Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷбурӣ ё кӯмак ба деҳқон. Хонандагонро дар Суғд ба пахтачинӣ бурдаанд


Мактаббачагони деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар пахтазор.
Мактаббачагони деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар пахтазор.

Дар аксар навоҳии пахтакори Тоҷикистон наврасонро ба пахтачинӣ ҷалб кардаанд.

Наздикони наврасон мегӯянд, онҳоро маҷбур ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб кардаанд, вале мақомот иддао доранд, ки ин кор ихтиёрӣ сурат гирифтааст.

Қонунҳои Тоҷикистон ҷалби маҷбурии наврасон ба корҳои вазнину душворро манъ мекунад.

Наврасони Сафедтеппа дар пахтазор

Дар деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзи 14-уми октябр ҳудуди 50 хонандаи мактаб ҳамроҳ бо омӯзгоронашон ба пахтачинӣ машғул буданд.

Қобилҷон Сиддиқов, омӯзгори мактаби деҳа гуфт, ки аз шашуми сентябр бо мактаббачагон ба пахтачинӣ сар кардаанд. “Ман роҳбари синфи 9-и “Б” ҳастам ва ҳамроҳи шогирдони худ ба пахтачинӣ меравем. Ҳаррӯз баъди нисфирӯзӣ меоем ва ҳам, ҳар рӯзи якшанбе мебароем. Ба деҳқонон ёрдам дода истодаем,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Ҷалби мактаббачаҳо ва коргарони давлатӣ ба пахтачинӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Ба гуфтаи омӯзгор, ҳар рӯз шогирдонаш то 300 килограм пахта мечинанд ва дар ивази корашон маблағ мегиранд. Худи толибилмони пахтачин омода нашуданд, дар назди дурбин суҳбат кунанд, вале ба гуфтаи омӯзгор, касеро ба пахтачинӣ маҷбур намекунанд.

Қобилҷон Сиддиқов гуфт, ки маъмулан аз 24 шогирдаш ҳудуди 15-16 нафарашон ба пахтачинӣ меоянд.

Дар бархе минтақаҳо хонандагонро аз дарс маҳрум кардаанд

Ин вазъ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ якранг аст. Дар шаҳри Конибодом низ наврасон ба пахтачинӣ машғуланд. Ҳатто ҳукумати ноҳияи Масчоҳ низ чанд аксеро дар саҳифаи расмиаш нашр кардааст, ки дар он зоҳиран наврасони мактабхон дар саҳро пайи кор ҳастанд. Агар дар бархе минтақа берун аз дарс толибилмон ба ин кор ҷалб гарданд, вале чандин хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ки ба ҷойи дарс ба пахтачинӣ омадаанд.

Як наврас, ки ба пахтачинӣ ҷалб шудааст, бе зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “даҳ рӯз боз дар саҳро кор мекунад". Ӯ гуфт, ки онҳоро ҳатто барои пахтачинӣ пурра аз дарсҳо ҷавоб медиҳанд.

"Имрӯз моро аз мактаб ҷавоб доданд, ки аз саҳар рафта пахта чинед,”—гуфт ӯ.

Дар баробари муҳассилини мактабҳо ҳамчунин омӯзгорону дигар кормандони давлатӣ низ дар заминҳои кишоварзӣ ба пахтачинӣ машғуланд.

Кормандони ниҳодҳои давлатӣ ҳам сафарбар шудаанд

Гулнора Шодиева, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи онҳост. Ӯ гуфт, дар як рӯз бо мушкил то 20 килогарм пахта мечинад ва бар ивази ҳар як килограм як сомонию 20 дирам пул мегирад.

Деҳқонон ҳам мегӯянд, ки бо вуҷуди паст будани нархи имсолаи пахта ҳосил хуб аст ва ба чинакчиёни фаъол имтиёз додаанд.

Набиҷон Бобоҷонов, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷибой-Саркор гуфт, ҳар касе аз 80 килогарм бештар пахта чинад, ба ӯ ду килограм биринҷ тӯҳфа мекунанд.

Чанд тан аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар суҳбати бидуни сабт иқрор шуданд, ки онҳоро маҷбурӣ ба саҳро овардаанд.

Бархе падару модарон низ дар муроҷиат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фарзандонашонро аз илмомӯзӣ ба пахтачинӣ мебаранд.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки ин кор маҷбурӣ нест ва толибилмону омӯзгорон бо хоҳиши худ ба кӯмаки деҳқон мераванд.

“Ёрдам карда истодаанд. Маблағашонро 1 сомону 20 дирамӣ гирифта истодаанд. Хоҷагиҳо хӯроки гарм таъмин карда истодаанд. Чойи гарм медиҳанд. Боду ҳаво нағз ва тоза аст. Вақте ба падару модарамон ёрдам медиҳем гӯянд, мо монеа намешавем. Ҳамаашон хурсанд, ки ҳам маош мегирем ва ҳам маблағи пахтаро гирифта истодаанд,”—гуфт ин мансабдори маҳаллӣ.

"Мерос" аз Шӯравӣ

Сафарбарии хонандагони мактаб, донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба пахтачинӣ як таҷрибаи кори иҷбории боқимонда аз замони Шӯравӣ аст. Истифодаи нерӯи ноболиғон дар ҷамъоварии пахта ҳамеша мояи интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ буда, дар гузашта таҳрими маҳсулотеро ба миён овардааст, ки аз пахтаи чидашуда ба дасти кӯдакон истеҳсол мешавад.

Вилояти Суғд ягона минтақаи Тоҷикистон нест, ки хонандагон ва омӯзгорон ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд. Тибқи хабарномаи расмӣ дар вилояти Хатлон низ вазъият чунин аст. Ба пахтачинӣ фиристодани хонандагон дар гузашта боиси сар задани фоҷиаҳо низ шудааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли гузашта дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як мошини “Портер”, ки хонандагонро ба пахтачинӣ мебурд, дучори сонеҳа ё тасодуф гашт. Дар ин ҳодиса се хонанда – ду духтар ва як писар – ҷароҳати сахт бардоштанд.

Чанд сол пеш ба пахтачинӣ фиристодани хонандагони мактабро дар Тоҷикистон расман манъ карданд, чун ба гуфтаи мақомот, ба рафти таҳсили онҳо зарар мерасонад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, аз корҳои вазнини кӯдакон пешгирӣ кунанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳанӯз ба ин хабарҳо вокунише накардааст.

Ҳоло дар вилояти Суғд каме бештар аз 50 дарсади нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст ва дар ҳамин ҳол маълум нест, ки то кай пахтачинӣ давом мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG