Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Boeing то Airbus. Раҳбарони Осиёи Марказӣ бо чӣ парвоз мекунанд?


Ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Бишкек. 12-уми марти соли 2025
Ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Бишкек. 12-уми марти соли 2025

Барои ҳавопаймои президенти Тоҷикистон (Boeing 787-800 Dreamliner) дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ангар ё ҷойи нигаҳдорӣ сохтанд, аммо арзиши онро нагуфтанд.

Хабари соҳиби ҳавопаймо шудани Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши даҳҳо миллион доллар ҳам тасодуфан ошкор шуд. Пеш аз ин, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳавопаймои ширкати хусусии “Сомон Эйр”, ки ба наздиконаш пайванд дода мешавад, парвоз мекард.

Сирри харидани Boeing 787-800 Dreamliner барои президенти Тоҷикистон дар соли 2023 пас аз як нигоштаи раисҷумҳури Мексика дар саҳифааш дар Твиттер фош шуд. Ҳавопаймо ба ҳукумати ин кишвар тааллуқ дошт.

Президенти пешини Мексика, Энрике Пеня Нето, чанд сол талош кардааст, ки аз ин ҳавопаймо халос шавад. Барои нигаҳдории он аз хазинаи давлат пули зиёд сарф мешуд. Раисҷумҳури баъдӣ, Лопес Обрадор, ҳам эълон кард, ки аз истифодаи он даст мекашад. Вай қавл дод, ки пули ҳавопаймо барои бунёди бемористон сарф хоҳад шуд.

Хабари ба даст овардани ҳавопаймои боҳашамат барои раисҷумҳури Тоҷикистон ба шабу рӯзе рост омад, ки ҳукумат бо роҳандозии маъракаи густарда мардумро ба сарфакорӣ даъват мекард ва ҳушдор медод, ки аз баргузории тӯю маросими бодабдаба худдорӣ варзанд. Биноан, вокуниши зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён овард.

Рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ҳисоб карданд, ки бо маблағи сарфшуда барои харидани Dreamliner (92 миллион доллар) дар Тоҷикистон мумкин буд 30 беморхона, 2 ҳазор километр роҳ ва 333 маҷмааи варзишӣ сохта, ё ба қариб ним миллион камбизоат кумак расонд. Вале ба ҷойи ин, давлат ба хариди ҳавопаймо барои президент бартарӣ дод ва акнун барои он ҳанӯз маълум нест, ки бо сарфи чӣ миқдор маблағ ангар ё ҷойи нигаҳдорӣ сохтанд.

Тоҷикистон ин ҳавопайморо аз Мексика ба 92 миллион доллар харид
Тоҷикистон ин ҳавопайморо аз Мексика ба 92 миллион доллар харид

Узбекистон: Dreamliner ва ҳавопаймои олигархҳо

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз Boeing 787-8 Dreamliner, шабеҳи ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон истифода мекунад. Он бо рангҳои парчами Узбекистон оро дода шуда, аз соли 2019 истифода мешавад.

Қабл аз он Мирзиёев бо Airbus А340 парвоз мекард. Ин ҳавопаймо аз сарватманд Алишер Усмонов буд. Соли 2017 расонаҳо маълум карданд, ки Мирзиёев бо ҳамин ҳавопаймо ба нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маҷмааи кулли Созмони Милал сафар карда буд.

Ширкати ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йуллари” изҳор дошт, ки ҳавопайморо ба иҷора мегиранд. Сабаб ин буда, ки ширкат шароити бароҳат ва омодагии хуби фанниро пешниҳод мекардааст. Арзиши истифодаи ҳавопайморо ошкор накарданд.

Ҳавопаймои мазкур – А340 – яке аз ҳавопаймоҳои гаронарзиши шахсӣ дар ҷаҳон аст. Нархи он 350 миллион доллар аст ва ба номи падари олигарх Усмонов “Бурҳон” гузошта шудааст. Ин суол, ки чаро президенти як кишвари соҳибистиқлол дар ҳавопаймои миллиардери рус сафар мекунад, ҳанӯз беҷавоб аст.

Ҳавопаймои президенти Узбекистон
Ҳавопаймои президенти Узбекистон

Казоқистон: Мероси Назарбоев

Таваққуфгоҳи рақами яки ҳавопаймоҳо дар Қазоқистон дер боз ба номи Нурсултон Назарбоев алоқаманд буд. Истифода аз Airbus A330-243 Prestige – ҳавопаймое бо арзиши 300 миллион долларро маҳз ӯ оғоз карда буд. Ин ҳавопаймо иқтидори парвоз то масофаи 13 ҳазор километрро бидуни ист барои пур кардани сӯзишворӣ дорад. Он ҳамчунин дорои тамоми шароиту имкониятҳои муносиб ба VIP аст.

Соли 2022 таҳқиқотгарон маълум карданд, ки Бунёди Нурсултон Назарбоев ҳавопаймои Airbus ACJ320neo-ро аз як ширкати швейтсарӣ ба 100 миллион доллар харида, ба Қазоқистон овардааст. Дар таҳқиқот гуфта мешуд, ки ҳавопайморо Назарбоев истифода мекунад. Ҳоло он дар таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳои давлатии Berkut Air аст. Ин ширкат зери назорати дастгоҳи иҷроияи президенти Қазоқистон қарор дорад.

Баъди ба сари қудрат омадан, Қосимҷомарт Тоқаев аввал дар ҳавопаймои нисбатан хоксоронаи Airbus A321-211 парвоз мекард. Баҳори соли 2022 (соле, ки дар Қазоқистон чун ҳодисаи январи хунин ёд мешавад ва пас аз он Назарбоев пурра зери соя рафт) президенти Қазоқистон зоҳиран ба ҳамон ҳавопаймои президенти пешин – Airbus A330 нишаст.

Ҳавопаймои раисҷумҳури Қазоқистон дар фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав. Моҳи апрели соли 2019
Ҳавопаймои раисҷумҳури Қазоқистон дар фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав. Моҳи апрели соли 2019

Қирғизистон: Аз Ту-154 то Airbus A320

Қирғизистон аз кишварҳоест, ки ҳавопаймои президенташ муддатҳои дароз хоксорона ба назар мерасид. Соли 2024 раисҷумҳур Содир Ҷабборов аз Ту-154М истифода мекард, ки соли истеҳсолаш 1993 аст. Ин ҳавопайморо қариб ду даҳсола пеш Русия ба ин кишвар ҳадя дода буд.

Дар моҳи марти соли 2024 Бишкек ҳавопаймои нави Airbus A320-ро муаррифӣ кард. Он нисбатан нав буда, соли 2002 истеҳсол ва барои парвозҳои наздик ва миёна пешбинӣ шуда буд. Ин нахустин ҳавопаймои президентӣ буд, ки бо пули буҷа харидорӣ шуд.

Як таҳқиқот маълум кард, ки Ҷабборов пеш аз эълони расмии харидории он аз ҳавопаймо истифода мекардааст. Хадамоти матбуоти президент ин иттилоъро рад кард.

Зимни қабули ҳавопаймои A320 дар фурудгоҳи “Манас”, сарвазири вақт Оқилбек Ҷабборов гуфт: “Ҳанӯз дирӯз мо ҳатто тасаввур намекардем, ки аз ҳисоби буҷа ин ё он техникаро бихарем. Имрӯз мо ҳавопаймо ва чархбол мехарем.” Ҳавопаймо бо рангҳои миллӣ оро дода шуда, дар он сари тилоии уқоб тасвир ёфтааст. Нархи он ифшо нашудааст.

Ҳавопаймои раисҷумҳури Қирғизистон
Ҳавопаймои раисҷумҳури Қирғизистон

Туркманистон: Ҳавопаймои тилоӣ ва на якто

Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон аз падараш, президенти пешин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов на фақат қудрат ва курсии президентӣ, балки тамоми чизеро, ки ба ӯ тааллуқ дошт, ба мерос гирифт. Аз ҷумла, порки боҳашамати ҳавопаймоҳоро.

Ҳавопаймои асосии президенти Туркманистон – Boeing 777-200LR бо ранги сафеду сабз ва нишони давлат оро ёфтааст. Ин яке аз гаронбаҳотарин ва пурқудраттарин ҳавопаймоҳо аст, ки 300 миллион доллар нарх дорад.

Ин ҳавопаймо қудрати парвоз дар масофаи 17 ҳазор километрро доро буда, дар дохили он шароит дар сатҳи олӣ аст. Ҳавопаймо ҳуҷраи хоб, гуфтушунидҳо ва ҳаммому толор барои гузаронидани маҷлис дорад. Ҳама чизи дохили он тилоист.

Президенти Туркманистон дастикам ду Boeing 737 дорад. Ҳавопаймоҳо чун як ҷузъи муҳими таблиғи раҳбарони Туркманистон истифода мешаванд. Дар замони президенти қаблӣ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар дохили он аксаран расми вай овезон буд ва наворҳои поин шудани президент аз зинапояҳои ҳавопайморо барои ташвиқ дар телевизионҳо истифода мебурданд.

Чун низомҳои дигари худкома нарх ва манбаи маблағгузории ҳавопайморо аз ҷомеа пинҳон медоранд. Аммо рӯшан аст, ки Туркманистон ҳавопаймоҳоро мустақим аз ширкати истеҳсолкунанда мехарад ва ороиши дохили онро мувофиқи хости худ супориш медиҳад.

Ҳавопаймои раисҷумҳури Туркманистон
Ҳавопаймои раисҷумҳури Туркманистон
XS
SM
MD
LG