Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро." Лоиқ Одиназода дар куҷост?


Наздиконаш мегӯянд, Лоиқ Одиназода ду сол пеш аз Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шудааст
Наздиконаш мегӯянд, Лоиқ Одиназода ду сол пеш аз Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шудааст

Шабнам Одиназода, сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, мегӯяд, бародари 25-солааш Лоиқ Одиназода моҳи декабри соли 2023 аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шуда, аз он замон то ҳоло беному нишон аст. "На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро," -- шикоят кард ӯ рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи бедарак шудани ин зодаи ҷумҳурӣ ҳарфе намегӯянд. Ҷониби Русия низ хабаре надодааст. Ҷустуҷӯйи мо нишон дод, ки номи Лоиқ Одиназода дар "Феҳрасти зархаридон аз Тоҷикистон" нест. Ин рӯйхатро Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина таҳия кардааст ва номи садҳо зодаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Шабнам Одиназода мегӯяд, ҳоло дар Маскав аст ва мунтазири посухи мақомоти Русия. Ҳарчанд, ба гуфтааш, намунаи ДНК ҳам супорид, талошҳои ӯ барои ёфтани бародараш то ин дам бенатиҷа будаанд.

Ба нақли ин сокини Панҷакент, бародараш Лоиқ Одиназода ду сол қабл бар асоси ваъдаи мақомоти Русия, ки "баъди хидмат дар артиши он кишвар зуд соҳиби шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ хоҳад шуд", ба ҷанги зидди Украина рафтааст.

"Ният дошт, ки дар Маскав бо зане ақди никоҳ бандад. Мақомоти Русия гуфтаанд, агар ба ҷанг равӣ, ҳам шаҳрвандӣ мегирӣ ва ҳам метавонӣ издивоҷ кунӣ. Вай розӣ шуда, 20-уми декабри соли 2023 ба ҷанг рафтааст. Дар рӯзҳои аввал ду дафъа телефонӣ гап задем. Тамом. То имрӯз даракаш нест," – гуфт хоҳари Лоиқ Одиназода.

Мусоҳиби мо афзуд, падару модараш барвақт фавтидаанд ва ин ҳолат бародарашро маҷбур кард, ки пас аз хатми мактаби миёна дар ҷустуҷӯйи кору маоши хуб ба Русия равад ва акнун беному нишон аст. "Дар ҳар сурат, то замони маълум шудани зинда ё мурда будани бародарам дар Маскав мемонам," – гуфт Шабнам Одиназода.

Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ягон иттилоъ намедиҳанд. Биноан, шумораи дақиқи онҳо маълум нест.

Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд.

Муаллифони ҳамин рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, "саркашҳоро, то замоне ки қарордодро имзо накунанд, мезананд ва ё бо ҳукми зиндон метарсонанд."

"Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро амалан ба куштан мефиристад. Ҳеч кас онҳоро сарбоз эътироф намекунад, ки бояд муҳофизат карда шаванд," – гуфтаанд муаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам".

Қонунҳои Тоҷикистон низ барои иштирок дар ҷанги бегона ҷазои сангинро пешбинӣ мекунанд, вале дар тақрибан чаҳор сол ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст. Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои стратегии Русия аст.

XS
SM
MD
LG