Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сохтмони "Роғун" соли 2033 ба анҷом мерасад." Талаби IMF аз Тоҷикистон


Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) дар гузориши нави худ гуфтааст, сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” на соли 2032, тавре қаблан барномарезӣ шуда буд, балки соли 2033 ба анҷом расида, танҳо дар соли 2040 (пас аз комилан пур шудани обанбор) бо иқтидори пуррааш кор хоҳад кард.

Хароҷоти сохтмон ҳам, ба арзёбии ин созмон, аз 5 миллиард доллари қаблӣ ба 6,4 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Мақомот "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гаронӣ мегӯянд, вале мухолифони сиёсии онҳо афзоиши хароҷотро ба фасоди молӣ ва набудани шаффофият дар харҷи сармояҳо бастагӣ медиҳанд.

Бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон аз соли 2008 идома дорад. То кунун, ба гуфтаи масъулони ҳукумат, беш аз 40 миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Ҳоло сохтмон ба марҳилаи аз ҳама серхарҷи худ ворид шуда, Тоҷикистон тавони ба танҳоӣ сармоягузорӣ кардани онро надорад.

Дар гузориши Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфта мешавад, Тоҷикистон дар ду соли оянда баробари 3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба сохтмони “Роғун” пул ҷудо мекунад. Қарор аст, хароҷоти боқиро кишвар аз консорсиюми созмонҳои байнулмилалӣ зери роҳбарии Бонки Ҷаҳонӣ қарз бигирад.

Тавре аз гузориш бармеояд, созмонҳо пеш аз додани қарз дар назди Тоҷикистон шарт гузоштаанд, ки пешакӣ бо кишварҳои ҳамсоя барои фурӯши барқ қарордод бандад, ки барқи “Роғун”-ро фурӯхта, қарзро ҷуброн мекунад. Дар гузориш гуфта мешавад, Тоҷикистон барои фурӯши барқ бо Узбекистон аллакай шартнома дорад ва қарор аст ба зудӣ бо Қазоқистон ҳам чунин қарордод бандад.

Як шарт ё тавсияи дигари созмонҳои байнулмилалӣ ин тадриҷан боло бурдани нархи нерӯи барқ ба муштариён дар Тоҷикистон аст. Дар гузориши Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфта мешавад, нархи ҳозираи нерӯи барқ ҳанӯз хароҷоти “Барқи Тоҷик”-ро намепӯшонад ва қарзи ширкат дар ҳоли афзудан аст.

Қарор аст, Тоҷикистон бо тавсия ва шартгузории созмонҳои молиявӣ дастикам то соли 2027 мунтазам нархи нерӯи барқро боло барад. Дар ҳамин ҳол, Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфтааст, Тоҷикистон дар пардохти пули барқ ба қишри ниёзманди аҳолӣ бояд ҷубронпулӣ таъйин кунад.

Тоҷикистон аз соли 2015 талош дорад, ки аз Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) то 500 миллион доллар қарзи боимтиёз бигирад, аммо ҳанӯз комёб нашудааст.

Бо дархости мақомот, Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) Тоҷикистонро шомили барномаи “Абзори ҳамоҳангсозии сиёсат” кардааст. Тибқи ин барнома, иқтисоддонҳои созмон ба кишварҳо дар таҳияи барнома ва сиёсатҳои самарбахши иқтисодӣ мадад мекунанд.

Тоҷикистон аз оғози соли 2024 шомили ин барнома шудааст. 22 моҳ идома мекунад. Дар ин муддат Тоҷикистон ба тавсияҳои СБП гӯш дода, сиёсатҳои иқтисодии худро такмил мекунад ва ислоҳотеро, ки ин созмон машварат медиҳад, анҷом хоҳад дод. Боло бурдани нархи барқ, ҷамъоварии пули он ва беҳтар кардани мудирияти “Барқи Тоҷик” ва корхонаҳои дигари азими давлатӣ аз ҷумлаи тавсияҳои Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) аст.

Гуфта мешавад, дар сурати иҷрои тавсияҳои Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF), Тоҷикистон метавонад ба дарёфти қарзу грант аз созмонҳои байнулмилалии молӣ ва шарикони рушд умеди бештар бандад.

То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сохта шудааст. Чарха ё агрегати сеюми он, ба гуфтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бояд соли 2025 ба истифода дода шавад.

XS
SM
MD
LG