Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Трамп мехоҳад пойгоҳи ҳавоии "Багром" дасти Амрико бошад?


Доналд Трамп бо сарбозони амрикоӣ дар Багром. Акс аз бойгонӣ.
Доналд Трамп бо сарбозони амрикоӣ дар Багром. Акс аз бойгонӣ.

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки мехоҳад пойгоҳи ҳавоии "Багром" дар Афғонистон таҳти назорати Амрико қарор гирад. Иқдоме, ки метавонад ҳузури Амрико дар ин кишвар ва ин дороии стратегиро, ки дар ҷараёни хуруҷи ошуфтаи Ғарб дар чаҳор соли пеш аз даст рафта буд, бозгардонад.

Трамп рӯзи 18 сентябр дар паҳлӯи Кейр Стармер, сарвазири Бритониё гуфт, ки ҳукумати ӯ дар талош барои бозгардонидани нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳи Багром аст. Пойгоҳе дар наздикии Кобул, ки дар соли 2021 ва андаке қабл аз бозпасгирии Афғонистон аз сӯи Толибон, раҳо шуд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мавқеияти стратегии ин пойгоҳ дар наздикии таъсисоти ҳастаии Чин, кишваре, ки танҳо 92 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад, онро бисёр пураҳамият сохтааст.

Трамп дар нишасти хабарии муштарак дар Бритониё гуфт, "мо талош мекунем онро дубора ба даст оварем, чун онҳо (Толибон) ба чизҳое аз мо ниёз дорад. Мо он пойгоҳро мехоҳем. Аммо яке аз сабабҳое, ки онро мехоҳем, ҳамон тавр, ки медонед, ин аст, ки танҳо як соат то ҷойе фосила дорад, ки Чин силоҳҳои ҳастаияшро месозад".

Пойгоҳи ҳавоии Багром. Акс аз бойгонӣ.
Пойгоҳи ҳавоии Багром. Акс аз бойгонӣ.

Доналд Трамп шарҳ надод, ки Толибон ба чӣ чизе аз Амрико ниёз доранд ва мушаххас нест, оё ӯ воқеан як тарҳ барои бозпасгирии Багром дар дастури кор дорад ва ин, ки дақиқан ишораи ӯ ба кадом таъсисоти ҳастаии Чин аст.

Аммо изҳороти ӯ аввалин эътирофи умумӣ буд, ки музокирот барои бозпасгирии пойгоҳ ва дигар дороиҳои низомии Амрико, ки дасти Толибона афтода, мумкин аст дар ҷараён бошад.

Чаро пойгоҳи ҳавоии Багром муҳим аст?

Багром, ки дар 40-километрии шимоли Кобул қарор дорад ва аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи 1950 сохта шудааст, бузургтарин пойгоҳи Амрико дар Афғонистон буд ва ҳамчун маркази фармондеҳӣ давоми 20 соли ҳузури ин кишвар, амал мекард.

Трамп дар конфронси хабарии 18 сентябр гуфт, ки Багром яке аз калонтарин пойгоҳҳои ҳавоии ҷаҳон аст ва яке аз бузургтарин хатҳои парвози сохташуда аз бетон ва пӯлодро дорад.

Пойгоҳи ҳавоии Багром. Акс аз бойгонӣ.
Пойгоҳи ҳавоии Багром. Акс аз бойгонӣ.

Ин фурудгоҳ дорои хатти парвоз ба дарозии 3,6 километр аст, ки бомбаафканҳо ва ҳавопаймоҳои борбарии калон метавонанд аз он барои парвоз ва нишаст, истифода кунанд.

Трамп дар поёни давраи нахусти президентиаш созишнома барои хуруҷ аз Афғонистонро имзо кард, аммо Ҷо Байден, раисҷумҳури вақти Амрико дар соли 2021 иҷрои ин тарҳро ба даст гирифт.

Трамп борҳо аз шеваи хуруҷи Байден аз Афғонистон интиқод кардааст. Хуруҷе, ки тайи он Амрико ҳазорон мил силоҳ, таҳҷизоти низомӣ ва бинои боҳашамати Сафоратро дар маркази Кобул раҳо кард.

Чаро Трамп бар силоҳи ҳастаии Чин тамаркуз дорад?

Истидлоли Трамп дар бораи аҳамияти Багром ба хотири наздикӣ ба Чин, мавзуи нав нест.

Ӯ дар корзори интихоботиаш иддао карда буд, ки Багром таҳти назорати Чин қарор дорад ва дар нахустин ҷаласаи кобинаи давраи дувумаш гуфт, ки дар барномаи хуруҷи Афғонистон "қарор буд мо Багромро нигаҳ дорем... на ба хотири Афғонистон, балки ба хотири Чин, чун дақиқан як соат то ҷойе фосила дорад, ки Чин мушакҳои ҳастаиашро месозад".

Ӯ он замон иддао карда буд, ки Багром "акнун зери нуфузи Чин" аст.

Толибон ин иддаоро рад карданд ва гуфтаанд, ки ҳеч нишонае аз ҳузури низомии Чин дар Багром вуҷуд надорад.

Аммо изҳороти ӯ дар бораи таъсисоти ҳастаии Чин зоҳиран ба минтақаи озмоиши ҳастаии Лоп Нур (Lop Nur) ишора дорад, ки дар ҳудуди 2 ҳазор километрии он сӯи марз, дар минтақаи Шинҷон, дар шимол-ғарби Чин, ҷойгир аст.

Пойгоҳи Багром.
Пойгоҳи Багром.

Ин таъсисот ҷойе буд, ки Чин нахустин бомбаи ҳастаии худро наздик ба 60 сол пеш озмоиш кард ва тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки аз соли 2017 то кунун биноҳо ва роҳҳои наве дар он минтақа сохта шудааст. Мушаххас нест, ки ин макон маҳали тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ бошад, зеро гумон меравад тавлидоти чинӣ дар маркази ин кишвар мутамаркиз бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки Чин дар солҳои ахир бо суръат захираҳои ҳастаиашро густариш додааст. Пентагон гузориш дод, ки артиши Чин то нимаи соли 2024 захираҳои ҳастаии худро ба 600 кулоҳак расондааст, ки афзоиши солонаи 20-дарсадиро нишон медиҳад.

Оё Трамп метавонад Багромро аз Толибон бозпас бигирад?

Трамп дар изҳороти ахираш мушаххас накард, ки дақиқан чӣ ояндаеро барои Багром дар назар дорад, аммо суханонаш ҳамзамон бо афзоиши тамосҳо миёни Толибон ва намояндагони Амрико баён шуд.

Аз замони тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон, робитаҳои Вашинтон бо ин кишвар андак буда, онро ба музокирот бар сари гаравгонҳо маҳдуд кардааст. Афғонистон ҳамчунон дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад ва иқтисоди он барои ҷалби ҳимояти хориҷӣ ва сармоягузориҳои хусусӣ бо мушкил рӯбарӯ аст.

Аммо дар як сафари камсобиқаи ҳафтаҳои гузашта, Адам Боеҳлер, фиристодаи вижаи Трамп дар умури гаравгонҳо, бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон, дар Кобул дидор кард.

Мақомҳои Толибон пешниҳоди Трамп дар бораи ин, ки Амрико мумкин аст дубораи назорати Багромро ба даст оварад, рад карданд, аммо эҳтимоли гуфтугӯ барои беҳбуди робитаҳоро боз гузоштанд.

Зокир Ҷалолӣ, як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ҳам Афғонистон ва ҳам Амрико ниёз доранд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд ва метавонад робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бар асоси эҳтироми дутарафа ва манфиатҳои муштарак дошта бошанд, аммо бидуни ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон".

Ӯ афзуд, "афғонҳо дар тӯли таърих ҳаргиз ҳузури низомии ҳеч касро напазируфтаанд, аммо барои дигар намудҳои ҳамкорӣ, ҳама роҳҳо боз аст".

Пойгоҳи ҳавоии Багром дар ихтиёри ҳукумати Толибон аст.
Пойгоҳи ҳавоии Багром дар ихтиёри ҳукумати Толибон аст.

Бархе мақомҳои дигари Толибон дар изҳороти ошкорои худ лаҳни тундтаре доштанд. Муҳоҷир Фароҳӣ, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Толибон, бахше аз як шеърро дар шабакаи Х нашр кард, "Ҳанӯз хотираш ором нагирифтааст, Ҳамон, ки сари моро ба санг мекӯбид".

Ӯ навиштаи худро бо ибораи "Багром, Афғонистон", поён додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ва Қасри Сафед то кунун дар мавриди Багром изҳори назар накардаанд, дар ҳоле, ки Шо Парнелл, сухангӯи Пентагон дар баёнияе, ки дар ихтиёри хабарнигорон қарор дод, гуфт, ки Вазорати ҷанг "ба таври маъмул баррасӣ мекунад, ки чигуна ба сенарияҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон посух диҳад" ва "мо ҳамеша омодаем, то ҳар маъмуриятеро бо дастури раисҷумҳур анҷом диҳем".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG