Пайвандони ду гумонзад дар қатли Амрулло Боймирзоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, иддао доранд, ки мақомот онҳоро азобу шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигиранд.
Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов аз моҳи октябри соли 2024 дар боздошт ҳастанд. Ҳарду пас аз оғози муҳокима дар моҳи декабр ба наздикон хабар додаанд, ки зери фишор ва шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтанд. Додгоҳ муҳокимаро то таҳқиқи иддао дар бораи шиканҷа ба таъхир гузоштааст.
Куштори Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом рух дод. Ӯ, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов дар корхонаи пахта дар ин шаҳр кор мекарданд.
Шикояти волидон
Файзулло ва Малоҳат Холовҳо, волидони Беҳзодҷон Холзода, се моҳ боз барои исботи бегуноҳии писарашон талош доранд.
“Латукӯб карда, гуфтаанд, ё кушторро ба гардан мегирӣ, ё мекушем. Ӯ гуфтааст, Амрулло бародарам мешавад, ба ман некӣ кардааст, мо дар як ҷо калон шудаем. Бисёр мезананд. Аз зӯрии дард маҷбур шудааст, ки ба дӯш гирад. Маҷбур кардаанд, ки ба коғазҳо имзо гузорад,” – иддао кард Малоҳат Холова, модари Беҳзодҷон Холзода.
Падараш, Файзулло Холов, мегӯяд, “Беҳзодҷон аз тарс қасди худкушӣ карда, дастонашро буридаву худашро ба дор овехтааст. Ба беморхона бурдаанд. Баъди ҳама кор, хӯрокҳои хуб дода нигоҳубин карданд, то овоза нашавад.”
Полвон Гулов, падарандари Муслиҳиддин Фахруддинов, гумонзади дигар ҳам мегӯяд, писараш ин корро накардааст: "Дар Суд (Додгоҳ) ҳам иқрор нашудааст. Суд (Додгоҳ) ба таври махфӣ баргузор шуд. Моро роҳ надоданд. Аз тарафи мо танҳо модараш иштирок намуд. Ба ӯ гуфтааст, моро шиканҷа карданд, ки ба калла гирем. Мо дар боздоштгоҳ ҳам ӯро надидем.”
Беҳзодҷон Холзода, Муслиҳиддин Фахруддинов ва Амрулло Боймирзоев дар як маҳаллаи ноҳияи Мастчоҳ бузург шуда, аз хурдсолӣ ҳамдигарро медонистаанд.
Пайвандони Амрулло Боймирзоев дар бораи муносибат бо хонаводаҳои гумонбарон чизе намегӯянд. Наздикони боздоштшудагон мегӯянд, сабаберо барои куштор намебинанд.
Фарзияи мақомот
Баръакси ин, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише гуфт, Беҳзодҷон ва Муслиҳиддин “бинобар хусумати шахсӣ ба Амрулло Боймирзоев ва барои пул ин корро кардаанд”. Видеои иқрорро ҳам нашр карданд, ки маълум нест, таҳти чӣ шароит сабт шудааст.
Муслиҳиддин Фахруддинов дар ин видео мегӯяд, “бисёр зӯрӣ мекард. Аз ин рӯ, дар дили ман як кина нисбати Амрулло пайдо шуд. Шаби 22-23 октябр бо ҳамроҳии Беҳзод пешакӣ маслиҳат кардем, ки Амруллоро мезанем. Дар дасти Амрулло ҳамавақт пул буд. Ба нияте, ки ҳамон пулҳоро гирему баъди задан аз ҷумҳурӣ фирор кунем."
Муҳокимаи гумонбарон аввали моҳи декабри соли 2024 дар Хуҷанд шуруъ шуд. Онҳоро ба куштор, роҳзанӣ ва озори ҷинсӣ муттаҳам мекунанд. Рӯзноманигорону ҳомиёни ҳуқуқро ба муҳокима роҳ надоданд. Додгоҳ то замони таҳқиқи иддао дар бораи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят, муҳокимаро боздоштааст. М
Пайвандони боздоштшудагон ҳадс мезананд, ки гунаҳкорон дигар афрод ҳастанд. “Аз моҳи март то декабри 2024 дар Конибодом куштори бисёр шуд. Ҳамааш як хел. Буғӣ мекунад ва дар пушти сар бо чӯб ё оҳан мезананд. Куштори Амрулло ба ҳамонҳо монанд, ягон фарқи надорад. Дар пушти сараш зада, боз буғӣ кардаанд,” – гуфт Файзулло Холов, падари Беҳзод Холзода.
Видеоро дар инҷо бинед:
Баъд аз кушторҳои пайдарпай дар соли гузашта Конибодом сари забони мардум шуд. Танҳо дар моҳи декабри 2024 дар инҷо даҳ кас, аз ҷумла чор ноболиғ аз се оила кушта шуданд. Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам теъдоди умумии кушташудаҳо зиёда аз бист кас ҳисоб шудааст.
Додситонии кул рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки чор нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Баъди ин эълон дигар ҳеч чизе дар бораи ҳодисаҳову гумонбарон нагуфтаанд.