Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар карантин аст." Интиқоли Бузургмеҳр Ёров ба зиндони Бохтар


Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ
Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи шинохта, вале зиндониро аз Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе ба маҳбаси низомаш сангини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бурдаанд.

Як корманди Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бе зикри номаш рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло ӯ дар карантин (давраи мутобиқшавӣ) қарор дорад."

Як вакили мудофеъ низ бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Бузургмеҳр Ёров "феълан дар тавқифгоҳи рақами 9/7 дар Бохтар аст".

"То анҷоми давраи мутобиқшавӣ дар ҳамон ҷо мемонад ва сипас ба зиндони рақами 9/6 гузаронда мешавад," – шарҳ дод ӯ.

Бузургмеҳр Ёров қаблан дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат буд ва дар китобхонаи ин муассисаи ислоҳӣ кор мекард. Бо сабаби боз шудани парвандаи нав, ки худаш "туҳмат" медонист, тобистони соли 2023 ӯро ба Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт бурданд.

Бародараш мегӯяд, танҳо ҳафтае пеш, баъди он ки наздикон барои Бузургмеҳр Ёров ба Боздоштгоҳ хӯрок бурданд, дар бораи аз Душанбе ба зиндони Бохтар интиқол ёфтанаш хабардор шуданд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули Бунёди ҳамномаш, рӯзи 25-уми декабр гуфт: "Дар Боздоштгоҳ ба модарам гуфтаанд, ки ба як тавқифгоҳ дар Бохтар бурда шуд. Модарам баъди ду рӯз ба ҳамон боздоштгоҳ рафтанд. Дар онҷо гуфтаанд, ки ҳаминҷост, вале худаш баъди он ки барои занг задан иҷоза гирад, телефонӣ ба шумо мефаҳмонад."

Бузургмеҳр Ёров дар соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шуруъ кард ва баъд аз он бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд гунаҳкор ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ва наздиконаш ҳамвора гуфтаанд, ки ӯ гуноҳ надорад.

Бар асоси қонуни афв даҳ солу ду моҳ аз ҳукми ӯ кам шуда буд, вале Додгоҳи шаҳри Ваҳдат моҳи июли соли 2023 бар асоси шикояти як зиндонӣ ӯро ба "қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" гунаҳкор ва муҳлати ҳабсашро 10 сол дароз кард. Бузургмеҳр Ёров ин айбномаро ғайриодилона ва “туҳмати навбатӣ” номида буд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Бузургёр Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номид.

Бузургмеҳр Ёров 53-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.

Document
Кӣ кай аз зиндон хоҳад баромад?
Созмонҳои байнулмилал аз ҳукмҳои дарозмуддати мухолифони ҳукумат, фаъолони маданӣ ва хабарнигорону ҳуқуқдонҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Чанде аз онҳо ҳукми умрбод гирифта, дигарон солҳои дароз аз озодӣ маҳрум хоҳанд буд. Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки зиндониёни саршинос дар ҳоли адои пурраи ҳукм кай озод хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG