуфти Стевен Болдбаатар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Рамазон Коҷаков аз Баҳрайн қувваозмоӣ хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо намояндаи Чин Саилике Сонгҳайер ба рақобат мепардозад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳансу Ким қувва меозмояд. Виктория Киселёва дар даври аввал бо Сун Шаоҳан аз Чин нерӯсанҷӣ хоҳад кард.

Барномаи мусобиқот:

26-уми сентябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

27-уми сентябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

28-уми сентябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд, ки 20 фисади маблағи ҷоизаҳои варзишгарон барои мураббиёнашон муқаррар шудааст.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) мегарданд.

XS
SM
MD
LG