Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости се зодаи дигари Тоҷикистон, ки дар Украина асир шудаанд


Дар тақрибан чаҳор соли ҷанги Русия дар Украина ду тараф борҳо асирони ҷангро иваз карданд, вале расман гуфта нашудааст, ки дар миёни онҳо тоҷикон низ буданд ё не
Дар тақрибан чаҳор соли ҷанги Русия дар Украина ду тараф борҳо асирони ҷангро иваз карданд, вале расман гуфта нашудааст, ки дар миёни онҳо тоҷикон низ буданд ё не

Се зодаи дигари Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ба ҷанг бурда шуда, ба дасти низомиёни Украина асир афтодаанд, аз пайвандони худ мадад хостаанд. Навори онҳо аз сӯйи низомиёни украинӣ нашр шуд. Дар гузашта чанд нафари дигар чунин дархостро карда буданд.

"Масъулони зиндон ваъда доданд, ки...."

Камаш ду нафар гуфтаанд, ки аз зиндону боздоштгоҳ ва бо ваъдаи раҳоӣ аз ҷавобгарӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия ба майдони муҳориба рафтанд. Яке аз онҳо Умедҷон Ризоев аст. Вай аз Донетски Украина хитоб ба бародараш гуфтааст, "ҳоло аҳволам хуб аст. Ҳама чиз ҷо ба ҷо. Хуб шуд, ки худро супоридам ва ин ҳаёти маро ҳифз кард."

Умедҷон Ризоев 37-сола ва аз ҷамоати ба номи Файзалӣ Саидови шаҳри Бохтар будааст. Ба нақли худаш, ӯро соле пеш аз зиндони рақами 18 дар Магнитогорски Русия ба ҷанг бурданд. Талоши мо барои суҳбат бо наздиконаш то ин дам бенатиҷа буд. Як маҳбуси зиндони рақами 18 дар Магнитогорск бо шарти фош нашудани ном рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Умедҷон Ризоев ҳамроҳи панҷ тоҷик ва узбек аз зиндон ба ҷанг бурда шуд.

"Масъулони зиндон ваъда карданд, ки пас аз бозгашт аз ҷанг аз маҳбас озод карда мешавад ва барояш шаҳрвандии Русия хоҳанд дод," – афзуд ҳамсуҳбати мо. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар соли 2023 ба хабарнигорон гуфта буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд. Баъди он на ӯ ва на мансабдорони дигари тоҷик дар ин бора иттилое надоданд.

Саҳифаи "Асирони СВО" (Русия ҷангашро дар Украина СВО, амалиёти махсуси низомӣ, меномад) дар Телеграм навиштааст, ки лақаби низомии Умедҷон Ризоев "Муслим" аст ва дар қисми ҳарбии "93992" дар Донетск меҷангид. Ба навиштаи ин саҳифа, Умедҷон аз 23-юми июли соли равон ба ин тараф дар асорат қарор дорад. "Асирони СВО" навору маълумотро дар бораи касоне нашр мекунад, ки аз тарафи Русия ба ҷанг бурда шуда, дар Украина дар асорат ҳастанд.

"Ба хати аввали ҷанг мефиристанд"

Акрамбек Абдулназарови 49-сола аз деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ зодаи дигари Тоҷикистон аст, ки дар наворе аз хоҳараш ёрӣ хостааст. Манобеи наздик ба низомиёни Украина нигоштаанд, ки Абдулназаров соли 2018 барои таъмини хонавода ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт, вале баъди ба поён расидани муҳлати иқоматаш дар соли 2022 ба Тоҷикистон барнагашт ва ба кораш идома дод.

Дертар пулис ӯро дастгир ва дар боздоштгоҳ ҷойгир карда, пешниҳод додааст, ки дар дар ивази ҷангидан дар Украина масъалаи иқоматаш ҳал ва ба ӯ шаҳрвандии Русия дода мешавад. Вай ҳоло дар асорат аст ва интизор дорад, ки хоҳараш барои раҳоии ӯ кумак хоҳад кард.

Ба навиштаи "Асирони СВО", саҳифае дар Телеграм, Ёсинҷон Зиёев аз деҳаи Кулканди Исфара аз тоҷикони дигари асируфтода аст, ки ӯро бо ваъдаи хидмат дар хати марз дар Шебекино ба артиши Русия гирифта, сипас ба шаҳри тахрибшудаи Волчанскии вилояти Харкови Украина бурдаанд.

Ин саҳифа аз нақли Ёсинҷон навиштааст, ӯ дар як амалиёт захмӣ шуда, 12 рӯзро дар шифохонаи ҳарбӣ гузаронд, вале табобаташ пурра ба поён нарасида, дубора ба майдони ҷанг бурда шуд ва дар ниҳоят ба асорат афтод. Ба қавли ӯ, аз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон бештар чун "сипари гӯштӣ" истифода мекунанд ва онҳоро бидуни таҷриба ба хати пеши ҷанг мефиристанд.

Аз ин пеш ҳам чанд шаҳрванди асирафтодаи Тоҷикистон аз мақомот ва пайвандони худ кумак хоста буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи онҳо ҳарфе намегӯянд. Теъдодашон феълан дақиқ нест. Ҷониби Украина дар моҳи феврали имсол гуфта буд, ки 54 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Русия меҷангиданд, дар асорати онҳост.

Богдан Охрименко, сардори котиботи ситоди ҳамоҳангсозии Украина дар мавриди асирони ҷангӣ, он замон шумораи тоҷикҳоро 18 нафар шумурда буд, ки "11 нафарашон шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва дигарон шаҳрванди Русия ҳастанд."

Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст. Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои стратегии Русия аст.

Дар тақрибан чаҳор соли ҷанги Русия дар Украина ду тараф борҳо асирони ҷангро иваз карданд, вале расман гуфта нашудааст, ки оё дар миёни онҳо тоҷикон низ буданд ё не.

XS
SM
MD
LG