Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин масъалаи ҷиддӣ аст". Мақомот аз наздик омадани мӯҳлати имзои созиши марзӣ бо Қирғизистон гуфтанд


Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон яке аз мақомоти масъул дар музокираҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон яке аз мақомоти масъул дар музокираҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад

Мақомот дар Тоҷикистон наздик омадани мӯҳлати имзои созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасдиқ мекунанд, вале, ба фарқ аз ҳамтоёнашон дар кишвари ҳамсоя, аз додани ҷузъиёт ҳамоно худдорӣ меварзанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон гуфт, масъалаи хатти марз байни Тоҷикистону Қирғизиситон рӯзҳои наздик ҳал хоҳад шуд, вале ҷузъиёти бештар надод, ки чӣ гуна. Хоҷазода, ки 6-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба саволҳои журналистон ҷавоб медод, гуфт, ба саволи хабарнигорон посухи аз қабл омодакардаашро қироат мекунад, чун, ба гуфтааш “масъала ҷиддӣ аст”.

Ӯ гуфт: “Ҳамкориҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ пеш меравад. Дар ин самт қадамҳои муҳим гузошта шудаанд ва мо бо натиҷаҳои назаррас ноил ҳам гардидем. Миёни ҳайатҳои байниҳукуматии ҷонибҳо моҳия январи соли 2025 се маротиба вохурӣ гузаронида шуд. Ҳоло ҷонибҳо барои тартибдиҳии расмии ҳукуқии ҳуҷҷатҳо фаъолона кор карда истодаанд. Ин раванди муҳиме мебошад, ки ба таҳияи созишномаҳои ниҳоӣ ва расмӣ гардонидани қарорҳои қабулшуда мусоидат мекунад”.

Ба пурсиши батакрори хабарнигорон, ки созишнмаи ниҳоӣ кай имзо хоҳад шуд ё кӯчонидани сокинони ду ҷониб дар назар аст ё на, ҷавоби дақиқ надода, танҳо таъкид намуд, ки “дар ҳақиқат заминҳои порчадармиён ҳам аст. Барои ҳалли масъалаи сарҳадро рост кардан, мувофиқ кардан, оид ба ин масъалаҳо ҳам корбарӣ рафта истодааст”.

Ба қавли вай, баъди анҷоми корҳо дар сатҳи техникӣ ва мувофиқаи тамоми ҷузъиёти ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳо барои имзо омода шуда, тасмим расонаӣ хоҳад шуд.

“Ҳадафи мо ҳалли ниҳоии масъала бо асоси қонунӣ ва риояи манфиатҳои ду ҷониб мебошад, - афзуд ӯ. - Ҳарду ҷониб мехоҳанд зудтар ин масъала ҳалли худро ёбад. Боварӣ дорем, ки рӯзҳои наздик масъала ҳалли худро меёбад. Рӯзашро яктарафа муайян карда намешавад, ин бояд дутарафа бошад. Коре анҷом дода истодаем, ки ягон масъала, баҳс дар оянда намонад,” – гуфт раиси Кумитаи замин.

Гузориш дар бораи нишасти матбуотии Кумитаи замин дар барномаи рӯзи 6 феврали Ахбори Озодӣ нашр шуд:

Ҳадди ақал ин бори дуюм аст, ки раиси Кумитаи замин бо посухи аз қабл омодакардааш ба назди хабарнигорон омада, дар бораи вазъи музокираҳои марзи ду кишвар маҳдуд сӯҳбат мекунад.

Аммо тарафи Қирғизистон мавзуъро бештар шарҳ дода, расонаӣ кардааст.

Ба назари коршинос Неъматулло Мирсаидов, ҷониби Тоҷикистон талаботи қаблан мувофиқашудаи тарафҳоро дар бораи худдорӣ аз пахши маълумот оид ба масъалаи марз риоя мекунад, вале норӯшаниҳо боиси нигаронии сокинон шудааст.

“Албатта дар масъалаи марз баъзе муаммоҳо вуҷуд доштанд, ки мардум ҳалли онҳоро интизоранд. Ва ҳозир намедонанд, ки ҳамон масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд ё не. Ман дар назар дорам пеш аз ҳама роҳи Ворухро. Яъне дар бораи он ки роҳи Ворух сохта мешавад - чандин маротиба гуфта шуда буд, вале дақиқ гуфта нашудааст, ки ин роҳ аз куҷо мегузарад, вай роҳ ҳудуди кӣ мешавад, яъне мардум аз ҳамин чиз нигаронанд,” – гуфт Неъматулло Мирсаидов рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Сокинони деҳоти наздимарзӣ ҳам интизори шарҳи бештаранд

Фарҳод Бобоев, яке аз сокинони наздимарзӣ дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара интизор аст, ки аз мақомот дар бораи аломатгузории марз ба онҳо чӣ мегӯянд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд инро донанд, ки чӣ тағйироте дар ҳудуди макони зисташон ба миён хоҳад омад.

Ахиран Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии "Кабар" иттилоъ дод, ки мақомоти ду кишвар ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол баъзе аз шаҳрвандони худро кӯчонанд. Ҷабборов дар шарҳи созиши ҳосилшуда бо Тоҷикистон гуфтааст, "мо деҳаҳои наздимарзие дорем, ки мисли тахтаи шоҳмот ҷойгир шудаанд ва хонаҳои мардум дар дохили ҳамдигар қарор доранд."

"Агар дар тарафи мо хонаҳое бошанд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, пас, ҷониби Тоҷикистон сокинонро мекӯчонад. Агар хонаи шаҳрвандони мо дар тарафи онҳо бошад, мо онҳоро кӯч медиҳем. Ба онҳо дар ҷойи дигар хона месозем," -- афзуд Содир Ҷабборов (Жапаров).

Ба гуфтаи раисҷумҳури Қирғизистон, агар кӯчондани сокинони минтақаҳои марзӣ анҷом нашавад, муҳофизати сарҳад мушкил хоҳад шуд.

"Мо тақрибан ҳазор километр хати марз дорем. Дар бисёре аз минтақаҳо қитъаҳои баҳсбарангез буданд. Дар баъзе ҳолат ин қитъаҳо баробар тақсим шуданд," -- гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.

Ин изҳори назарҳои Ҷабборовро ҳам дар Тоҷикистон бешарҳ гузоштанд.

Музокираҳои пушти дарҳои баста

Худдории мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи мавзуъ дар ҳолест, ки рӯзи 4 декабри соли гузашта дар шаҳри Ботканд раҳбарони КДАМ-и ду кишвар гуфтанд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳади ду кишварро ба поён расондаанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, дар паёми кӯтоҳ гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва акнун он дар як созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад гашт.

Дар гузашта ин хатти сарҳад сабаби ҷанҷолу хунрезӣ шудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, ҷузъиёте надоданд.

Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG