Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Трамп тағйир ёфт. ИМА ду ширкати Русияро таҳрим кард


Колажи Трамп ва Путин
Колажи Трамп ва Путин

ИМА нисбат ба "Роснефт" ва "Лукойл", ду ширкати азими нафтии Русия таҳрим ҷорӣ кард ва Доналд Трамп, президенти ин кишвар гуфт, ки мулоқоташро бо Путин бекор кардааст.

Вазорати молияи ИМА сабаби таҳрим нисбат ба ширкатҳои бузурги русиро майл нишон надодани Русия ба хатми ҷанг дар Украина номидааст.

Доналд Трамп рӯзи 22-юми октябр бори дигар таъкид кард, ки аз мавқеъгирии Владимир Путин, президенти Русия дар робита ба ҷанг дар Украина дилсард шудааст. Ӯ гуфт, бо Путин "суҳбатҳои хуб доштааст", вале "ҳеч натиҷае надодаанд."

"Мебинед, ки ӯ ҷангро идома медиҳад. Ҷанг давом дорад. Ҷанг ду тараф дорад. Наметавон дар бораи ҷанг чизе пешбинӣ кард, вале возеҳ аст, ки замони созиш фаро расидааст. Мардуми зиёде кушта мешаванд,"—гуфт ӯ.

Вазорати молияи ИМА гуфтааст, ки барои таҳримҳои аз ин ҳам сахттар омода аст, вале агар Маскав барои хатми ҷанги сеюнимсола омодагӣ нишон диҳад, ин корро нахоҳанд кард.

Хабарнигори "Ройтерс" навиштааст, ки ҷорӣ кардани таҳрим шаҳодати тағйири сиёсати Вашингтон дар муқобили Маскав аст. То ин вақт Трамп бо таъруфаҳои иловагӣ кифоят мекард. Ӯ ба воридоти моли Ҳиндустон 25 дарсад таъоруфа ҷорӣ кард, зеро ин кишвар бо нархи арзон аз Русия нафт мехарад. Харидори дигари нафти Русия+-Чин то кунун аз таъруфаҳои иловагии Амрико эмин мондааст. Баъди оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022-ум кишварҳои ғарбӣ иброз доштанд, ки баландтарин қимате, ки ба нафти Русия хоҳанд дод, 60 доллар дар муқобили як бушка нафт аст. Баъд аз ин Русия фурӯши нафтро ба мамолики Осиё зиёд кардааст.

Трамп дар Кохи Сафед ҳамчунин эълон кард, ки мулоқоташ бо Путинро, ки мебоист дар Маҷористон барпо гардад, лағв кард, зеро бовар надорад, ки ҳоло замони муносиб аст. Трамп изҳори умед кардааст, ки таҳрими ширкатҳои нафти Русия дер давом намекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG